"Гумроҳам", "аз Пешвои миллат миннатдорам". Намунаи ариза ба паноҳҷӯёни тоҷик дар Аврупо

Рамазон Ҳусейниён

Мақомоти Тоҷикистон ба як паноҳҷӯйи тоҷик дар Аврупо намунаи аризаеро барои имзо ва тасдиқ фиристодаанд, ки дар он "пушаймонӣ", "гумроҳ шудан" ва "бозгашти ихтиёрӣ ба ватан" дарҷ шудааст.

Рамазон Ҳусейниёни 30-сола аз Исфара се сол боз дар Аврупо қарор дорад ва бо иттиҳоми "ифротгароӣ" ва "барангехтани кинаю адовати миллӣ" аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон ҷустуҷӯ мешавад. Ҳусейниён гуфт, ба ӯ фаҳмондаанд, ки дар сурати имзои ариза ва хондани он дар видео роҳаш ба ватан кушода мешавад ва мавриди афв қарор мегирад.

"МАН ГУМРОҲАМ"

Дар намунаи ариза, ки аз номи Рамазон Ҳусейниён ба додситон ва сардори пулиси Исфара навишта шудааст, гуфта мешавад, ӯ аз соли 2017 дар интернет наворҳоеро бо мазмуни "экстремистӣ-террористӣ" паҳн кардааст. Аз номи ӯ навишта шудааст, ки худро "пурра гунаҳкор медонад", "дигар ба чунин ҳолат даст намезанад" ва талоши баргардонидани дигар шахсони "гумроҳ" ба ватанро мекунад.

Инчунин, дар намунаи ариза ваъда дода мешавад, "сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро аз сидқи дил дастгирӣ" мекунад ва "меҳрубониву дастгириҳои" ӯро пас аз бозгашт ба Тоҷикистон "самаранок" истифода менамояд.

Рамазон Ҳусейниён соли 2016 Тоҷикистонро тарк кардааст ва иддао дорад, ки барои доштани риш дар кишвар мавриди шубҳа қарор гирифт ва борҳо бозпурсӣ шуд. Ӯ мегӯяд, пас аз он таҳти ҷустуҷӯ қарор гирифт, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ сиёсати ҳукумат ва кори мансабдоронро танқид мекард.

Мақомот ӯро бар асоси моддаи 307, иловаи 3-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – "ба роҳ мондани фаъолияти ташкилоти ифротӣ" ва моддаи 189, "барангехтани кинаву адовати миллӣ” муттаҳам медонанд. Ин ҷавон гуфт, узви ҳеч гурӯҳ нест ва мустақилона амал мекунад.

Рамазон гуфт, замоне ки барои интиқод аз кори мақомот таъқиб мешавад, ба ваъдаи афв ва озод шудан аз ҷавобгарӣ ҳангоми бозгашт ба ватан бовар надорад. "Агар ҳукумат демократӣ мешуд, барои сухан маро таъқиб намекарданд, аз ин рӯ бовар надорам, ки афв мекунанд. Ман инҳоро гуноҳ ҳам намедонам, ки афв пурсам. Аз ин рӯ, на ба он коғаз имзо кардам ва на дар видео аз президент бахшиш пурсидам", -- гуфт ӯ.

"АГАР БАРНАГАРДАД..."

Мақомоти шаҳри Исфара даъват ва фиристодани намунаи ариза ба Рамазон Ҳусейниёнро тасдиқ карданд. Нозирҷон Юлдошев, сардори Бахши кофтукоби ҷиноии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Исфара-2 ба Радиои Озодӣ гуфт, падари Рамазон Ҳусейниён аз онҳо хоҳиш кард, то роҳи бозгашти писарашро ба ватан пайдо кунанд.

Моҳи октябри имсол дар шабакаҳои иҷтимоии наздик ба мақомоти Тоҷикистон навори видеоии падари ӯ нашр шуд, ки дар он амалҳои писарашро маҳкум карда, аз ӯ хостааст, ба ватан баргардад. Рамазон Ҳусейниён бовар дорад, навор зери фишори мақомот сабт шудааст.

Нозирҷон Юлдошев бо радди ин иддао гуфт, Рамазон Ҳусейниён аз ҷавобгарӣ дар ватан фирор кардааст ва бо фаъоли сиёсӣ нишон додани худ ҳаққи паноҳандаи сиёсӣ гирифтанист. Ин мақоми пулис, ки борҳо телефонӣ бо Рамазон сӯҳбат кардааст, гуфт, ҳадафашон аз даъвати ӯ ин буд, ки “дар Тоҷикистон қонуни башардӯстонае амал мекунад ва ҷавонони гумроҳ дар сурати пушаймонӣ зиндон намешаванд”.

“Ин маҷбурӣ нест. Бовар кунад, метавонад биояд. Агар он ҷо истад, аз ҷониби дигар гурӯҳҳо истифода шудан мегирад ва аз он ҷо пеши падару модараш неву ба давлатҳои дигари ҷангзада рафтанаш мумкин аст. Ӯ шаҳрванди мост ва мо кӯшиш мекунем, ки дар пояш хор назанад. Худаш ба ман муроҷиат кардааст ва фақат мо гуфтем, ба ҳамин мазмун ариза навис, биё мо ёрӣ мекунем”, -- гуфт ӯ.

Ин мақоми пулис афзуд, танҳо як иттиҳом нисбат ба ӯ, дар сурати сидқан пушаймон шудан, бекор мешавад, вале аз рӯйи иттиҳоми дигар, “барангехтани кинаву адовати миллӣ”, танҳо додгоҳ тасмим хоҳад гирифт, чун эзоҳи ин банд афвро пешбинӣ намекунад. Нозирҷон Юлдошев гуфт, бино бар сирри тафтишотӣ, далелҳо аз парвандаи ҷиноиро шарҳ дода наметавонад.

АЗ ҶАНГҶӮЁНИ ДОИШ ТО МУХОЛИФОН ДАР АВРУПО

Дар Тоҷикистон соли 2014, пас аз он ки даҳҳо ҷавони тоҷик ба сафи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ пайвастанд, ба чанд моддаи Кодекси ҷиноӣ эзоҳ ворид карданд, ки дар сурати аз фаъолияти ифротӣ ва террористӣ даст кашидан афроди таҳти пайгард афв мешаванд. Телевизионҳои давлатӣ он замон бозгашти чанд ҷавони ба истилоҳи мақомот пушаймоншударо намоиш доданд ва эълон карданд, ки онҳо афв шудаанд.

Он замон, зоҳиран ин тағйирот бештар афродеро дар назар дошт, ки ба сафи гуруҳҳои тундрав дар Сурия ё Ироқ пайвастаанд, ё бо ин гуруҳҳо дар ҳудуди дигар кишварҳо ҳамкорӣ кардаанд.

Соли 2015, пас аз мамнуъ шудани Ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон ва қатли Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони мамнӯи “Гуруҳи 24” дар Туркия садҳо фаъоли мухолифин ба Аврупо паноҳанда шуданд. Онҳо, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ суҳбат мекунанд, дар Тоҷикистон бо иттиҳоми ифротгароӣ ва террористӣ ҷустуҷӯ мешаванд. Пас аз соли 2016 мақомоти Тоҷикистон мухолифинро ташвиқ карданд, ки ба Тоҷикистон баргарданд ва бар асоси ин тағйирот афв мешаванд.

"ВАҚТЕ ҲУКУМАТ ЭҲСОСИ ХАТАР КАРД..."

Абдусаттор Бобоев, раҳбари Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ, созмони наздик ба мухолифин дар Аврупо мегӯяд, замоне ҳукумат ваъдаи афв ба фаъолони сиёсиро дод, ки дар симои онҳо хатар ба бақои низоми худкома эҳсос кард. Ӯ гуфт, ҳатто аз ӯ низ чунин даъват карданд, ки баргардад ва афв мешавад.

Абдусаттор Бобоев

“Аз ҳар роҳ ба мо расониданд, ки баргардед ва афв мешавед. Ба ин ваъдаҳо ҳеч гоҳ бовар накардем, чун агар ҳукумат самимӣ мешуд, имрӯз дар Тоҷикистон фаъолият мекардем. Онҳое, ки баргаштанд, як муддат озод буданд, вале баъдан мавриди фишор қарор гирифтанд. Чанд рӯз пеш, собиқ узви ҲНИТ, аз ҷумла Ҷалолиддини Маҳмудро, ки ҳеч фаъолияти сиёсӣ надошт, зиндонӣ карданд. Вақте онҳое, ки хориҷ нашудаанд, зиндон мекунанд, дигар ба ин ваъдаҳо бовар кардан ғайриимкон аст”, -- афзуд ӯ.

Ба гуфтаи Абдусаттор Бобоев, ҳар шахсе, ки чеҳрааш дар акс ё видео бо мухолифон дида шуд, ё дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста аз ҳукумат танқид кардааст, мустақим ё ба василае ба бозгашт ба ватан бо ваъдаи афв ташвиқ шудааст.

Дар пайи ин даъватҳо чанд узви мухолифин ба Тоҷикистон баргаштанд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ зидди ҳамтоёни собиқи худ сӯҳбат мекунанд. Онҳо иддао мекунанд, ки озоданд ва зери фишор қарор надоранд. Бархеи дигар, мисли Садриддин Муллоев, як сокини Кӯлоб ба ваъдаи афв баргаштанд, вале баъдан зиндонӣ шуданд. Мақомот қаблан гуфта буданд, ҳар касе аз рӯи он иттиҳоме, ки ваъдаи афв гирифта буд, аз ҷавобгарӣ озод шуд. Ба гуфтаи онҳо, танҳо шумори каме, ки баъдан дар кирдорашон ҷиноятҳои дигар ошкор шуд, ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Сӯҳроб Зафар, раҳбари созмони дар Тоҷикистон мамнӯи "Гуруҳи 24" мегӯяд, ҳоло даъват аз мухолифин бо ваъдаи афв камтар шудааст ва фишор болои хонаводаҳо афзоиш ёфтааст.

"Онҳо тақрибан ба ҳама мухолифон ин ваъдаро доданд. Касе, ки мехост, баргашт, вале онҳое, ки ин даъватҳоро напазируфтанд ва роҳи худро идома доданд, дигар ба онҳо чунин муроҷиат намекунанд, балки бештар аз фишори сахт болои хонавода маҷбур мекунанд, ки аз фаъолиятҳои сиёсӣ даст кашанд", -- гуфт ӯ.

Ин фаъоли сиёсӣ мегӯяд, баъзе аз мухолифони собиқ, ки ба ватан баргаштанд, ҳарчанд зиндонӣ нашуданд, аммо ҳамеша зери назоратанд ва бо хостаи худ коре карда наметавонанд.

"ҲЕЧ ВАҚТ БОЗПУРСӢ НАШУДАМ"

Шахсоне, ки қаблан дар кишварҳои аврупоӣ паноҳҷӯ буданд ва ба ватан баргаштаанд, ба ин ҳарф розӣ нестанд. Хосият Ёрова, хоҳари Бузургмеҳр Ёров, адвокати зиндонии тоҷик як сол пеш аз Олмон ба Тоҷикистон баргашт. Ӯ мегӯяд, пештар ба ӯ гуфта буданд, ки барои иштирок дар маҳфили мухолифон нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

“Аз ғарибӣ хаста шуда будам. Ба як рақами боварии ВКД навиштам ва хостам, пурсам, ки баргардам, боздошт намешавам? Касе аз он тараф ҷавоб надод. Таваккалӣ баргаштам. Пеш аз бозгашт тариқи матбуот эълон кардам, ки ихтиёрӣ бармегардам. Шояд ҳамон суҳбатҳоям дар матбуот буд ё чизи дигар, ки то ҳол касе маро напурсидааст. То расидан ба ватан фикр мекардам, ҳатман бозпурсӣ мекунанд ва баъдан ҷавоб медиҳанд. Шояд назарамро аз матбуот фаҳмиданд. Ё фикри шаш кӯдаки хурдсоламро карданд, ки касе кор нагирифт”, -- гуфт ӯ.

Даъват аз мухолифини тоҷик аз Аврупо ба ватан дар чаҳор соли ахир ба ҳар шакле аз ҷониби мақомот садо медиҳад. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон низ соли гузашта ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур дод, ки афроди, ба гуфтаи ӯ, "гумроҳшуда"-ро аз хориҷ ба ватан баргардонанд.

Ҳукумати Тоҷикистонро солҳои охир барои маҳдуд кардани озодии сухан, озодиҳои мазҳабӣ ва таъқибу фишор ба дигарандешону фаъолони сиёсӣ танқид мекунанд.

Дар кишварҳои аврупоӣ бар асоси оморҳои гуногун наздик ба панҷ ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дархости паноҳандагӣ додаанд. Аксари онҳо ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башар, фишори ҳукумат ба хотири ақида ва мавқеи сиёсиашонро далел овардаанд. Ҳукумати Тоҷикистон низ беш аз се ҳазор нафарро бо иттиҳоми терроризму экстремизм таҳти ҷустуҷӯ қарор додааст, ки дар миёнашон даҳҳо фаъоли сиёсӣ дар Аврупо низ ҳастанд.