Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар паёме ба Ҷо Байден хоҳони рушди ҳамкориҳои Душанбеву Вашингтон шудааст. Паёми Раҳмон рӯзи 15-уми декабр ва пас аз эълони расмии пирӯзии Байден дар интихоботи президентии Амрико садо дод.
"Тоҷикистон таҳкиму тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи шарикӣ бо Иёлоти Муттаҳидаро аз самтҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии худ медонад ва сатҳи имрӯзаву муҳтавои амалии онҳоро баланд арзёбӣ менамояд", -- гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.
Тоҷикистону Амрико аз моҳи феврали соли 1992 муносибати расмии дипломатӣ доранд.
То кунун вазирони корҳои хориҷии Амрико – Ҷеймс Бейкер, Кондолиза Райс, Ҳиллари Клинтон ва Ҷон Керри ба Душанбе омадаанд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон як дафъа, соли 2002 ва дар замони ҳукумати Ҷорҷ Буш, бо сафари расмӣ ба Вашингтон рафтааст.
Тоҷикистону Амрико додугирифти зиёд надоранд, аммо Вашингтон пайваста ба бахши тиббу марзбонӣ кумакҳои аксаран биловаз мерасонад. Аз ҷумла, сафорати Амрико дар Душанбе рӯзи 15-уми декабр эълон кард, ки барои азнавсозии посгоҳи сарҳадии Чалдовар дар вилояти Хатлон қариб як миллион доллар медиҳанд.
Дар айни замон Амрико аз маҳдудиятҳои озодии баёну виҷдон ва саркӯби дигарандешон дар Тоҷикистон ҳамвора интиқод мекунад ва онро ба қатори "кишварҳои мавриди нигаронии хос" ворид кардааст. Чизе, ки ҷониби Тоҷикистон бо он розӣ нест ва беасос медонад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: ИМА:"Дин ҳуқуқи инсон аст". Мақомот: "Мо посухҳои муайян дорем!" ВИДЕОҲайати интихоботии Иёлоти Муттаҳида рӯзи 14-уми декабр эълон кард, ки Ҷо Байден, номзади Ҳизби демократ ва муовини пешини президенти Амрико бо 306 раъй баранда шудааст. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури кунунӣ ва номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ 232 раъй гирифтааст. Вай бе ироаи санаде иддао карда буд, ки дар интихобот тақаллуб шудааст, аммо чанд додгоҳ даъвои ӯву тарафдоронашро дар ин замина напазируфт.