Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА:"Дин ҳуқуқи инсон аст". Мақомот: "Мо посухҳои муайян дорем!" ВИДЕО


Масҷиди марказии Душанбе
Масҷиди марказии Душанбе

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Тоҷикистонро аз назари озодиҳои динӣ ба феҳристи даҳ кишвари “мавриди нигаронии хос” ворид кард.

Майк Помпео, котиби давлатии ИМА шоми 7-уми декабр дар изҳороте аз Вашингтон гуфт, ки Тоҷикистон дар баробари Бурма, Чин, Эритрея, Нигерия, Кореяи Шимолӣ, Покистон, Арабистони Саудӣ ва Туркманистон ба гуруҳи хос ворид мешавад, чун, ба гуфтаи ӯ, дар ин кишварҳо “озодиҳои динӣ ба таври мунтазам ва чашмгир поймол мешаванд”.

"БАРОИ ЭЪТИҚОД НАБОЯД ИНСОНҲОРО ТАЪҚИБ КАРД"

Помпео гуфт, ки озодиҳои динӣ ҳуқуқи ҷудоинопазири инсонҳо ва пойдевори ҷомеаи бозу дар ҳоли рушд аст. Ӯ мегӯяд, ИМА аз ҷониби нафароне бунёд шудааст, ки аз таъқиби сиёсӣ фирор кардаанд ва аз ҳуқуқи онҳое ҳимоят мекунад, ки мехоҳанд, соҳиби озодиҳои динӣ бошанд. Помпео дар шарҳи мухтасари ин изҳорот дар Твиттер навишт, ки “ҳеҷ кишваре ҳақ надорад, ки инсонҳоро барои эътиқод ва боварҳояш таъқиб кунад ва барои ин беҷазо монад”. Помпео афзуд, ки “чунин гуруҳбандӣ шудани кишварҳо ба он маъност, ки агар озодииҳои динӣ мавриди ҳамла қарор гирад, мо даст ба амал мезанем”.

Видеоро ин ҷо тамошо кунед.

ИМА аз поймолшавии озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон "нигаронии хос" дорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:20 0:00

Соли ҷорӣ дар гурӯҳи кишварҳои “мояи нигаронии хос”, ки як зина болотар аст, Куба, Никарагуа ва Русия шомил шудаанд. Айни замон, кишварҳое мисли Узбекистон ва Судон, ки пештар дар ин рӯйхат буданд аз он берун карда шудаанд, зеро дар як соли гузашта дар н самт “ба пешрафти назаррас ва мушаххас” даст ёфтанд. Помпео гуфт, ки дар Узбекистон ва Судон ислоҳоти бисёр ҷасуронаи қонун сурат гирифт ва ин кишварҳо метавонанд ҳамчун намунаи давлатҳои дигар хидмат кунанд. Дар миёни созмонҳо Ал-Қоидаву гуруҳи “Давлати исломӣ” ва гуруҳи Толибон ҳамчун “ташкилоти мавриди нигаронии хос” ёд шудаанд.

АЗ РИШТАРОШӢ ТО НАЗОРАТИ ЛИБОСИ ЗАНОН

Дар гузориши имсолаи озодиҳои динии Департаменти давлатии ИМА таъкид мешавад, ки маҳдудиятҳои озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон - аз назорати риши мардон ва ҳам либоспӯшии занону ноболиғон шурӯъ мешавад. Масалан, маъмурони давлатӣ пӯшидани ҳиҷоб ва дигар унсурҳоеро, ки хоси либоси миллӣ нест, тавассути роҳандозии рейдҳои махсус маҳдуд мекунанд. Чанд сол аст, ки дар Тоҷикистон истилоҳи “либоси ба фарҳанги миллӣ бегона” ҷой шудааст. Вале мақомоти дини Тоҷикистон ҳамеша ба эҳтироми озодиҳои динӣ таъкид мекунанд, ки ба қавлашон, дар Конститутсия замонат дода шудаанд. Интиқодҳои дигар аз Тоҷикистон дар гузориши Департаменти давлатӣ ба поймолшавии ҳуқуқи ақаллиятҳои динии мисли “Шоҳидони Яҳво”, баста будани дари масҷидҳо ба рӯи ноболиғон ва дигар мушкилот ишора мекунанд.

ДАВЛАТЗОДА: БА МО МУРОҶИАТ КУНАНД

Мақомоти Тоҷикистон ба ин андеша ҳастанд, ки ингуна арзёбиҳо ва интиқодҳои созмонҳои байналмилалӣ бисёр вақт беғараз ё одилона нестанд. Рӯзи 8-уми декабр Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Душанбе дар сӯҳбати мухтасар бо Радиои Озодӣ гуфт: “Маълумоташонро аз расонаҳо дастрас мекунанд, дар сурате, ки мавқеи расмии ниҳодҳои ваколатдор ҳам посухҳои мушаххас ва муайяни худро дорад. Мо борҳо такрор кардаем, ки марҳамат, чӣ нофаҳмие доранд, чӣ масъалае доранд, метавонанд муроҷиат кунанд. Мо ҳам мавқеи худро ибрози назар намоем”.

Вале ҳомиёни ҳуқуқ аз интиқодҳои Департаменти давлатии ИМА пуштибонӣ мекунанд. Стив Свердлов, як фаъоли ҳуқуқи башар, ки масоили диниро мавриди таҳқиқ қарор медиҳад, мегӯяд, вазъи озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон хусусияти бӯҳронӣ касб кардааст: “Бешубҳа, ба таҳлили Департаменти давлатӣ ин воқеият шомил мешавад, ки то ҳол (дар Тоҷикистон) Ҳизби наҳзати исломӣ “ифротӣ” эътироф мешавад ва фаъолияти худро (дар Тоҷикистон ба таври қонунӣ) ба роҳ монда наметавонад, дар зиндонҳои Тоҷикистон ҳадди ақал аз 150 то 300 зиндонии сиёсӣ ва зиндониҳои эътиқодӣ ҳисоб шудааст ва мақомоти Тоҷикистон аз Интерпол дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла, Русия, ҳатто Юнону Туркия бо ҳадафҳои сиёсиву динӣ сӯиистифода мекунанд ва мо соли гузашта дидем, ки журналист Далер Шарипов бар асоси иттиҳомоти ифротгароӣ ҳабс шуд”.

ТАҲЛИЛГАР: БАСТАНИ МАСҶИДҲО "ҚОБИЛИ ДАРК АСТ"

Таҳлилгари тоҷики масоили динӣ Фаридун Ҳодизода мегӯяд, соли 2020 бо сабаби пандемияи коронавирус вазъият хеле тағйир ёфт ва иттилои комил дар бораи он чи ки дар манотиқи кишвар мегузарад, дастрас намешавад. Ӯ гуфт, ҳоло дар Тоҷикистон дари масҷидҳо ба рӯи намозгузорон баста аст ва “ин тасмим қобили дарк аст”, вале набуди иттилоъ аз манотиқ “мушкили аслӣ” мебошад.

“Масалан, дар шароити COVID-19 маросими дафни мардум ба шаклҳои дигар мегузарад, вале мо намедонем, ки вокуниши мардум ба ин чӣ аст. Набуди иттилоъ дар ин самт хеле бад аст”,‑‑гуфт ӯ.

Нуктаи муҳими дигари изҳороти имсолаи Майк Помпео, аз назари ҳомиёни ҳуқуқ, ин аст, ки Узбекистон – наздиктарин ҳамсояи Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ - аз феҳристи гурӯҳи “кишварҳои мавриди нигаронии хос” берун карда шуд. Стив Свердлов ин тасмимро қобили тавҷеҳ меномад ва мегӯяд, ки далели ин қарор дар чандин иқдомест, ки солҳои охир баъди сари кор омадани президент Шавкат Мирзиёев дар соли 2016 анҷом шуд.

Ӯ гуфт: “Тасмими Департаменти давлатии ИМА ба пешрафти Узбекистон дар чанд бахш, аз ҷумла дар чанд соли охир озод шудани зиндониҳои сиёсӣ, аз ба истилоҳ “феҳристи сиёҳ” берун шудани исми ҳудудан 20 ҳазор нафар, сабтиноми бархе ҷамъиятҳои динии масеҳии шохаи протестантидошта, аз ҷумла ба қайд гирифта шудани як калисои нав дар Тошканд рабт мегирад. Ин ҳама масъалаҳо тағйироти мусбат ҳастанд, вале бо ин ҳама мушкилот ҳал намешаванд”.

"ТОҶИКИСТОН БОЯД ДАРК КУНАД"

Свердлов мегӯяд, ки то ҳол шумори зиёди афроди сиёсӣ дар пушти панҷара ҳастанд ва созмонҳои байналмилалӣ аз нав шудани қонуни сабтиноми созмонҳои динӣ изҳори нигаронӣ мекунанд. Онҳо умед доранд, ки ин қонун мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ сурат мегирад, гуфт Свердлов.

Ӯ гуфт: “Аз рӯи конститутсияи Узбекистон, ҳар шаҳрванд худ интихоб мекунад, ки пайрави кадом ҳизби сиёсӣ бошад, вале созмонҳо мегӯянд, айни чунин ҳуқуқ, ки ба шаҳрванд ҳақи интихоби эътиқодҳои динии худро таъмин мекунад, бояд дар нисбати озодиҳои динӣ ҳам риоя шавад”.

ИМА, ки бар асоси қонуни байналмилалии озодиҳои динӣ аз соли 1998 ба ин сӯ ба омӯзишу нашри гузоришҳо оид ба ҳуқуқи динӣ машғул аст, таъкид мекунад, ки озодиҳои динӣ як ҳақи умумӣ ё аслии инсон аст. Кишварҳое, ки ба гурӯҳи мавриди нигаронии хос шомил мешаванд, барои поймолкунии систематикӣ ё доимии озодиҳои динӣ, барои шиканҷа, муносибати бад, боздошти давомдори инсон, аз озодиҳо маҳрум кардани инсон бар пояи масоили динӣ ба ин гурӯҳ ворид карда мешаванд.

Ҳадафи аслии чунин арзёбиҳо аз ҳукуматҳо тақозо кардани риоя шудани озодиҳои динии инсонҳо аст ва агар кишварҳои шарики Амрико ин машваратро риоя накарданд, Вашингтон дар машварат бо Конгресс метавонад ба кишвар таҳримҳои иқтисодӣ ҷорӣ кунад.

Бархе таҳлилгарони тоҷик ва ҳам ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ки мақомот дар Тоҷикистон бояд дарк бикунанд, ки як шарти муҳими барпо шудани муносибат ва ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи сиёсӣ бо Ғарб, аз ҷумла Вашингтон риоя кардани озодиҳои сиёсиву динӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG