Вазорати сохтмон хостааст, вуруди муҳоҷиронро ба Русия содда кунанд

Дар сохтмонҳо дар Русия маъмулан муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла, шаҳрвандони Тоҷикистон кор мекунанд

Вазорати сохтмон ва хадамоти коммуналии Русия хоҳони содда ё сабук кардани вуруди муҳоҷирон ба Русия шуд. Хабаргузории ТАСС рӯзи 14-уми декабр навишт, ин пешниҳодро, ки қаблан бо Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати меҳнат ва "Роспотребнадзор" мувофиқа шудааст, барои баррасӣ ба ҳукумати Русия фиристодаанд.

Айни замон дар хадамоти матбуоти Вазорати сохтмон гуфтаанд, вуруди коргарон ба қаламрави Русия танҳо ба корхонаҳое иҷозат дода хоҳад шуд, ки риояи меъёрҳои беҳдоштиро кафолат бидиҳанд. Пешниҳод шудааст, шаҳрвандони хориҷӣ қабл аз вуруд ба Русия натиҷаи манфии ташхиси коронавирусро бо худ дошта бошанд.

Бино ба пешниҳоди Вазорати сохтмони Русия, корфармоён бояд коргаронро дар идораи муҳоҷират сабт карда, бо онҳо қарордод банданд ва дар хобгоҳҳои махсус ҷойгир кунанд. Муҳоҷиронро зарур аст, барои кор дар Маскав патент бигиранд.

Вазорати сохтмони Русия гуфтааст, то 1-уми декабри имсол дар 50 минтақаи Русия нерӯи корӣ дар сохтмонҳо намерасанд ва онро ба манъи вуруди муҳоҷирони корӣ рабт дод. Хабаргузории ТАСС навишт, пеш аз ҳама коргарон аз Узбекистону Украина ва Тоҷикистон намерасанд.

Марат Ҳуснуллин, муовини нахуствазири Русия, мегӯяд, дар аҳди коронавирус маоши коргарони соҳаи сохтмон тақрибан ду баробар зиёд шуд, аммо бо ин ҳол камбуди нерӯи корӣ дар сохтмонҳо ҳалли худро наёфт. Вазорати сохтмони Русия мегӯяд, бо вуҷуди бекорӣ шаҳрвандони Русия розӣ намешаванд, ки дар сохтмонҳо кор кунанд. Чизе, ки қаблан муҳоҷирон аныом медоданд.

Марзи Русия аз баҳори имсол ба рӯйи муҳоҷирони тоҷик бастааст. Ҳазорҳо муҳоҷири тоҷик имсол барои кор дар Русия рафта натавонистанд ва мунтазири боз шудани роҳ ва парвози доимии ҳавопаймоҳо ҳастанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Гапи озод: Ҷавонон, муҳоҷират ва ифротгароӣ чӣ пайванд доранд? ВИДЕОБОР аз Тоҷикистон хост, ба сарнавишти муҳоҷирони корӣ бетараф набошадТумани ғафс ҳавопаймоҳои "Сомон Эйр"-ро аз Душанбе ба Хуҷанд фиристод.ВИДЕОМодари муҳоҷир аз Русия ба воситаи Қирғизистон ба ватан расид. ВИДЕО146 парвози чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон. Нархи билет бетағйир аст"Нархи билет гарон аст." Муҳоҷирон роҳҳои нави бозгашт аз Русия ба Тоҷикистонро "ёфтаанд" ВИДЕО