Вакилони порлумони Тоҷикистон ду тарҳи қонунеро баррасӣ мекунанд, ки бар асоси он ақди никоҳи мусалмонии навхонадорон бояд дар Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (ЗАГС) анҷом шавад.
Дар тарҳи нави “Қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ” ва “Қонуни сабти давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” даъвати рӯҳониён барои хондани хутбаи никоҳи навхонадорон дар манзили зисти шаҳрвандон манъ дониста мешавад.
Видеоро ин ҷо бубинед.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Саидҷаъфар Усмонзода, узви Кумитаи иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин тағйир дар ҳоли баррасӣ аст ва ҳадафи аслӣ ҷилавгирӣ аз сарфу харҷҳои маросими никоҳ мебошад.
Ӯ гуфт, дар сурати қабули илова ба ду қонун дигар “зарурати махсус барои ба хонаи домоду арӯс даъват намудани домулло ва оростани дастурхону дигар харҷҳо барои хутбаи никоҳ намемонад”.
Дар Тоҷикистон маъмулан муллоро ба манзили зисти волидони духтар даъват мекунанд ва пеш аз никоҳи расмӣ дар Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ арӯсро бо домод никоҳи мусалмонӣ мекунанд.
Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумон мегӯяд, “барои адои ақди никоҳ, ҳам тарафи домод ва ҳам арӯс, шуруъ аз омода кардани ғизо ва густурдани дастурхон ва пӯшонидани ҷомаву рӯймолу куртаҳо ба шоҳидони маросим харҷ мекунанд. Ин дигаргунӣ харҷу сарфи беҳуда пешгирӣ мекунад.”
Дар сурати қабули тағйирот ба ду қонун мулло барои никоҳ ба хонаи ЗАГС даъват мешавад ва пас аз анҷоми никоҳи давлатӣ хутбаи никоҳи мусалмониро дар ҳамонҷо қироат мекунад. Масъулони Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (ЗАГС) ба муллои никоҳгар барои ҳаққи никоҳ дар ин Идора санади махсус медиҳанд.
Аксари аҳли руҳонии кишвар мегӯянд, зарурат барои манъи ақди никоҳ дар манзил арӯсу домод нест, зеро баъди ба иҷро даромадани “Қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” маъракаҳо таҳти назорат қарор доранд.
Як рӯҳонӣ аз минтақаи Рашт ба шарти пинҳон мондани номаш гуфт, ки онҳо барои никоҳ махсус пул талаб намекунанд, вале аз рӯйи одат наздикони домод ё арӯс барояшон аз 100 то 250 сомонӣ медиҳанд.
Рӯҳониён мегӯянд, ҳеҷ мушкиле дар хондани хутбаи никоҳ дар манзили зисти волидайни арӯс намебинанд.
Онҳо мегӯянд, агар ҳадаф пешгирӣ аз додани пул ба муллои никоҳгар бошад, ин корро дар хонаи волидайни арӯс низ анҷом додан имкон дорад, вале рӯҳониёнро ба як корманди Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ табдил додан иштибоҳ аст.
Маълум нест, ки то куҷо ин тағйироти пешниҳодшуда қабул хоҳад шуд.
Бар асоси муқаррарот қонуни нав ва ё тағйиру илова ба қонунҳо пас аз ҷонибдории порлумон, ризоияти президент ва Маҷлиси миллӣ ҳукми иҷро мегирад. Ҳоло ин қонун дар марҳилаи аввал қарор дорад ва вакилони порлумон мегӯянд, ҳанӯз фурсати шунидани назарҳои дигарро доранд.
Дар аксар ҳолат, қонунҳое, ки дар порлумон тасдиқ мешаванд, аз ҷониби президент ва Маҷлиси миллӣ низ тасдиқ мегарданд. Коршиносон мегӯянд, порлумон мустақил нест ва ҳар қонуне, ки қабул мешавад, аз қабл бо ҳукумат машварат шудааст, аз ин рӯ, ҳеҷ тарҳе барои баррасӣ пас гардонида намешавад.
Ҳукумати Тоҷикистон қонуни танзими расму оинро дар соли 2007 қабул кард. Ҳадаф аз он коҳиш додани хароҷоти тӯю азои мардум гуфта мешуд. Ин қонун шумори меҳмонони тӯю азоро аз 140 бо 200 нафар ва тӯли баргузории чунин маросимро 3 соат ва барои нақзи ин шароит то 800 доллар ҷарима муқаррар кардааст. Тибқи ин қонун, ҳар нафаре ки маросими тӯй ё азо оростан мехоҳад, бояд аз пеш аз мақомот расман иҷозат гирифта, таъомнома ва ҳатто миқдори гӯшту биринҷеро, ки мехоҳад истифода барад, бояд бо мақомот мувофиқа кунад.