Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фатвои идораи рӯҳонии Русия: мусалмон аз ғайримусалмонон зан нагирад


Идораи рӯҳонии мусалмонҳои Русия бо содир кардани фатвое никоҳи мусалмонро бо занони пайрави динҳои дигар номумкин номид.

"Никоҳ бо пайравони динҳои дигар, аз ҷумла занону духтарони аҳли китоб (яҳудиҳову масеҳиҳо) дар ҳудуди Русия ғайри қобили қабул аст ва танҳо дар ҳолатҳои алоҳида танҳо бо қарори муайяни муфтии маҳаллӣ иҷозат дода мешавад, ки бояд ҳамаи шароити ҳар ҳолати мушаххасро баррасӣ кунад", - омадааст дар фатвои ин ниҳоди мусалмонони Русия.

Бино ба ин фатво, занону духтарон ҳаққи дар никоҳи марди мусалмон даромаданро доранд, ба шарте, ки агар "Худои ягонаро эътироф кунанд, Исову Муҳаммадро фиристодаи Худо донанд ва омодаи пайравӣ аз фармудаҳои Қуръон бошанд".

Профессори Донишгоҳи давлатии забоншиносии Маскав ё МГЛУ, исломшиноси рус Роман Силантев дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ки аз чаҳор мазҳаби аҳли суннат танҳо мазҳаби ҳанафӣ иҷозаи издивоҷ бо аҳли китобро медиҳад.

"Маълум мешавад, ки ин фатвои Идораи рӯҳонии мусалмонони Русия хилофи мазҳабе аст, ки дар Русия пайравони зиёд дорад. Ҳамчунин ин талошест, ки ба чунин фатво хусусияти умумиисломӣ дода шавад ва ба ҳамин хотир ин фатво то ҳамон андоза ғайри қобили қабул аст, ки калисои православӣ аз номи ҳамаи масеҳиҳо изҳори назар кунад", -- гуфт Роман Силантев.

Идораи рӯҳонии мусалмонони Русия ҳамзамон фатвои дигаре низ содир кардааст, ки бар пояи он имомони масҷидҳо вазифадор шудаанд, ақди никоҳ ва таъйини маҳрияро танҳо дар ҳузури васӣ ё сарпарасти қонунии арӯс ва шоҳидони мусалмон баргузор кунанд. Ба васӣ ё парастори қонунии арӯс тавсия дода мешавад, ки бе сабаби ҷиддӣ ба ақди никоҳ зиддият накунад.

"Ба таъхир андохтани издивоҷ ҳам барои шахс ва ҳам барои тамоми ҷомеа хатари ҷиддӣ дорад. Сабаби ҷиддии раддияи васӣ бояд мавҷудияти нуқсонҳои ҷисмонӣ ё маънавӣ ва ахлоқии домоди оянда ҳисобида шавад, ки метавонад ба некӯаҳволии оила таъсири манфӣ расонад"-- омадааст дар фатвои Идораи рӯҳонии мусалмонони Русия.

Ин ниҳод, ки ғолибан дар пайравӣ аз ҳукумати Русия амал ва чораҳои онро пуштибонӣ мекунад, гуфтааст, чунин фатвоҳо бо ҳадафи ҳифзи арзишҳои анъанавӣ, ҷо кардани масъулияти хонаводагӣ дар зеҳни мусалмонҳо пазируфта шудаанд. Аз вокуниши мусалмонон ва марказҳои дигари динӣ ба ин фатвоҳо хабар дода нашудааст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG