Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои уламо 22 зани тоҷикро ба ҷойи шавҳаронашон "талоқ" дод


Шӯрои уламои Маркази исломӣ, ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон, дар се моҳи охир ба 22 зани тоҷик хатти талоқ додааст.

  • Ин занҳо солҳои тӯлонӣ бо шавҳарони худ зиндагии якҷоя надошта, қонунӣ ҷудо шудаанд, вале бо сабабҳои гуногун мард аз додани талоқи исломӣ ба ҳамсараш худдорӣ кардааст. "Бе талоқи шаръӣ роҳи зан барои зиндагии нав ва издивоҷи дубора бастааст", -- мегӯянд рӯҳониёни тоҷик.
Шавҳари собиқам гуфт, ки дар додгоҳ ҷавобатро медиҳам, вале надод. Фаромӯш карда будам. Фикр мекардам, ки дигар ҷудо шудем, аммо...

Талоқ намедиҳанд

Ҳарчанд Тоҷикистон давлати дунявист, таъсири ин дастури шаръӣ якҷо бо одатҳои мардумӣ қавӣ мондааст.

Мавлуда, исми шартии сокини шаҳри Бохтари вилояти Хатлон аст, ки барои дарёфти талоқ ба шӯъбаи фатвои Шӯрои уламо муроҷиат кардааст. Ӯ 34-сола аст ва ҳашт сол қабл тариқи баҳси додгоҳӣ аз шавҳараш ҷудо шуд. Сабаби ҷудо шуданашро ӯ дар баҳсҳои давомдор бо хушдоманаш медонад, ки боис гардид, бо ду кӯдаки ноболиғ тарки хонаи шавҳар кунад.

Шавҳараш ба додгоҳ барои бекор кардани ақди никоҳ муроҷиат кард ва пас аз шаш моҳ никоҳи расмиашон бекор шуд. Шавҳараш ба пардохти 300 сомонӣ алимент розӣ шуд, вале талоқи шаръии ӯро надод.

"Ман талоқ намедиҳам, чун намехоҳам, ки фарзандонам пеши марди дигар бузург шаванд. Ба кӯдакон пул медиҳам, худаш аз ҳисоби пули ман зиндагӣ мекунад. Кӯдаконро ба ман диҳад, аз алимент даст кашад, талоқаш медиҳам, лекин то вақте кӯдакон ҳамроҳаш ҳастанд, талоқ намедиҳам”, -- гуфт ин мард.

"Ба Шӯрои уламо муроҷиат кардам, чаро?"

Мавзӯи талоқ гирифтан аз шавҳарро Мавлуда аз ёд бурда буд, вале ногоҳ пайдо шудани марде дар зиндагӣ, ки ҷиддӣ хостори издивоҷ бо ӯ ҳаст, ин мавзӯъро дубора ба хотираш овард.

“Шавҳари собиқам гуфт, ки дар додгоҳ ҷавобатро медиҳам, вале надод. Фаромӯш карда будам. Фикр мекардам, ки дигар ҷудо шудем. Ду моҳ пеш бо як мард шинос шудам. Пурсид, ки талоқ гирифтаӣ ё не. Ба ёдам омад, ки ӯ маро талоқ надодааст. Бе талоқ розӣ нашуд никоҳ кунем. Шавҳари собиқам ҳанӯз намехоҳад, маро талоқ диҳад. Аз ин рӯ, ба Шӯрои уламо муроҷиат кардам", -- нақл кард ин зан.

Шавҳари Мавлуда баъди се моҳи ҷудо шудан дубора бо зане издивоҷ кард ва ҳоло соҳиби се фарзанд аст. Ин мард, ки нахост аз ӯ ном барем, гуфт, бо айби Мавлуда зиндагиашон хароб шуд ва ӯ қасам хурда буд, ки ӯро талоқ нахоҳад дод.

Чанд бор ӯ аз Мавлуда хостааст, ки ҳамсари дуюмаш шавад, чун бе ин ҳам кӯдаконашро нигоҳубин мекунад, вале ҳамсари собиқаш ба ин ризо нашудааст.

Зоҳиран шавҳари Мавлуда талоқро ҳамчун василаи фишор истифода мебарад, то иҷоза надиҳад ҳамсари собиқаш издивоҷ кунад ва ё аз алимент, ки ҳар моҳ маҷбур аст, пардохт кунад, халос шавад.

Чанд шарти хатти талоқ

Мавлуда роҳи наҷотро дар фатвои Шӯрои уламо мебинад, ки ҳанӯз содир нашудааст.

Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Ҷамолиддин Хомӯшӣ

Ҷамолиддин Хомӯшӣ, сардори шӯъбаи фатвои Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, ба мисли ин зан чанд аризае доранд, ки барои содир кардани фатво дар дасти баррасӣ аст ва дар се моҳи ахир беш аз 20 зан чунин фатворо гирифтаанд.

Шӯрои уламо дар ҳоле фатвои талоқ ба занро медиҳад, ки ҳамсараш беш аз чаҳор сол бо ӯ зиндагӣ надорад ва умеди зиндагӣ дар оянда дигар аз байн рафтааст.

Барои талаби фатвои талоқ, зан бояд ду шоҳид, шаҳодатномаи бекор шудани никоҳи давлатӣ ва маълумотнома аз ҷои зист дар бораи надоштани шавҳарро биорад.

“Шоҳидон гувоҳӣ медиҳанд, ки дар ҳақиқат шавҳари ҳамин зан зиёда аз чаҳор сол боз бо ӯ зиндагӣ надорад ва ҳеҷ кумак намекунад. Пас аз тафтиши ин ҳолатҳо, Шӯрои уламо фатво содир мекунад”, -- гуфт ӯ.

"Баъзеҳо хусумат доранд, баъзеҳо бенишон шудаанд"

Ин масъули Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, дар як ҳолат бо мард тамос гирифтанд, ки чаро бо гузашти чаҳор сол на ҳамсари худро талоқ медиҳад ва на бо ӯ зиндагӣ мекунад. Ҷамолиддин Хомушӣ мегӯяд, ин мард ба он бовар буд, ки зиндагиаш бо айби зан хароб шудааст ва бояд ӯ сарфи маросими издивоҷашонро диҳад.

Шамъигул Аминова
Шамъигул Аминова

Ӯ афзуд: “Ҳолатҳо гуногун аст. Баъзан тамоман шавҳаронашон беному нишон шудаанд. Дар дигар ҳолат, шавҳар дар муҳоҷират аст, вале ба хотири хусумат доштан ва ҷазо додан ҳамсарашро талоқ намедиҳад, то ӯ шавҳар карда натавонад. Дар ҳолатҳои дигар зан худаш аҳамият надодааст. Вақте муроҷиат мекунад, ки оилаи нав карданӣ ҳаст, лекин дигар бо шавҳари собиқаш тамос гирифтан намехоҳад.”

Ба гуфтаи масъули Шурои уламои Маркази исломӣ, аксари занҳое, ки барои дарёфти фатвои талоқ муроҷиат мекунанд, аз 30 то 45-сола ҳастанд.

"Талоқ набояд ба душманӣ табдил шавад"

Дар ҷомеаи мусалмонӣ никоҳу талоқи шифоҳӣ дар баробари никоҳу талоқи расмӣ барои ба ҳам омадани ҷуфтҳо ва ё аз ҳам пошидани онҳо нақши муҳим дорад. Дар хонаводаи як мусалмон талоқ ҳаққи истисноии мард ҳаст, ки ҳар вақте хост, бо далелҳои гуногун онро содир мекунад, вале зан чунин ҳақ надорад. Зан бо гузашти чаҳор сол ва он ҳам аз тариқи Шӯрои уламо метавонад талоқ ба даст биорад.

Шамъигул Аминова, ҷомеашиноси тоҷик мегӯяд, фарҳанги талоқ дар миёни сокинони Тоҷикистон шакл нагирифтааст ва ҷонибҳо пас аз ҷудо шудан ба душмани ҳам табдил меёбанд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ, талоқ надодан ҳам натиҷаи ҳамин душманӣ ҳаст.

Ҷомеашиноси тоҷик мегӯяд, бисёре аз занҳои тоҷик, ки ба шавҳар аз нигоҳи молӣ пойбанданд, "талоқ охири дунё дониста мешавад". Марди тоҷик ҳам, ба гуфтаи ӯ, "як ғурури нозарур дорад ва намехоҳад пас аз ӯ занашро касе дигар бигирад".

Ӯ афзуд: “Вақте бо ҳам намеоянд, хубтар аст, аз ҳам ҷудо шаванд, вале роҳҳои тарбияи фарзандро пайдо кунанд. На ҳамчун душман, балки мисли дӯст рафтор кунанд ва фарзандон тарбияи бад набардоранд”.

Соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз даҳ ҳазор ҷуфт аз тариқи додгоҳ расман аз ҳам ҷудо шудаанд. Бархеи онҳо, ба мисли Мавлуда ҳанӯз талоқи исломӣ нагирифтаанд. Чун пас аз бекор шудани никоҳи расмӣ шонси дубора ба ҳам омадани онҳо хеле кам аст, интизори талоқи шавҳар мемонанд, то зиндагии нав пайдо кунанд. Дар сурати ғайр чаҳор сол бояд мунтазир бимонанд, то чунин фатвоеро аз Шӯрои уламои маркази исломӣ бигиранд.

XS
SM
MD
LG