Бино ба арзёбиҳои коршиносон, даргирии низомии Озарбойҷону Арманистон дар Қарабоғи Кӯҳӣ вазъи наверо бо ширкати фаъоли Туркия дар минтақа ба вуҷуд овард.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин низоъ то ҳадди аксар хештандорӣ карданд. Бо ин вуҷуд, таҳлилгарон мегӯянд, ки ҷангу сулҳи Қарабоғ барои минтақа пайомадҳои муайян хоҳад дошт.
Ниҳодҳои сиёсати берунии кишварҳои Осиёи Марказӣ тақрибан дарҳол пас аз созиши 9-уми ноябри президенти Озарбойҷон, нахуствазири Арманистон ва президенти Русия дар мавриди қатъи комили ҷанг ва амалиёти низомӣ дар Куҳистони Қарабоғ изҳорот доданд ва аз он истиқбол карданд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 11-уми ноябр бо нашри як изҳорот таъкид кард, ки "мо аҳамияти истисноии ҳалли мусолиматомези низои Кӯҳистони Қарабоғро бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ дар чаҳорчӯби принсип ва меъёрҳои пазируфтаи ҳуқуқи байналмилалӣ таъкид мекунем".
Дар иттилоияи ниҳоди сиёсати берунии Қирғизистон изҳори умед карда шудааст, ки "тавофуқи дар сатҳи оли ҳосилшуда шароитро барои ҳалли дарозмуддату комили мушкилоти Кӯҳистони Қарабоғ мусоидат мекунад ".
Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон гуфт, ки сулҳи ҷонибҳо мутобиқ ба Қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ аст ва умедворӣ кард, ки "мардумони озару арман барои пойдории сулҳу ризоияти ҳамешагӣ ва таъмини амният дар минтақа талош хоҳанд кард, ки як пояи маҳкам бунёд кунанд".
Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ҳам 10-уми ноябр дар суханронии худ дар ҷаласаи онлайнии Созмони Ҳамкории Шанхай чунин як изҳорот дод.
Сардори давлати Узбекистон ба нақши сулҳомези Русия дар ҳалли низои Қарабоғи Кӯҳӣ таъкид кард ва изҳори умед намуд, ки хунрезӣ дар ин минтақа ба зудӣ қатъ мешавад ва зиндагӣ ба маҷрои маъмулии худ бар мегардад.
Сиёсати бисёрсамтӣ
Дар ҷараёни даргириҳо, ки 27-уми сентябр оғоз шуд ва то 10-уми ноябр давом кард, кишварҳои минтақа тақрибан мавқеи бетарафона доштанд ва аз ҷонибҳои даргир даъват карданд, ки худдорӣ кунанд.
Рӯзи 19-уми сентябр Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон бо нашри як муроҷиатнома ба ҷонибҳо, омодагии худро барои мусоидат кардан дар заминаи суратҷаласаи Бишкек аз 5 майи соли 1994, изҳор кард. Гуфта мешавад, ки ин суратҷаласа дар солҳои 90, оғози қатъи даргириҳо дар Кӯҳистони Қарабоғ шуда юуж. Вале ин даъват мисли дигар муроҷиатҳои бетарафонаи ниҳодҳои сиёсати берунии кишварҳои минтақа ношунида боқӣ монд.
Коршиноси аз Русия Аждар Куртов мегӯяд, ки кишварҳои минтақа бар пояи сиёсати бисёрсамтаашон мавқеи мушаххасе дар баробари низои Кӯҳистони Қарабоғ надоранд. Ба гуфтаи ӯ дар даврони гузашта ин кишварҳо ҳамзамон равобити худро ҳам бо Чин, ҳам бо Ғарб ва ҳам бо Русияву Туркия роҳандозӣ карданд.
"Дар ин гуна маворид аз кадом як мавқеъе баромад кардан чандон фоидаовар нест. Зеро метавонад мушкилоте ба бор биоварад, ки дар оянда чӣ гуна мешавад равобитро дар доира созмоне ба роҳ монд, ки онҷо Арманистону Озарбойҷон низ шомиланд",-мегӯяд Куртов.
Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон узви СПАД (ОДКБ) – созмони сиёсиву низомиеанд, ки ин ҷо Арманистон низ шомил аст. Қазоқистону Қирғизистону Арманистон узви ИИАО (ЕАЭС) низ ҳастанд. Ба ҷуз ин, ҳамаи кишварҳои минтақа дар баробари Озорбойҷону Арманистон аъзои комилҳуқуқи ИДМ (СНГ) мебошанд.
Ҳамчунин ба ҷуз Тоҷикистону Туркманистон, ҳамаи кишварҳои минтақа, аъзои иттиҳоди кишварҳои олами туркӣ ба мисли ШҲКТ (Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои туркзабон), Созмони ҷаҳонии фарҳанги туркӣ, Оҷонсии ҳамкориву ҳамоҳангсозӣ дар Туркия (TIKA) мебошанд, ки ба таври худкор муттаҳиди Озарбойҷону Туркия ҳисоб мешаванд.
Вазъи мавҷуди нав
Мутобиқи созиши 9-уми ноябр дастёфта, дар Қарабоғи Кӯҳӣ қатъи комили ҷанг ва даргириҳо эълон шуд. Неруҳои мусаллаҳи Озорбойҷону Арманистон дар мавқеҳои ҷойгирифтаашон боқӣ мемонанд. Ҳамзамон дар масири хатти тамос дар Қарабоғ ва дар масири даҳлези Лочин эҷоди дидбонгоҳҳои назоратии Русия пешбинӣ мевад.
Дар баробари Боку, коршиносон Анқараро яке аз тарафҳои дахил дар даргириҳои Қарабоғ медонанд, ки ошкоро аз Озорбойҷон пуштибонӣ карда, ҳаққи иштирок дар амалиёти сулҳомезро, ки намояндагии маркази назорат дар Озорбойҷон фароҳам мекунад, дарёфт кардааст.
"Шакли нави ҳузури Туркия дар Қафқоз бисёр ҷиддӣ ва барои дарозмуддат аст. Ва Русия ҳам бояд инро қабул кунад, зеро дарк хоҳад кард, ки суханони зиддиамрикоии туркҳо ва интиқоди онҳо аз таҳаммулпазирии аврупоиҳо ба маънои дарк ва эҳтироми автоматии манофеи Русия нест",-менависад дар сутуни худ барои Маркази Корнегии Маскав коршиноси рус Сергей Маркедонов.
Ҳузур дар Осиёи Марказӣ
Ба даст овардани имтиёзҳои сиёсӣ ва ҳузури геополитикии Туркия дар Қафқоз суолеро ба миён меорад, ки оё нақши он дар Осиёи Марказӣ, ҷойе ки ба ӯ таваҷуҳи зиёде доранд, тағйир хоҳад кард?
Коршиноси мустақили тоҷик Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, ки натиҷаи даргириҳо нуфузи Туркияро дар минтақа бештар мекунад. "Пеш аз ҳама ин таъсир дар миёни мардум, дар афкори оммавии минтақа ва дар маҷмуъ дар миёни аҳолии мусалмон бештар хоҳад шуд",- мегӯяд сиёсатшинос. Ба гуфтаи ӯ, бояд мунтазири боло рафтани пантуркизм ва нуфузи созмонҳои гуногуни пантуркистие буд, ки Эрдуғон маблағгузорӣ мекунад.
Сиёсатшиноси қирғиз, мудири маркази таҳлилии "Тасмимҳои оқилона" Эсен Усубалиев мегӯяд, ки даргириҳо дар Қарабоғи Кӯҳӣ истифодаи васеъ ва муассири дастгоҳҳои бесарнишини зарбазанро нишон дод ва кишварҳои минтақа метавонанд таҷрибаи истифода аз ин дастгоҳҳоро баррасӣ кунанд.
"Чанде пеш ба Узбекистону Қазоқистон вазири дифои Туркия Аскар Хулусӣ омад. Сари чӣ гуфтугӯҳо сурат гирифт, ошкоро баррасӣ нашуд, вале эҳтимол аст, ки гап сари тақвияти ҳамкориҳои низомӣ аст",-мегӯяд Усубалиев.
Бо ин вуҷуд, ба гуфтаи коршинос, ҳанӯз барвақт аст, ки Туркияву Русияро аз рӯйи нуфузашон дар минтақа дар як поя қарор диҳем.
"Ҳанӯз зуд аст бигӯем, ки Туркия метавонад ба сифати як неруи ҳамгиро, чуноне ки аҳли ҷомеаи Русия мегӯянд, дар минтақа пеш биравад. Осиёи Миёна ин танҳо минтақаи туркӣ нест, балки бо дар назар гирифтани Тоҷикистон, форсӣ низ ҳаст. Ва шакл гирифтани кадом як тарҳи ҳамгироӣ бидуни ҳузури Тоҷикистон, гузинаи нокомили ҳамгироӣ хоҳад буд",-хулоса мекунад ҳамсӯҳбати мо.