Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон тавофуқномаеро бо Русия ва Озарбойҷон барои поён додани ҷанг бар сари минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ имзо кард. Ин созишнома аз имрӯз, сешанбеи 10-уми ноябр ба иҷро даромад.
Тибқи гузориши бахши маркази Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, хабари имзои ин тавофуқнома пас аз пирӯзиҳои Озарбойҷон дар набардҳои ахир нашр шудааст. Бар пояи хабарҳо, нерӯҳои озарӣ пас аз тасарруфи шаҳри Шушӣ ба тарафи Степанакерт -- маркази Қарабоғи Кӯҳӣ дар ҳоли пешравӣ ҳастанд.
Никол Пашинян шаби гузашта дар як паём дар шабакаи "Фейсбук" аз ин созиш хабар дод ва гуфт, ки ҳамроҳ бо президентҳои Русия ва Озарбойҷон баёнияеро ба ҳадафи поён додан ба ҷанги Қарабоғи Кӯҳӣ имзо кардаанд, ки аз соати 01:00 ба иҷро медарояд.
Нахуствазири Арманистон гуфт, "тасмиме, ки гирифтем, барои худам ва ҳамаи мо бисёр сахт буд. Ман ин тасмимро бар асоси таҳлилҳои амиқе аз шароити низомӣ ва арзёбии касоне гирифтам, ки аз вазъ ба хубӣ огоҳ ҳастанд".
Вай сипас гуфтааст, ки рӯзҳои оянда маълумоти бештаре ироа медиҳад ва итминон дод, ки ин созиш "беҳтарин роҳи ҳал барои шароити феълӣ" будааст.
Чанд соат пас аз ин изҳорот, президентҳои Русия ва Озарбойҷон низ хабари созиш барои поёни ҷанги Қарабоғро таъйид карданд.
Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон дар нишасти онлайнӣ бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия гуфт, "ин баёнияи сеҷониба марҳилаи сарнавиштсоз дар ин набард ба шумор меравад".
Оқои Путин низ изҳор дошт, ки нерӯҳои ҳофизи сулҳи Русия дар минтақа ҷойгир хоҳанд шуд.
Тибқи ин созиш, Озарбойҷон бахшҳое аз Қарабоғи Кӯҳӣ ва минтақаҳои атрофи онро, ки дар ҷараёни ҷангҳои ахир тасарруф кардааст, нигоҳ медорад. Ин созишнома ҳамчунин нерӯҳои арманиро вазифадор мекунад, ки бархе минтақаҳои хориҷ аз Қарабоғ, аз ҷумла минтақаи шарқии Агдам ва минтақаи ғарбии Келбадҷарро таслим кунанд.
Арманистон ҳамчунин минтақаи Лочинро аз даст медиҳад. Ин минтақаест, ки як роҳи калидии Қарабоғи Кӯҳиро бо Арманистон васл мекунад. Тибқи созишнома, ин минтақаро ҳудуди 2 ҳазор нерӯҳои ҳофизи сулҳи Русия муҳофизат мекунанд.
Созишнома ҳамчунин мегӯяд, ки нерӯҳои русӣ ба як каридори боркашонӣ, ки Озарбойҷонро аз тариқи Арманистон ба Нахичевон мепайвандад, назорат хоҳанд дошт.
Аз замони даргириҳо байни ду кишвар дар ин минтақа аз аввалҳои даҳаи 1990, арманитаборон бо ҳимояти ҳукумати Арманистон Қарабоғи Кӯҳиро идора мекунанд.
Ин минтақа тибқи санадҳои Созмони Милали Муттаҳид, бахше аз хоки Ҷумҳурии ба ҳисоб меравад, вале аксарияти аҳолии арманитабори он бо идора кардани ин минтақа аз сӯи Озарбойҷон мухолифанд.
Дар даргириҳои кунунӣ, ки ҳудуди 6 ҳафта пеш оғоз шуд, гуфта мешавад, ки чанд ҳазор нафар кушта шуданд.