Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргирӣ дар Қаробоғи Кӯҳӣ идома дорад


Қаробоғи Кӯҳӣ, акс аз 20-уми октябри 2020
Қаробоғи Кӯҳӣ, акс аз 20-уми октябри 2020

Нирӯҳои мусаллаҳи Озарбойҷону Арманистон рӯзи 24-уми октябр низ ба задухӯрд дар дохил ва атрофи Қарабоғи Кӯҳӣ идома доданд. Як рӯз пеш вазирони корҳои хориҷии ду кишвар дар Вашингтон бо Майк Помпео, котиби давлатии Амрико (ба таври ҷудогона) роҳҳои ҳалли ҷанг бар сари Қарабоғи Кӯҳиро баҳс карданд.

Сухангӯйи Вазорати умури хориҷии Амрико дар эъломияе гуфт, Майк Помпео ба поён додан ба хушунатҳо ва ҳимоят аз ғайринизомиён таъкид кардааст. Вай афзуд: "Вазири умури хориҷӣ ба музокироти зери гурӯҳи Мински Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо таъкид намуд."

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Фаронса ва Русия гурӯҳи Минскро муштарак раҳбарӣ мекунанд. Ин гурӯҳ дар солҳои 90-ум барои пайдо кардани роҳи ҳал ба масъалаи Қаробоғи Кӯҳӣ ташкил шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, вазири умури хориҷии Арманистон, ҳангоми берун шудан аз Департаменти давлатии Амрико ба хабарнигорон гуфт, дидораш бо Помпео "хеле хуб буд". Ӯ афзуд, талошҳо барои барқарор кардани оташбас идома дорад, вале ҳаргуна фарзияро барои нақши Туркия ҳамчун миёнрав рад кард.

Майк Помпео ва Зоҳраб Мнатсаканян
Майк Помпео ва Зоҳраб Мнатсаканян

Вазири корҳои хориҷии Озарбойҷон Ҷайҳун Байрамов гуфт, ба Майк Помпео гуфтааст, бояд ба ишғоли Арманистон бар минтақаи Қаробоғи Кӯҳӣ поён дода шавад. Вай гуфт, онҳо ба пайдо кардани роҳи ҳалли сиёсии масъалаи Қаробоғи Кӯҳӣ пойбанд ҳастанд ва ҳамзамон афзуд, барои азсаргирии фаврии гуфтугӯҳои созанда барои ҳалли масъала омода мебошанд.

Майк Помпео ва Ҷайҳун Байрамов
Майк Помпео ва Ҷайҳун Байрамов

Ҳатто дар замоне ки гуфтугӯҳо дар Вашингтон идома дошт, нерӯҳои ду тараф дар Қаробоғи Кӯҳӣ шадидан саргарми ҷангу даргирӣ буданд. Дар зимн, бо вуҷуди онки дубора оташбас бо миёнҷигарии Русия дар муддати кӯтоҳи пас аз тавофуқ аз ҳам шикаст, раҳбарони Арманистону Озарбойҷон дар рӯзҳои ахир ба мавқеъҳои худ шадидан таъкид мекунанд.

Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев талаби ваъда кардааст, ки Қаробоғи Кӯҳӣ ва ҳафт ноҳияи таҳти назорати арманитаборҳо ба Озарбойҷон баргардонида мешаванд.

Ду кишвар солҳо ба ин тараф бар сари минтақаи Қаробоғи Кӯҳӣ бо ҳам ихтилоф доранд. Ин минтақа, ки аксари аҳолиаш арманиҳо мебошанд, бахше аз хоки Озарбойҷон аст ва аз замони поёни ҷанг дар соли 1994 дар назорати Арманистон қарор дорад.

Ду тараф ҳамон сол созишномаи оташбас имзо карданд, аммо ин паймон низ ба ихтилофи ду кишвар поён надод.

Талошҳои байналмилалӣ барои поён додан ба ин буҳрон то ба ҳол бенатиҷа мондааст. Бо ин ки аз оғози ин буҳрон 32 сол мегузарад, муноқиша ҳамчунон идома дорад ва ҳудуди 30 ҳазор нафар дар ин муддат кушта шудаанд.

Даргириҳои ахир рӯзи 27-уми сентябри имсол оғоз шуданд. Президенти Русия Владимир Путин чанд рӯз пеш гуфт, бовар дорад, дар ин ҷанг ҳудудан 5000 нафар кушта шудаанд

XS
SM
MD
LG