Гуруҳе аз занон мошини раиси Суғдро нигаҳ доштанд ва гапашонро гуфтанд

Ин гуруҳи занон рузи 11-уми ноябр мунтазир шудаанд, то раиси вилоят берун ояд ва додашонро ба худи ӯ бирасонанд.

Гуруҳе аз занони шаҳри Панҷакент бо норозигӣ аз ҳал нашудани мушкилашон пеши роҳи мошини Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғдро гирифтаанд. Занони деҳаи Кабудсанг талаб доранд, ки бинои холимондаи беморхонаи деҳаро ба кӯдакистон табдил диҳанд.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд рӯзи 11-уми ноябр барои муаррифии раиси нави шаҳри Панҷакент ба ин ҷо сафар кардааст. Аснои берун шудани Аҳмадзода аз бинои ҳукумати Панҷакент гуруҳе аз занон ба назди мошини ӯ рафтанд ва хостаанд, ки ба мушкилашон расидагӣ кунад.

Гулсара Буттаева, яке аз ин занон мегӯяд, се моҳ аст, барои ба кӯдакистон табдил додани беморхона дар деҳаи Кабудсанг талош доранд, вале, мақомот ба дархости онҳо посух намедиҳанд. Ҳамсуҳбати мо гуфт, онҳо тасодуфан хабардор шуданд, ки раиси вилоят ба Панҷакент меояд ва қарор доданд, ки мушкилро бо ӯ дар миён гузоранд.

Гулсара Буттаева афзуд: “20 зан дар назди бинои ҳукумати Панҷакент нишастем, милисаҳо маҷлис аст гуфта, даромадан намонданд. Ҳаминки мошини раиси вилоят равон шуд, занҳо дастонамонро бардоштем, ки мошин истод. Баъд фаромада моро ба як тараф бурданд ва раиси вилоят пурсиданд, ки чӣ шикоят дорем. Мо арзамонро расондем, ки кӯдаконамонро ба боғчаи шаҳр бурда наметавонем, онҷо дур аст. Баъд раиси вилоят ба раиси шаҳр гуфт, ки чаро се моҳ боз арзашонро намепурсӣ?”

Деҳаи Кабудсанг дар наздикии маркази шаҳр ҷойгир аст ва ба гуфтаи сокинонаш беш аз панҷ ҳазор аҳолӣ дорад. Деҳа кӯдакистон надорад ва волидон маҷбуранд, фарзандонашонро ба боғчаҳои маркази шаҳр баранд. Се моҳ пеш шифохонаи минтақавии бемориҳои дилро аз деҳаи онҳо ба ҷойи дигар кӯчондаанд ва бинои беморхона ҳоло холӣ аст.

Аҳмадзода гуфт, дастур дод, масъаларо бинанд

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд мегӯяд, ба мақомот дастур додааст, ки ба мушкили занон расидагӣ шавад. Ҷаноби Аҳмадзода рӯзи 13-уми ноябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, комиссия ташкил шудааст ва мушкили занонро меомӯзанд: “Аз рӯи қонун дида мебарорем. Агар онҷо кӯдакистон лозим бошад, ба кӯдакистон бармегардонем.”

Мақомоти Панҷакент мегӯянд, баъди шикояти занони деҳаи Кабудсанг ба раиси вилоят масъаларо баррасӣ доранд. Муҳаммадсобир Сафарзода, муовини аввали раиси шаҳр, ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо мехостанд, шифохонаро ба шуъбаи ҷарроҳӣ табдил диҳанд, вале сокинон талаб доранд, ки аз он кӯдакистон бисозанд.

Муовини раиси шаҳри Панҷакент гуфт, баррасии шикояти занонро ба уҳдаи у гузоштанд ва талош мекунад “ин ҳафта ба масъала нуқта гузоранд.”

Эътироз ва гирифтани пеши роҳи мақомдорони баландпоя дар Тоҷикистон ва бахусус дар шаҳри Панҷакент нодир аст, вале дар гузашта ҳам будааст. Рӯзи 12-уми сентябр аснои сафари президент ба шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд, Хосият – хонандаи синфи 10-ум пеши роҳи корвони мошинҳои раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро гирифта, номаи додашро ба ӯ расондааст.

Мададхоҳӣ дар сари роҳ аз президент. Ногаҳонӣ, ё роҳи нави таблиғот?

Баъди ин ҳангоми сафари раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Хатлон як духтари дигар дар фурудгоҳи шаҳри Бохтар аз ӯ ёрӣ хост. Ҳарчанд бархе ин гуна додхоҳиҳоро “барномарезишуда” номида гуфтаанд, ки мақомот аз ин роҳ мехоҳанд, нишон бидиҳанд, ки президент ва дигар мансабдорон ба муроҷиати “ҳар як нафар гуш медиҳанд.”