Сокинон мепурсанд, "сардӣ оғоз шуд, маҳдудияти барқ то кай идома мекунад?"

Бо оғози сардиҳо дар Тоҷикистон шикояти мардум аз набудани барқ ва хонаҳои сарду торик низ зиёд шуд. Навбатдори ширкати "Барқи Тоҷик" гуфт, мумкин аст, "аз шурӯи ҳафтаи оянда камбуди барқ бартараф шавад".

Сокинони Тоҷикистон ду ҳафта боз бо маҳдудият барқ мегиранд ва аз эҳтимоли ҷорӣ шудани "лимит" нигаронанд, аммо намояндагони "Барқи Тоҷик" ҳамвора ин вазъро ба таъмири хат ва истгоҳу зеристгоҳҳои нирӯи барқ рабт медиҳанд.

Рӯзи 14-уми ноябр дар бештаре аз минтақаҳои Тоҷикистон барф борид. Даҳҳо нафар аз гӯшаҳои Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ тамос гирифта, аз набудани барқ дар хонаҳояшон норозигӣ карданд.

Диловар, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, гуфт, хонаҳо сард шудаанд ва метарсанд, ки чунин вазъ ба саломати кӯдакону пирони хонавода таъсир мерасонад. Ӯ гуфт: "Дар тобистон таъриф мекунем, ки Роғунро фаъол кардем ё фалон агрегатро сар додем. Натиҷа канӣ? Рӯйирост эълон кунанд, ки наметавонем, ҳама ҳисобашро ёбад. Ба идораи барқи Суғд занг мезанем, навбатдор мегӯяд, "мо намедонем". Пас, кӣ ҷавоб медиҳад?"

Ба ин монанд аз чанд ноҳияҳои дигари Тоҷикистон, ба истиснои вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шикоятҳо аз камбуди барқ мерасад. Бархе аз сокинони ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар канори шаҳри Душанбе ҳастанд, низ мегӯянд, барқашон хомӯш шудааст.

Як сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба Радиои Озодӣ тамос гирифта гуфт, манзилаш дар маҳалли поёни бозори "Корвон" аст, вале барои онҳо низ маҳдудият ҷорӣ кардаанд.

Шикоятҳо аз хомӯш шудани барқ баъд аз рӯзи 30-юми октябр инҷониб садо медиҳанд. Дар он рӯз Эмомалӣ Раҳмон бори панҷум ҳамчун раиси ҷумҳур савганд ёд кард. Сокинон мегӯянд, аз соати 8-и субҳ то 17-и бегоҳ (дар баъзе ҷой аз соати 8-и субҳ то 18) барқ хомӯш мешавад.

Масъулони ширкати "Барқи Тоҷик" ба норозигии мардум ҳамеша масъалаи таъмири дастгоҳҳоро пеш меоранд. Чун ба гуфтаи онҳо, барои таъмини мардум бо барқ дар зимистон дастгоҳҳоро бояд таъмир кунанд. Назаре, ки сокинон бо шубҳа ба он менигаранд.

Рӯзи 14-уми ноябр навбатдори ширкати "Барқи Тоҷик" бе баёни номаш гуфт, "аз рӯзи душанбеи оянда мушкил ҳал мешавад". "Камтар мушкилиҳои техникӣ аст, имрӯзу пагоҳ тамом мекунанд, рӯзи душанбе барқ мешавад", -- гуфт ӯ.

Маълум нест, чунин посухи навбатдори ширкат воқеӣ аст, ё барои ором кардани мардум, чун масъулони дафтари матбуоти "Барқи Тоҷик" рӯзи 14-уми ноябр чунин чизро тасдиқ накарданд.

Ширкати "Барқи Тоҷик"

Дар ҳамин ҳол, ширкати "Барқи Тоҷик" дар эълонҳояш, ки тавассути телевизионҳои давлатӣ пахш мешаванд, аз мардум хостааст, барқро сарфакорона истифода баранд ва маблағи барқи истифодашударо дар вақташ супоранд.

Ҳукумати Тоҷикистон соли 2017 эълон кард, ки лимит ё тариқи реҷа додани барқ ба сокинон дигар идома нахоҳад ёфт, вале сокинон мегӯянд, ҳанӯз ҳам дар фасли зимистон камбуди барқ эҳсос мешавад.

Вале дар соли равон ҳадди ақал ин бори севум аст, ки барои чанд рӯз интиқоли барқ ба манзили сокинон дар соатҳои муайян қатъ мешавад. Дар оғози моҳи октябр интиқоли барқ ба сокинон дар соатҳои муайян қатъ мешуд ва мақомот ин вазъро ба таъмири дастгоҳҳо рабт доданд. Дар моҳи апрел ҳам беш аз ду ҳафта бархе аз сокинон бо реҷа барқ гирифтанд, аммо “Барқи Тоҷик” боз ҳам мавҷудияти лимитро рад карда буд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Баландтарин неругоҳи барқи офтобии ҷаҳонро дар Тоҷикистон сохтандДар "Барқи Тоҷик" ду раиси дигар мондандБаҳси бебарқӣ ва суоли сахти соҳибкор дар Озодӣ Онлайн. ВИДЕОШикоят аз бебарқӣ дар Тоҷикистон. Мардум аз маҳдудият мегӯянд, "Барқи тоҷик" боз аз таъмир. ВИДЕОНишонаҳои ҷанҷоли нав дар "Барқи Тоҷик". 6,7 миллион доллар куҷо шуд?