Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар "Барқи Тоҷик" ду раиси дигар монданд


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо судури ду қарор Умедҷон Билолзода ва Мирзо Маҳмудзода, раиси ду шохаи ширкати “Барқи Тоҷик” таъйин кардааст. Бар асоси қарори ҳукумат аз рӯзи 11-уми ноябр Умедҷон Билолзода мудири ҷамъияти саҳҳомии «Шабакаҳои тақсимоти барқ» таъйин шудааст.

Дар қарори дигар аз ҳамин рӯз омадааст, ки Маҳмудзода Мирзо, мудири ҷамъияти саҳҳомии «Шабакаҳои интиқоли барқ» таъйин шавад. Ҳукумати Тоҷикистон солҳо боз тарҳи тағйири сохтори ширкати “Барқи Тоҷик”-ро дар даст дошт ва чанде пеш тасмим гирифт, ки барои мудирияти дуруст ва осонтар онро ба се шоха тақсим кунад. “Барқи Тоҷик” азимтарин ширкати давлатии энергетикии кишвар аст, вале солҳои тулонист, ки аз чанги қарз раҳо намешавад.

Айни замон ширкат бештар қарздор аст ва сабаби инро дар мудирияти нодуруст ва муомилаҳои молӣ дар дохили ниҳодҳои давлатӣ медонанд, ки бо амрҳои ҳукумат сурат мегирад. Муассисаҳои байналмилалии молӣ ба ҳукумати Тоҷикистон солҳо пеш машварат додаанд, ки барои худкифо ва фоидаовар кардани ширкати “Барқи Тоҷик” онро ба ҷамъияти саҳҳомӣ ва муассисаҳои ҷудо аз ҳам табдил диҳад.

XS
SM
MD
LG