Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси бебарқӣ ва суоли сахти соҳибкор дар Озодӣ Онлайн. ВИДЕО


Имрӯз дар бораи қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон суҳбат мекунем, ки бисёриҳоро асабонӣ кардааст.

Саъй мекунем ба суоли Абдувосит аз Лахш ҳам ҷавоб ёбем, ки видео ба мо фиристоду чунин гуфт: “Салом алейкум. Ман Абдувосит, сокини ноҳияи Лахш мебошам. Ҷаноби олӣ гуфта буд, ки дар тамоми Тоҷикистон маҳдудият намешавад, лекин дар ноҳияи Лахш 15 рӯз шуд, нерӯи барқро хомӯш мекунанд. Шаб ҳар вақт, ки хоҳанд, хомӯш мекунанд, ҳар вақт хоҳанд, медиҳанд. Мардум азоб кашида истодаанд.”

Як гузориш дар ҳамин бора ва сабабҳои маҳдуд шудани интиқоли барқ ҳам дар саҳифаҳои мо дар Фейсбук ва Инстаграм ва вебсайти Радиои Озодӣ, мардуми зиёдеро аз гушаҳои гуногуни Тоҷикистон ба баҳс кашид. Аз ҷумла Фирдавс аз Конибодомро, ки дар вебсайти Радиои Озодӣ чунин навиштааст:

“Дар шаҳри Конибодом низ як ҳафтаи ахир нерӯи барқро аз соати 8-00 то 18-00 хомӯш мекунанд. Ҳатто дар маркази шаҳр чароғҳои раҳнамо низ барқ нест. Ин барои мо навигарӣ нест, одат кардем. Аммо хуб мешуд, ягон намояндаи расмии Барқи Тоҷик вазъ ва то кай идома кардани онро шарҳ медод.”

Хонаҳои тор ва суол аз Лахш ба "Барқи тоҷик" дар Озодӣ Онлайн
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:29 0:00

Воқеан намояндаи “Барқи Тоҷик” Нозирҷон Ёдгорӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳеҷ лимите ва маҳдудияте нест ва сабаби хомӯш кардани нерӯи барқ, таъмири истгоҳу зеристгоҳҳои барқӣ ва омодагӣ ба зимистон аст. Аммо посухи ӯ бисёре аз корбаронро қонеъ накардааст, ки гуфтаанд, масъулони ширкати “Барқи Тоҷик” бояд ба мардум посухи дуруст бидиҳанд.

Корбаре, ки номашро нагуфтааст, дар вебсайти Радиои Озодӣ чунин шарҳеро гузоштааст: «То замоне, ки волоияти қонун таъмин карда намешавад, аз беҳбудӣ умеде нест. Вақте дар як соҳаи стратегӣ чунин камбудӣ вуҷуд дорад, вақте расман маҳдудият нест мегӯянд ва бе огаҳии пешакӣ интиқоли барқро соатҳо тӯлонӣ қатъ мекунанд, бояд кормандони ҳифзи ҳуқуқ қазияро ҷиддӣ пайгирӣ кунанд.»

Баъзе аз корбарон мисол овардаанд, ки чӣ гуна қатъи нерӯи барқ ба соҳибкориву зиндагиашон таъсири бисёр бад мегузорад. Шарҳеро аз вебсайти Радиои Озодӣ мехонем, ки муаллифаш нахостааст, номашро бигӯяд ва суоли сахтеро ҳам ба ширкати «Барқи Тоҷик» додааст: “Дар ин вақти буҳрони зиндагӣ ба Русия рафта натавонистам. Аз бонк қарз гирифтам, дастгоҳи чӯҷабарорӣ, ё инкубатор харидам. 3700 дона тухми мурғ 2 сомонӣ харидам, аммо бе огоҳӣ барқро хомӯш карданд, тухмҳо ҳама вайрон шуд. Вақти бозгардонидани қарз омад, чӣ бояд кунам, муҳтарам "Барқи Тоҷик"."

Амирҷон Аминҷонӣ, яке аз корбарони содиқи саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук гуфтааст, ки бо вуҷуди онки мақомот солҳои зиёд аст, ки ваъда медиҳанд, мардумро муназзам бо нерӯи барқ таъмин мекунанд, ба ин аҳдашон вафо накардаанд. Шарҳи ӯро ҳамроҳ мехонем: «29 сол боз ваъда медиҳанд, бо барқ таъмин мекунем, аммо таъмин карда наметавонад. Кишварҳои ҷаҳон нерӯгоҳҳои бодӣ, бухорӣ, атомӣ, обӣ сохта халқашро таъмин карда истодаанд. Бояд ҳукумат нерӯгоҳҳои бухорӣ сохта мардумро бо барқ ва гармӣ таъмин кунад.”

Дар ин миён, як корбаре дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Инстаграм дигаронро танқид кардааст, ки дар бораи набуди нерӯи барқ муболиға мекунанд ва шабҳои торику сард ва лимитҳои гузаштаро фаромуш кардаанд. Ин корбар бо номи Венона сифр се чунин гуфтааст: “Э воҳима накунед, нерӯи барқро барои он хомӯш мекунанд, ки дар зимистон мардум азоб накашад. Ягон кор мекунем, то рӯзи 1-уми ноябр. Мардум ин қадар сол нерӯи барқ надошт, наход андаки дигар тоқат карда натавонад.”

Шумо чӣ мегӯед. Ба ин корбар ҷавобе доред. Видео ё садоятонро сабт кунеду ба мо бифристед. Ба ин шумораи телефоне, ки Телеграму Вотсаппу Вайберу Имо дорад: +420 607 900 808

XS
SM
MD
LG