Чандрасонаӣ Тирамоҳи заррини боғи Пруҳонитсе октябр 28, 2020 Хиромон Бақозода Боғи Пруҳонитсе соли 1885 аз ҷониби ашрофзодаи давр Арношт Эмануэл Силва-Тарука дар хати кӯли Ботич ташкил шудааст. Ҳудуди боғ 250 гектар заминро ташкил медиҳад ва дар қаламрави он 1600 навъ растаниву дарахтҳои маҳалливу ғайриоддӣ парвариш ёфтааст Тамошобинони боғ бояд ба ҳангоми сайругашт фосилаи иҷтимоиро риоя карда, ниқобҳои худро ҳам накашанд Охири моҳи октябр ва то миёнаҳои моҳи ноябрро мардуми чех марҳилаи "тирамоҳи заррин" меноманд. Дар ин мавсим ҳаво гармтар шуда, табиат бо гунаи зебояш намудор мешавад Бисёр сокинон дар баробари гаштугузору ҳавохӯрӣ барои аксгирӣ ба ин боғ меоянд Дар шароити пандемияи коронавирус ва баста шудани маконҳои тафреҳиву тарабхонаҳо сокинони Ҷумҳурии Чех вақти холии худро дар фазои тозаи боғҳо сипарӣ мекунанд. Боғи Пруҳонитсе як макони таърихии табиӣ ба шумор меравад.