41 мавриди нави собитшудаи бемории COVID-19-ро дар Тоҷикистон сабт кардаанд

Акс аз бойгонӣ

Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки дар як шабонарӯзи гузашта 41 мавриди нави собитшудаи бемории COVID-19-ро сабт кардааст ва дар умум теъдоди мубталоён ба бештар аз 10570 нафар расидааст. Вазорат рӯзи 20-уми октябр дар вебсайташ хабар дод, ки аз ин миён бештар аз 9600 нафар шифо ёфтаанд ва талафот аз беморӣ дар кишвар 80 нафарро ташкил медиҳад. Аммо мутахассисон ба омори расмӣ дар бораи бемории COVID-19 шубҳа доранд ва мегӯянд, теъдоди гирифторону талафот ба маротиб бештар аз он аст, ки Вазорати тандурустӣ мегӯяд. Айни замон дар бисёре аз кишварҳои Аврупо аз афзоиши сироят гузориш медиҳанд ва маҳдудиятҳо барои монеъ шудан ба маргу миру беморӣ дар ин кишварҳо зиёдтар мешавад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

COVID-19 ва Тоҷикистон: Пинҳонкории омори воқеӣ идома дорад  Вазъи вобаста ба COVID-19 дар Тоҷикистон. Омори вазорат баёнгари воқеият аст, ё нигаронии мутахассисон?Фавти як нафари дигар аз коронавирус дар Тоҷикистон тасдиқ шудаастCOVID-19 кори соҳибкорони тоҷикро сахттар кардааст. САДО, ВИДЕО