Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

COVID-19 ва Тоҷикистон: Пинҳонкории омори воқеӣ идома дорад  


Таби як мардро ҳангоми ворид шудан ба бинои маъмурӣ дар Душанбе месанҷанд
Таби як мардро ҳангоми ворид шудан ба бинои маъмурӣ дар Душанбе месанҷанд

Мақомоти беҳдошти Тоҷикистон мегӯянд, ба ҳисоби миёна ҳар рӯз дар Тоҷикистон кам ё беш аз 40 нафар ба COVID-19 гирифтор мешаванд ва аз 30-юми апрел то 17-уми октябр шумори фавтидаҳо 80 нафарро ташкил додааст.

Вале хабарҳои мардумӣ ва иттилое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешавад, аз афзоиши ҳодисаҳои гирифториву марг гувоҳӣ медиҳад ва эҳтимоли аз ҳақиқат дур будани ин оморро ба вуҷуд овардааст. Дар ҳоле, ки ходимони тиб дар сӯҳбат бо журналистон ба “назар ба чанд моҳ пеш” кам шудани ҳодисаҳои паҳншавии коронавирус таъкид мекунанд, бархе беморону корафтодаҳои ёрии тиббӣ изҳороти расмиро зери суол мебаранд.

“МОДАРАМ АЗ КОРОНАВИРУС НАҶОТ НАМЕЁФТ, АГАР…”

Дар хонаи Маҳбуба, як сокини Душанбе, моҳҳои август ва сентябри имсол якбора чор наздикаш ба коронавирус дучор шуданд. Аз миёни онҳо бемории модари 78-солаву арӯси тоза соҳиби фарзандшудааш сангинтар гузашт. Маҳбуба мегӯяд, аз он шукр мекунад, ки тифли навзод бемор нашуд ва модарашро ҳам тавонистанд баъди як моҳи табобат аз марг наҷот диҳанд.

Вуҷуди COVID-ро дар бадани модари ӯ озмоишгоҳи “Диамед” тасдиқ кард. Ӯ мегӯяд, танҳо барои аз беморӣ раҳонидани модараш 3 ҳазор доллар сарф карданд ва ин маблағ асосан барои хариди доруву дармон, чанд дафъа тағйир додани протоколи табобат ва таъмини ӯ бо дастгоҳи нафаскашӣ дар хона сарф шуд.

“Агар пул намедоштем, модарамро аз коронавирус наҷот дода наметавонистем”, мегӯяд ин омӯзгори забони англисӣ.

Ҳолати модарашро синнусол, фишорбаландӣ ва дарди кӯҳнаи рагҳои пой сангинтар мекард.

“Заъфи бадан, нафастангӣ, резиши шадиди мӯй аз паёмадҳои коронавирус шуд ва ҳоло ҳам аз ин мушкилот рафъ нашудааст”, гуфт Маҳбуба.

Ӯ мегӯяд, дар тамоми муддати беморӣ поликлинкаи маҳалла ва ҳамшира аз ҳоли модараш хабар мегирифтанд ва пулмонолог ё духтури роҳҳои нафас, ки бо кӯмаки оила ҷалб шуд, тавонист дар марҳилаи ниҳоӣ бемори пиронсолро аз ҳолати сангин раҳо бикунад.

Маҳбуба мегӯяд, дар мисоли ҳамсояҳо, ҳамкорони писараш ва аз дӯстон медонад, ки шиддати беморӣ кам намешавад.

ТАБИБОН: ВАЗЪИЯТ БЕҲТАР МЕШАВАД

Талоши Радиои Озодӣ барои гирифтани назари вазири тандурустӣ ва дафтари матбуоти Ситоди зидди коронавируси назди ҳукумат бенатиҷа анҷомид – телефонҳои онҳо ҷавоб намедиҳанд. Ду ходими тиб, ки аз кори Вазорати тандурустӣ огаҳ ҳастанд, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки кори Вазорат дар ин самт “назар ба пешин хеле ҷиддӣ” ба роҳ монда шудааст. Ба иттилои ин ходимон тиб: “Вазир ҳар рӯз ду бор – соати 7-и саҳар ва 12-и шаб бо сардухтурони ҳама муассисаҳо ҷаласаҳои онлайнӣ барпо карда, гузориши онҳоро дар бораи вазъи беморӣ мепурсад, алоҳида вазъи беморони сангинро суол мекунанд”.

Ба гуфтаи онҳо, вазир чанд рӯз пеш дар Суғд буд ва аз вазъи беҳдоштии он ҷо огаҳ шуд.

Зеварой Баҳриева, сардухтури Маркази тиббии рақами 9-и Душанбе аст. Ӯ мегӯяд, муассисаи онҳо беш аз 68 ҳазор аҳолиро зери назар дорад ва ба таъкиди ӯ, “беморӣ хеле камтар шудааст”. Ӯ мегӯяд, мардум чораҳои беҳдоштиро риоя мекунанд, дастони худро мешӯянд ва аз маҳлулҳои зиддисептикӣ истифода мекунанд.

“Беморони амбулаторӣ зери назорат ҳастанд, гардиши ҳавлигӣ нағз ба роҳ монда шудааст, ҳамшираҳо беморонро саривақт дарёфт мекунанд”,--гуфт Баҳриева.

Ба гуфтааш, ҳар шаб дар марказ чор духтур ва ду ҳамшира навбатдор ва телефонҳои боварӣ ҳам фаъол ҳастанд.Ба гуфтаи ӯ, муолиҷаи беморон мутобиқи протоколи аз ҷониби вазорати беҳдошт тасдиқшуда таъин мешавад.

“Базудӣ бояд протоколи чоруми муолиҷаро онлайнӣ дарёфт мекунем”,--гуфт ӯ.

Ин сардухтур аз овардани омори беморон ва ё фавтидаҳо дар маҳаллаи зери назари маркази тиббии худ худдорӣ кард ва гуфт, чунин омор бояд танҳо аз мақомоти беҳдошти вазорат пурсида шавад.

Аз ҷумла маълум нест, ки чӣ миқдор беморон дар шароити хона табобат мегиранд. Ба гуфтаи Баҳриева, таҷрибаи муолиҷаи коронавирус нишон дод, ки афроди дорои беморҳои ҳамрадифи мисли диабети қанд, фишорбаландӣ, фарбеҳӣ ва афроди аз 60-сола боло бо эҳтимолияти бештари гирифторӣ ба коронавирус рӯбарӯ ҳастанд.

Нигина (исмаш тағйир дода шудааст) як ҳамшираи минтақавӣ дар ноҳияи Шоҳмансур аст. Ӯ ҳамарӯза ба назди беморон рафта сӯзандоруву қатрачаконӣ мекунад. Ба доираи масъулиятҳои ӯву ҳамшираҳои ҳамкораш тахминан 5 ҳазор сокини як маҳҳала дохил мешаванд ва ӯ мегӯяд, шиддати паҳншавии коронавирус аз кӯча ба кӯча фарқ мекунад. Дар бархе кӯчаҳо шумори беморон “зиёд аст”, дар бархе “кам мешавад”.

Нигина гуфт, ба ӯву ҳамкоронаш ҳанӯз моҳи апрел таъкид шуда буд, ки ба ҳеҷ сурат бо журналистон сӯҳбат накунанд, вагарна муҷозот мешаванд. Вале ба гуфтааш, дар як кӯчаи иборат аз 40 оила ҳоло тахминан дар 8 хона ҳадди аққал як нафар бемор ба сар мебарад.

А. ҚОДИРОВ: АЗ ХЕШУТАБОРИ МО 12 НАФАР БЕМОР ШУД, ЯК НАФАР ДАРГУЗАШТ

“Танҳо дар оилаи мо ду духтарам ҳамроҳ бо шавҳаронашон касал шуданд, ману оилаам, духтарчаам дар хона касал шудем, бародарам шуд, чор қудоям касал шуданд. Хушдомани духтарчаам аз ин беморӣ вафот карданд”,-- ин ҳисобҳои нохушнудкунандаи Абдумалик Қодиров аст, ки як мутахассиси расонаҳои мустақил ва сиёсатшинос мебошад.

Қодиров мегӯяд, баъди чандин ҳафта бемории сангину тӯлонӣ тоза ба худ омадааст. Ӯ ба ин бовар аст, ки омори хонаводаи онҳо ба статистикаи воқеӣ шомил намешавад.

“Вале ман худро ба қайд гирифтам. Худам занг задам, худам таъкид кардам, ки ман ба ҳамин беморӣ гирифтор шудаам ва шумо лутфан маро қайд кунед. Ва онҳо танҳо баъди ин маро ба қайд гирифта хабар мегирифтанд”,--гуфт ӯ.

Абдумалик Қодиров ҳам бовар дорад, ки омори расмии гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон фарқ мекунад.

Ӯ гуфт: “Мехоҳанд нишон диҳанд, ки “ҳа, мо як кишвари зӯре ҳастем, ки дар мо беморӣ кам аст”?... Ба хотири чӣ? Тоҷикистон як кишвари қашшоқ буд, ҳаст ва мемонад”.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Қодиров, воҳимаву тарсе, ки дар моҳҳои аввали омадани вирус ба кишвар дар ҷомеа паҳн шуд, то рафт мегузарад ва ҳоло бисёриҳо, ҳатто бархе табибон, бениқобу эҳтиёткорӣ рафтор мекунанд ва ба ин беморӣ одат кардаанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон баъди чанд ҳафта инкор кардани вуҷуди коронавирус ниҳоят 30-юми апрел аз аввалин беморони бақайдгирифташуда хабар дод. Вале шубҳа ба дурустии омори расмӣ дар қиёс бо омори мардумӣ ҳеҷ гоҳ рафъ нашуд ва як таҳқиқоти журналистии Радиои Озодӣ ҳам собит кард, ки шумори воқеии фавтидаҳо бар асари COVID-19 тақрибан даҳ маротиб бештар аз омори расмӣ будааст.

XS
SM
MD
LG