Кай "шоҳона" ҳарф мезанем? Ё лаҳҷа – хатари бузург ба забон

Ҳафиз Қаландаров

"Яке дар кӯлмак танҳо ҳамон кӯлмакро мебинад ва дигаре – осмони пурситораро!" Э.Кант, файласуфи олмонӣ

Навиштаи Ҳафиз Қаландаров

Ҳолати 1

Дар яке аз деҳаҳои ҷануби кишвар, 6-7 километр дур аз канори шоҳроҳи бузург, ҳарчанд бо лаҳҷа суҳбат карданӣ мешудам, ҳамсуҳбатам – марди зиёинамо – пайваста бо забони адабӣ ҳарф зада, маро дар ҳайрат ва, гузашта аз ин, дар хиҷолат мегузошт. Барои ман дар он муҳит адабӣ ҳарф задан кори он қадар осон набуд, махсусан, бе шиму костюми сиёҳ ва галстук!

Вай ба зиёиён – фаъолони ҷамъиятии собиқ – мемонд, ба онҳое, ки одатан бе галстук бошанд ҳам, ҳамеша шиму костюм (каме обшуставу на он қадар қимат) ва куртаи сафед (одатан, каме дарзмолталаб) мепӯшанд; дар сар ба ҷойи тоқии гирди шерозу пупакдори маҳаллӣ, тоқиҳои чоркунҷаи водии Фарғонаро доранд ва одатан риш намемонанд.

Баъдтар маълум гашт, ки ӯ воқеан ҳам зиёӣ, аз ҷумлаи рӯзноманигорони собиқ, будааст. Умуман ташбеҳ ва далелу мисолҳое мовард, ки ҳавасу ҳасади ҳар устоди каломро ба вуҷуд оварда метавонист. Ӯ лаҳҷаро дар муқоиса бо забони адабии “шоҳроҳиву осмонӣ” “пайраҳагиву деҳотӣ” меномид.

Чанд ҳафта пеш дар радио мусоҳибаеро бо як муаллими 80-солаи ноҳияи Муъминобод шунидам, ки баъд аз хатми донишгоҳи педагогии Кӯлоб тамоми умр на фақат дар мактаб, балки дар хонаву дар кӯча, ҳамеша бо ифтихор бо “забони китобҳои Айнӣ” ҳарф мезадааст!

Ман баъди суҳбат бо он зиёӣ беихтиёр ба ёд овардам, ки чанд сол пештар рӯзноманигоре зиёиёни моро танқид ва забони адабии моро “мурда” номида, баҳсу ҷанҷоли зиёде барпо карда буд. “Мурда”, мисли гуё забони лотинӣ, ки ҳарчанд дар асарҳову катибаҳо дучор мешавад, бо он касе ҳарф намезанад.

Мавзӯи асосии мо каме дигархелтар аст, на мурдаву зинда будани забони адабӣ, балки мушкилоту хатарҳо, ё “рискҳо” ва дар айни замон имконот, ё ба қавле, “шонсҳои” забони адабии тоҷикӣ аст. Ва хатари бузургтарин барои забони давлатии мо, имрӯзҳо, хатари “дохилӣ”, яъне хатар аз ҷониби шеваву лаҳҷа дида мешавад: шеваву лаҳҷаҳои маҳалҳои гуногун, вале асосан як лаҳҷаи мушаххасе, ки майли гирифтани ҷойи забони адабиро дорад.

Хатари “дохилие”, ки дар айни замон, агар зуд ва қатъан пешгирӣ шавад, барои забони адабии тоҷикӣ имконоти бузургеро фароҳам меорад – на танҳо дар дохил, балки дар тамоми марзҳои забони форсӣ! Ва ин мавзуъро бо мисоли дигаре оғоз мекунем.

Ҳолати 2

Охирҳои тобистони гузашта ба шимоли кишвар сафар кардам. Ҷавоне дар чорраҳаи назди бозори калони Конибодом бо лаҳҷаи тозаи ҷануб (бо истифодаи “фр гаштан”-у “ҳова” ба ҷои “давр задан” ва “ҳа, бале”) гап зада, ба мо роҳи бозори марказиро нишон дод. Аз ӯ бо забони адабӣ пурсидам, лекин аз талаффузамон ё рақами мошинамон фаҳмида буд, ки аз аз тарафи Душанбе омадаем.

Ман бо тааҷҷуб аз ӯ пурсидам, ки оё аз ҷануб аст, вале маълум шуд, ӯ таҳҷоисту фақат чанд моҳ дар “Корвон”-и Душанбе, ба қавли худаш “мелочовкафурӯшӣ” карда будааст. “Иҷа бисёриҳо, алакай душанбегира хуб мефаҳманд, бо он озод гап мезананд...”, –гуфт ӯ.

Ин ҳолатҳо дар ҷанубу дар шимол, маро ба ҳайрат овард. Бояд гуфт, аз шимол саҳнаи дигаре ҳам дар ёдам монда буд: “Ким ҷим нашинад, калтака худдас” – гуфта, баъди дарсҳо муаллимбозӣ мекарданд бачаҳои 7–8 солаи рафиқам, ки дар хонааш як шаб истодем. Вай 3-4 сол пеш аз Душанбе ба Суғд ба вазифаи раиси кадом бахши гумрук гузашта, оилаашро низ бо худ бурда буд ва маълум, ки ин ибораҳоро бачаҳояш аз мактаб овардаанд.

Хулоса, баъди ба хона омадан баъзе маводро пайдо карда, хондам, вазъи истифодаи забону лаҳҷаро дар байни мардум ва расонаҳо каме таҳлил намудам. Ба хулосаҳои хеле ташвишомез омадам. Хулосаи аввалинам, албатта, ин буд, ки масъалаи забон, чӣ дар шакли лаҳҷа ва чӣ забони адабӣ/расмӣ, воқеан, хеле ҷиддӣ, хеле фарохтар аз доираи забоншиносӣ будааст.

“Забон – ҳастии миллат”

Масъалае будааст, ки ҳатто сарварони кишварҳо ба он таваҷҷуҳи хос зоҳир кардаанд: Президенти пешинаи Амрико ба кӯшишҳои пиронсолони қабилаи Сиу дар ҳифзи забони модариашон – лакота баҳои баланд додааст; Президенти Эрон аз зиёдатӣ будани тақрибан 2000 истилоҳи бегона сухан кардааст ва Путин аз тоза нигоҳ доштани забон то ба эҳтироми забонҳои дигар ишора кардааст. Сарвари худамон чӣ? Сарлавҳаи ин боби мо, ба ёд овардед, сарлавҳаи як асари ӯст.

Хулоса, ман қарор додам, ҳатман, ин масъаларо бештар биомӯзам ва чизе дар ин бора нависам – пешакӣ, ҳатто рӯи якчанд сарлавҳаи тахминӣ фикр ҳам кардам: “Хатари лаҳҷа ба забон”, “Кай мо дарборӣ не, балки шоҳонаву шоҳроҳӣ ҳарф мезанем?”, “Кай мо шоҳномавор ҳарф мезанем?” ва монанди ин.

Афлотун дӯсти ман аст, вале ҳақиқат - авлотар!

Имрӯзҳо, воқеан, на танҳо дар кӯчаву бозор, балки дар мактабу боғча, дар театру кино, радиову телевизион ва дар ҷаласаҳои умумии вазоратҳо тамоюли бо лаҳҷа, асосан бо лаҳҷаи ҷанубӣ гап задан боло рафта истодааст. Яке шояд инро ба хотири эҳтиром ва ё тамаллуқ мекунаду дигаре барои нишон додани мансубияти худ ва ё робитаи хуби худ бо макону ҳомилони ин лаҳҷа. Ҳамин хел он як навъ муд ҳам шудааст.

Навор ва суҳбатҳои ситораи нави Ютуб Абдурозиқро тамошо карда, ҳайрон шудам, ки аз Панҷакент будааст – фикри аввали ман ин буд, ки вай яке аз ҳофизону шӯхбачаҳои ҷамоати Ғарғараи Данғара мебошад!

Узбекҳои атрофи Душанбе дар ошхонаву дӯкон ва бозорҳои шаҳр чӣ?...

Филмҳои навбаромад чӣ? Дар баъзеи онҳо аз ибтидо то интиҳо танҳо бо лаҳҷа ҳарф мезананд. Шояд муаллифон бо ин роҳ мехоҳанд сустии худро пинҳон кунанд? Шояд хаёл мекунанд, то сухан лаҳҷаӣ набошад, табиӣ нест. Дар ҳоле ки ин нишони сатҳи рустоӣ будани ҳам муаллифон ва ҳам асар аст! Охир, Шолохов, Балзаку Ҷек Лондонро мо дар тарҷума, бо забони адабии тоҷикӣ мехонему онро табиӣ эҳсос мекунем ва воқеан мутаассир ҳам мешавем!

Лаҳҷа дар Интернет

Ҷавонҳо ҳоло ҳар чӣ бештар дар “чат”-ҳову шабакаҳои иҷтимоӣ саросемавор лаҳҷаи худро мисли “чоӣ?”, “чум?” ва ҳоказо истифода мебаранд, ки ин ҳам як рӯз оқибати ногуворе хоҳад дошт. Бо ин лаҳҷабозиҳои мо боз ягон рӯз Гугл “How are you?”-ро “Қалай Шумо?» ё “Чо кдӣ?” тарҷума накунад!

Яъне, Интернет дар ягон маврид, масалан, ба австралиягие, ки барои бузпарварӣ ба Тоҷикистон омадаасту тоҷикиро омӯхтан мехоҳад, шояд, «Намедонам»-ро ба тоҷикӣ «Чум» тарҷума карда диҳад! Яъне, Интернет дар ягон маврид, масалан, ба австралиягие, ки барои бузпарварӣ ба Тоҷикистон омадаасту тоҷикиро омӯхтан мехоҳад, шояд, «Намедонам»-ро ба тоҷикӣ «Чум» тарҷума карда диҳад! Дар кӯҳу даштҳои Суғд «ку» он касе, ки ӯро фаҳмида тавонад!

Албатта, забони Интернет ба муошират-коммуникатсия ногузир ихтисороту «миёнабуркуниҳо»-и зиёдеро ворид мекунад, вале инро низ бояд такя ба забони адабӣ кунад, на ба лаҳҷае!

Ва аҷоиботи кор дар он аст, ки ҳамаи ин таҳаввулот хеле зуд, тӯли ҳаёти як насли ҷавон рӯй дода истодааст! Замони тиҷорату равобити зич, Интернету телефонҳои мобилӣ, телевизиони сартосарӣ ва фазои ягонаи фарҳангиву иттилоотӣ, албатта, омилҳои мусоидаткунанда мешаванд.

Ва ташвиши асосӣ хам маҳз аз ин ҷоҳо сар мезанад! Ин тамоюл бар зарари тақвияти забони адабии классикӣ буда, доираи истифодаи онро ҳар чӣ бештар маҳдуд мекунад. Ҳатто дар замони Шӯравӣ чунин бепарвоӣ, озодрафторӣ дар истифодаи забон раво набудааст! Фазои истифодаи забони тоҷикӣ торафт маҳдуд мешудааст, лекин он ҷое, ки истифода мешудааст, бояд ба меъёрҳои забони адабӣ риоя мекардааст!

"Забон – лаҳҷаи дорои артиш ва нерӯҳои ҳарбии баҳрӣ?"

Эҳтимол, ҷонибдорони тамоюли лаҳҷагуфторӣ низ зиёд бошанд ва онҳо шояд гӯянд, ки ҳаракату тағйири забон як раванди табиист, ҳамаи забонҳо ба он гирифторанд ва пешгирӣ аз он мисли ҳифзи чароғи керосинӣ мебошад дар муқобили лампаи электрикӣ, забон бояд “корро буд кунад”, дигараш муҳим нест!

Ташбеҳи боло, “шамъу чароғи электрикӣ”, аз Ҷорҷ Орвел, нависандаи машҳури амрикоӣ гирифта шудааст, ки аз “тамоюлҳои бад” дар истифодаи забони англисӣ ҳарф мезанад. Дар рисолаи худ “Сиёсат ва забони англисӣ”, тақрибан миёнаҳои асри гузашта вай мегӯяд, ақидаи ом ин будааст, ки гӯё мардум дар ислоҳи вазъият коре карда наметавонанд –- “тамаддуни мо, ки дар ҳоли бад аст, забонамон низ бояд ин тақдирро қисмат кунад”. Гӯё забон худ як “падидаи табиист”, на василае, ки мо онро ба мақсади худ ташаккул дода метавонем.

Ва Орвел бо мисоли аҷоибе ин ақидаро рад мекунад. Вай мегӯяд, вазъ мисли ҳолати майзадае мебошад, ки аз бебарориҳои зиндагӣ ба майнӯшӣ дода шудааст, вале бо нӯшидани май вай вазъи худро боз ҳам бадтар мекунад! Яъне, натиҷа худ сабаб шуда, ин дафъа натиҷаро ба маротиб вахимтар мекунад!

Бинобар ин, дар забон низ, агар мо ирода нишон дода, баҳри ислоҳи вазъ бикӯшем, ҳатман муваффақ хоҳем шуд, хулоса мекунад нависандаи маъруф!

“Забон – лаҳҷаи дорои артиш ва нерӯҳои ҳарбии баҳрӣ?”

Инро як забоншиноси маъруф гуфта будааст ва яке аз далелҳояш чунин аст: англисҳо овози “р”-ро, бар хилофи амрикоиҳо, одатан, талаффуз намекунанд (“мошин”-и амрикоӣ, масалан, ҳама медонанд, “кар” аст, мошини англисӣ – “ка:” ё ки “парк” ва “па:к”) ва амрикоиҳо низ дар ибтидо дар Ню Йорк, ба гуфтаи муҳаққиқ, чандин муддате “р”-ро партофта, ба англисҳо тақлид мекардаанд, аммо баъди он ки Англия қудрати ҷаҳониву мустамликадории худро гум мекунад, дигар суханронӣ бидуни талаффузи “р” “престиж” ва ё афзал ҳисобида намешудааст!

Дар худи мо чӣ? Ҳиссачаи саволии “-мӣ”, ки онро асосан шимолиҳо истифода мебаранд ва солҳои салтанати Шӯравӣ ва шимолиҳоямон аз “минимум”-ҳои ҷанубиҳои тақлидкор шуда буд, ҳоло ин ҷо қариб тамоман истифода намешавад. Яке аз дӯстон шӯхӣ мекард, ки қариб “ата”-мон “дадо”, “очаҳо” “ая” ва “сатилҳоямон” “фақер” шуда буданд!

Ё ин ки хатти марзи истифодаи “мн, вом, вим” (лаҳҷаи самти Қаротегин, “ман, падарам, модарам”) солҳои охир маҳдудтар шуда, воқеан хеле ба шарқ, аз Роғун болотар... ақибнишинӣ кардааст. Ҳатто деҳаҳое дар ин минтақа ҳастанд, ки қисмашон мисли пеш “мн”, вале боқимонда, аллакай “ман” ё “ма” гуфта ҳарф мезананд.

Ва агар “ман” натиҷаи кори “шоҳроҳу” “Шоҳнома”, радиои “Фарҳанг”-у , ТВТ бошад, “ма” ҳатман таъсири ҳамон... “флоти ҳарбии баҳрӣ” мебошад!

Мегӯянд, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ маҳз надонистан ва ё аҳамият надодан ба баъзе хусусиятҳои лаҳҷаи силоҳбадастони “блокпост” дар вилояти Хатлон метавонист ҳаёти шахсро дар қаъри амвоҷи Вахш ба анҷом расонад. Ин ҷо, масалан, ҳамон “ман” ва ё “мн”, инчунин “картошка” ё “тушка” гуфтан дар назар аст, ки бисёр вақт аз рӯйи он мансубияти қавмӣ ва ё ҷабҳавии шахс муайян карда мешуд!

Поёни бахши аввал.

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.