Аз замони қатли Искандари Хатлонӣ, шоир ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, бист сол гузашт.
Ӯро 21-уми сентябри соли 2000 дар хонааш дар шаҳри Маскав ба қатл расонданд, вале то кунун касе барои куштани шоири тозагӯ ва хабарнигоре хушқалам, ки барои бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ва пеш аз он барои бахши форсии Би-би-сӣ гузориш медод, муҷозот нашудааст.
Искандари Хатлонӣ (Искандар Идиев) зодаи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон аст. Ӯ 12-уми октябри соли 1954 дар хонаводаи муаллим ба дунё омада, баъд аз хатми мактаби миёна таҳсилро дар Техникуми сохтмонии шаҳри Душанбе давом дод.
Аммо меҳру муҳаббат ба фарҳангу адаб ва шеъру шоирӣ, ӯро ба Донишкадаи адабии ба номи Максим Горкийи шаҳри Маскав бурд ва ин амр таҳаввулоте дар ҳаёти минбаъдаи ӯ ворид кард. Шеърҳои нахустини вай ҳанӯз дар айёми мактабхонӣ дар охири даҳаи 1960 ва аввалҳои даҳаи 1970 дар матбуоти шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявии Тоҷикистон чоп шудааст.
Бо он ки саҳми Искандари Хатлонӣ дар таҳия ва тарҷумаи осори шоирону нависандагони тоҷик дар Маскав муҳим дониста мешавад, ҳамзамон баргузории маҳфилҳо ва шабнишиниҳои адибони тоҷик бо ташаббусси вай сурат гирифтааст. Бахусус, маҳфили ёдбуди шодравон Лоиқ Шералӣ - шоири саршиноси тоҷик дар Маскав дар 11-уми августи соли 2000 охирин иқдоми Искандари Хатлонӣ қабл аз маргаш буд.
Аз Искандари Хатлонӣ чанд маҷмӯаи шеърӣ, назири «Парвоз» (1981), «Шукуфа» (1986), «Садои пои вожаҳо» (1988) ва «Кушоиш» рӯи чоп омадааст. Аммо Искандар шеърҳои дигаре низ гуфтааст, ки то ба ҳол дар як маҷмӯа гирдоварӣ нашудаанд. Алишер Идизода, бародари Искандар, ду сол пеш маҷмӯаи нав, ки ашъори ӯро аз овони мактабхонӣ то лаҳзаи маргаш дар бар мегирад, таҳия карда ва дар нашриёти «Адиб» чоп намуд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Аксҳои бештар аз Искандари Хатлонӣ:
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Искандари Хатлонӣ – марде аз сарзамини танҳоӣ. ВИДЕОГулрухсор: “Искандари Хатлонӣ 12 кило китоб нанавишт, аммо хуб навишт” ВИДЕОШонздаҳ сол бе Искандари Хатлонӣ. АКСУ ВИДЕОАксҳои ҷавонии Искандари ХатлонӣДар зодрӯзи равоншод Искандари ХатлонӣПас аз як даҳа қотили ӯ боздошт нашудааст