21-уми сентябр аз террори Искандари Хатлонӣ дар диёри ғурбат дар Маскав, дар даҳ сол мегузарад. Искандар шоири боэҳсос, рӯзноманигори ҷасур, мутарҷими тавонои тоҷик, ба бераҳмии ҷаллодона дар Русия кушта шуд. Бо дареғ Хатлонӣ, як даҳа аст, ки аз миёни мо рафта ва дар ин ҳама муддат низ қотили ӯ кашф ва боздошт нашудааст.
Искандари Хатлонӣ дар соли 1954 дар устони Хатлони Тоҷикистон чашм ба ҷаҳон кушод. Вай давраи омӯзишҳои дабистонӣ ва дабиристониро дар Тоҷикистон ва омӯзиши олиро дар Донишкадаи адабиёти ба номи Максим Горкий дар Маскав ба поён расонд. Хатлонӣ ҳангоми таҳсил дар Маскав дар маҳфили адабии донишкада, ки ҳафтае як бор баргузор мешуд, фаъолона ширкат мекард ва гоҳ-гоҳ шеърҳои худро мехонд.
Хатлонӣ дар соли 1985 ба унвони мутарюим ба Афғонистон фиристода шуд. Вай бо тарҷумонии дақиқ ва фасоҳати калом дар ҳарду забон, русӣ ва форсӣ, тавоноӣ, лаёқат ва шоистагии худро дар сатҳи боло дар ҳавзаи тарҷума нишон дод. Хатлонӣ дар Афғонистон ҳамзабонони худро дид, бо адабиёт ва шеъри муосири Афғонистон ва Эрон ба паймонаи густардае ошно шуд. Вай дар он солҳо бо ҷомеаи фарҳангӣ, адабӣ ва аҳли назар ва сиёсати Афғонистон ошноӣ ба ҳам расонд.
Кор ва зиндагӣ дар Афғонистон дар забон ва андеша, огаҳии миллӣ ва сиёсии Хатлонӣ таҳаввулоти чашмгире ба вуҷуд овард. Вай дар баргашт аз Афғонистон ба зодгоҳи хеш китобҳои шеър, достон, таърих ва фарҳангҳои забони форсиро бо худ меовард.
Нахустин дафтари шеъри Хатлонӣ дар Кобул ба номи “Садои пойи вожаҳо” дар ҳути соли 1988 чоп ва мунташир шуд. Ҳарчанд Хатлонӣ аз ҳамон овони ҷавонӣ ба шеър ва адабиёт рӯ оварда буд ва қаблан ду маҷмӯаи шеъраш ба номи “Парвоз” дар соли 1981 ва “Шукуфаҳо” дар соли 1985 дар Тоҷикистон чоп ва мунташир шуда буд. Ва ҳамчунин ашъораш дар рӯзномаҳо, маҷаллоти Иттиҳоди шӯравии собиқ ва расонаҳои Афғонистон мунташир шуда буданд.
Хатлонӣ дар соли 1989 ба Иттиҳоди шӯравии собиқ баргашт ва гоҳе дар Маскаву гоҳе дар Душанбе мезист ва дар гирдиҳамоиҳои фарҳангиён ва конфаронсҳои илмӣ ва адабӣ фаъолона ширкат мекард. Аммо машғулияти асосии ӯ идомаи корҳои адабӣ дар густураи бузургтар буд. Аз ин рӯ вай ба рағми имкониятҳои андаки молӣ даст ба интишори моҳномаи адабӣ-фарҳангии “Мужда” ба хатти форсӣ зад, ки ба истиқболи гарми хонандагон рӯбарӯ шуд. Ҳамчунин Хатлонӣ ба сурудани шеър идома дод ва дар соли 1997 маҷмӯаи нави ашъори худро бо номи “Кушоиш” дар шаҳри Душанбе чоп ва мунташир кард.
Бону Гулрухсор, шоири саршиноси Тоҷикистон дар сарсухани “Кушоиш” менависад: “Искандар марди роҳ аст, марди роҳи ҷустуҷӯ, гуфтугӯ,... марди роҳи шеъри ҳазорсола ва пуровозаи форсу тоҷик, ки ҳарду як аст. Ӯ дар кӯлаҳбори худ ганҷи пурбаҳои хотира, андарз, таърих, ҳунар, андеша ва қудрати тахайюлро ба дӯш мекашад.”
Дар пайи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ бӯҳрон сарпои ҷумҳуриҳои собиқи онро фаро гирифт ва дар Тоҷикистон ҷанги хунини дохилӣ ҳастии мардумро мебалъид. Хатлонӣ дар чунин авзоъ ва аҳвол ба унвони хабарнигори Бахши форсии Би-би-си дар Маскав гузоришу хабарҳои доғ аз рӯйдодҳои хунини Тоҷикистон ва ҷангҳои хунини танзимии Афғонистонро мухобира мекард.
Ӯ дар нимаи даҳаи навади садаи пешин аз ҳамкорӣ бо Би-би-си канорагирӣ кард ва андак баъд ба унвони хабарнигори Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар Маскав ба кори гузришгарӣ идома дод. Пӯшиши хабарӣ ва таҳлилҳои ҷасуронаи Искандари Хатлонӣ аз рӯйдодҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Осиёи Миёна ва Чеченистон, ки таъкид буд бар раванди сулҳ, истиқлол ва демукросӣ ва радди ҷанг, терроризм, толибизм ва мудохила ба мазоқи баъзеҳо аз гурӯҳҳои мофавқ набуд.
Искандари Хатлонӣ шоири боэҳсос ва андешапарвар, рӯзноманигори ҷасур ва содиқ, мутарҷими тавоно ва чирадаст буд. Шеъри вай бозтобдиҳандаи эҳсосоти латифи шоир ва шӯри ҳамосӣ ва дилбастагии он ба меҳани адабӣ ва фарҳангии форсизабонон ва ягонагиву пайвастагии онҳо мебошад ва саршор аз меҳанпарастӣ ва озодии инсон аст. Сарзамини забону адаби форсӣ меҳани Хатлонӣ буд. Вай забони форсиро ба лаҳҷаи Кобул, Теҳрон ва Душанбе ба роҳатӣ сӯҳбат мекард Вай ошиқи пуршӯр ва содиқи ин меҳани адабӣ буд.
Наҷмиддини Ковиёнӣ, шаҳри Амстердам
--------------------------------------------------------
Намунаҳое аз ашъори Искандари Хатлонӣ бо эҳтимоми ҷаноби Ковиёнӣ дар матбуоти Эрон ва Афғонистон мунташир шуданд.
Дар xуни ман ғурури ниёгон наҳуфта аст
Хашм у ситези рустами дастон наҳуфта аст
Дар тангнои сенаи ҳасрат-кашидаам
Гаҳвораи Басирати мардон наҳуфта аст
...
Хоки маро ҷазираи xушки гумон мабар
дарёи бекарон у xурӯшон наҳуфта аст
Холи дили маро ту зи тобу тавон мадон
Шери жиён миёни найистон наҳуфта аст
Пиндоштӣ ки решаи Пайванди ман гусаст
дар синаам ҳазор Хуросон наҳуфта аст."
* * *
Худоё, беватан мемирам охир
Ва бе гӯру кафан мемирам охир.
Агарчи ваҳдати ҷону танам ҳаст,
Парешонҷону тан мемирам охир.
Ватанхоҳони худхоҳу дурӯғин
Лагоми ёваро сар дода имрӯз
Даҳаншон кафф кунад аз доду фарёд,
Ба хилват лек хомӯшанду мармуз.
Ман аз пиндорашон огоҳам эй ёр,
Ман аз фарёдшон безорам, эй дӯст.
Ва ин бегонагони худнаморо
Ба гӯристон надидан низ некӯст.
Шигифт ояд маро з-ин ҳуққабозон
Ки дар пиндори худшон беназиранд.
Ба зоҳир подшоҳу хону султотн
Ба ботин лек ноаслу ҳақиранд.
Дар ин давлат, ки мо давлат надорем,
Ватан бозичаи дасти дигарҳост,
Ман он дардам, ки дармоне надорад,
Ман он мардам, ки бедор асту танҳост.
Устод Наҷмиддини Ковиёнӣ, донишманд ва пажӯҳишгари саршиноси Институти мутолиоти иҷтимоии Ҳолланд дар Амстердам, ин матлабро дар маҷаллаи “Ориёно” ба нашр расондаанд.