Тоҷикистон ва Афғонистон санади ҳамкориҳои стратегӣ имзо мекунанд

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Ҳаниф Атмар, сарпарасти Вазорати умури хориҷии Афғонистон.

Тоҷикистону Афғонистон миёни ҳам санади ҳамкориҳои стратегӣ имзо мекунанд. Дар ин бора Вазорати умури хориҷии Афғонистон хабар додааст. Таърихи дақиқи имзои созишномаи стратегӣ миёни Душанбе ва Кобул ҳанӯз эълон нашудааст, аммо ба эҳтимоли зиёд он дар ҷараёни боздиди қарибулвуқӯи Ашраф Ғанӣ аз Тоҷикистон ба тасвиб хоҳад расид.

КОБУЛ -- ШАРИКИ ДИГАРИ СТРАТЕГИИ ДУШАНБЕ

Дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Афғонистон рӯзи 17-уми сентябр хабар дод, ки ҷониби ин кишвар дар мулоқоти Душанбе иброз доштааст, ки ду кишвар метавонанд дар сатҳи миллӣ ва вилоятӣ бо ҳам кор кунанд ва барномаи муштараки амниятиро дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои стратегӣ матраҳ ва амалӣ созанд.

Ҳайати Тоҷикистонро дар ин гуфтугӯҳо вазири умури хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ва ҷониби Афғонистонро сарпарасти Вазорати умури хориҷии он кишвар Муҳаммад Ҳаниф Атмар раҳбарӣ карданд. Сарпарасти Вазорати умури хориҷии Афғонистон бо президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам мулоқоту гуфтугӯ кардааст.

Манбаъ аз қавли Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, Душанбе аз тарҳи таҳия ва имзои санади ҳамкориҳои стратегӣ миёни ду кишвар истиқбол мекунад.

Ҳарчанд ҷониби Душанбе ин мавзуъро шарҳ надодааст, аммо дар баёнияи матбуотӣ аз натиҷаи мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Афғонистон, ки дар вебсайти расмии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон нашр шуд, омадааст, "Тоҷикистон моил аст, ки заминаи ҳуқуқию қарордодии ҳамкории дуҷониба бо Афғонистонро таҳким ва вусъат бахшад. Ҳоло дар баррасии ҷонибҳо пешнависи чандин санади нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун қарор доранд".

Тоҷикистон то кунун бо чанд кишвар, аз ҷумла Чин, Русия, Қазоқистон ва Узбекистон санади ҳамкориҳои стратегӣ ба тасвиб расондааст.

ҲИМОЯТИ ДУШАНБЕ АЗ КОБУЛ ДАР МУЗОКИРОТИ СУЛҲ

Ҷониби Афғонистон дар мулоқотҳои Душанбе ҳамзамон аз мавзеъгирии усулии Тоҷикистон дар ҳимоят аз мавқеи ҳукумати Афғонистон дар хусуси сулҳ ва музокирот бо Толибон ситоиш кардааст. Музокирот миёни ҳукумати Афғонистон ва гурӯҳи Толибон барои поёни ҷанг дар он кишвар ҳамакнун дар Давҳа -пойтахти Қатар оғоз шудааст.

Тоҷикистон шояд ягон кишвари ҳамсояи Афғонистон бошад, ки давоми солҳои мавҷудияти Толибон бо ин гурӯҳ тамосе надоштааст ва мардум ва давлатмардони Афғонистон ҳамвора аз ин мавзеъгирҳои Душанбеи расмӣ ситоиш кардаанд. Дар солҳои муқовимат зидди Толибон, Тоҷикистон аз ҳукумати Бурҳониддин Раббонӣ ҳимоят мекард.

АФҒОНИСТОН АЗ ТОҶИКИСТОН БАРҚ МЕХОҲАД

Дар мулоқоти ҳайатҳои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ва Афғонистон масъалаи густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ низ матраҳ шудааст ва Афғонистон гуфтааст, ки хоҳони харидории барқи бештар аз Тоҷикистон мебошад ва ба ин манзур раиси ширкати "Брешно" дар ҳайати ҳамроҳи Ҳаниф Атмар ҳузур дорад, то бо ҳамтоёни тоҷики худ сӯҳбат кунад. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон ҳам гуфтааст, ки кишвараш дар бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ-обӣ таҷрибаи кофӣ дорад ва омодаи ҳамкориҳо бо Кобул дар ин замина мебошад.

Ҳукумати Тоҷикистон дар охири моҳи июл эълон кард, ки дар пайи шадидан кам шудани сатҳи об дар обанбори Норак, маҷбур шудааст содироти барқро ба хориҷа аз ҷумла ба Афғонистон коҳиш диҳад. Дар пайи ин тасмими ҳукумат, ширкати "Брешно" гуфта буд, Тоҷикистон содироти барқро ба Афғонистон то 90 дарсад кам кардааст.

Аммо ширкати "Брешно"-и Афғонистон ҳафтаи гузашта гуфт, Тоҷикистон эълони омодагӣ кардааст, ки содироти барқи худро ба Афғонистон дубора оғоз мекунад. Мақомоти тоҷик низ гуфтанд, каму зиёд шудани ҳаҷми интиқоли барқ ба Афғонистон аз боду ҳаво бастагӣ дорад.

АЗ ИСТИРДОДИ МАҲБУСОН ТО ҲАМКОРИҲОИ АМНИЯТӢ

Интиқоли кӯмакҳои башарӣ аз тариқи Бадахшони Тоҷикистон ба Бадахшони Афғонистон, истирдоди маҳбусон, таъсиси комиссияи ҳамкориҳои амнияти миёни ду кишвар аз дигар мавзуъҳои асосии мавриди баҳс миёни Сироҷиддин Мӯҳриддин ва Ҳаниф Атмар будааст.

Дар мулоқоти Душанбе мавзуи долонҳои нави нақлиётӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст ва Тоҷикистон аз эҷоди долони транзитии KTAI (Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон) пуштибонӣ кардааст. Ҳамчунин мувофиқат шудааст, ки дар чаҳорчӯби барномаи роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, бар фарози дарёи Панҷ пули роҳи оҳан бунёд шавад. Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, бунёди ин тарҳ ба наздикӣ оғоз мешавад

Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр марзи назораташ душвор дорад. Дар кишвари ҳамсоя беш аз чиҳил сол боз ҷанг идома дорад ва талошҳо барои созиши сулҳ ҳанӯз ба ҷое нарасидаанд. Мақомоти тоҷик ҳамвора аз таҷаммуи ҷангиёни хориҷӣ дар марзҳояш бо Афғонистон, ки дар миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд, нигаронӣ мекунанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!