Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз раҳбарии ҳукумати Афғонистон дар раванди сулҳ ҳимоят кардааст


Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон (аз рост) ва Ҳаниф Атмар, вазири умури хориҷии Афғонистон (аз чап).
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон (аз рост) ва Ҳаниф Атмар, вазири умури хориҷии Афғонистон (аз чап).

Вазорати умури хориҷии Афғонистон эълон кард, ки Тоҷикистон аз раванди сулҳ дар ин кишвар бо раҳбарии ҳукумати Афғонистон ҳимоят мекунад. Дар ҳамин ҳол Тоҷикистон мегӯяд, ки ин бор мизбони ҳамоиши "Қалби Осиё-Раванди Истанбул" хоҳад буд. Ин ҳамоиш ба мавзуи субот ва пешрафти Афғонистон бахшида шудааст.

Вазоратҳои умури хориҷии Тоҷикистон ва Афғонистон иттилоъ доданд, ки Сироҷиддин Муҳриддин, вазири хориҷии Тоҷикистон ва Муҳаммад Ҳаниф Атмар, сарпарасти вазорати умури хориҷии Афғонистон рӯзи 20-уми август гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд. Дар ин тамоси телефонӣ ду диломати баландпоя роҷеъ ба вазъи минтақа ва Афғонистон, раванди сулҳ дар ин кишвар ва густариши ҳамкориҳо миёни Душанбеву Кобул табодули назар кардаанд.​

Дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Афғонистон мегӯяд, ки оқои Сироҷиддин Муҳриддин дар ин тамоси телефонӣ назари Тоҷикистонро баён намуда ва гуфтааст, ки Душанбе аз мавқифи Кобул дар раванди сулҳ ба раҳбарии Давлати исломии Афғонистон, ҳимоят мекунад.

Вазорати умури хориҷии Афғонистон дар идома гуфтааст, ки ҳар ду ҷониб ба тавофуқ расиданд, ки ба ҳадафи тақвияти ҳарчӣ бештари ҳамкориҳо, президентҳои ду кишвар дар ояндаи наздик бо ҳам телефонӣ суҳбат кунанд.

Имкони афзоиши содироти барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон, аз мавзуъҳои дигари гуфтугӯ Сироҷиддин Муҳриддин бо Муҳаммад Ҳаниф Атмар будааст. Тоҷикистон моҳи гузашта эълон кард, ки бинобар ниёзи дохилӣ ба барқ, содироти барқ ба Афғонистон ва низ Узбекистонро коҳиш медиҳад.

Мавзуи баргузории ҳамоиши "Қалби Осиё-Раванди Истанбул" аз масоили дигари гуфтугӯи Сироҷиддин Муҳриддин ва Муҳаммад Ҳаниф Атмар будааст. Дар Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин ҳамоиш моҳҳои оянда дар Душанбе баргузор мешавад ва ҳамакнун раванди омодагӣ ба он оғоз шудааст.

Ҳамоиши "Қалби Осиё-Раванди Истанбул", ки ба мавзӯи сулҳу субот ва рушди иқтисодии Афғонистон бахшида шудааст, аз чанд сол ба ин тараф баргузор мешавад. Дар ин ҳамоиш намояндагони кишварҳо ва созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ иштирок мекунанд.

Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр марзи назораташ душвор дорад. Дар кишвари ҳамсоя беш аз чиҳил сол боз ҷанг идома дорад ва талошҳо барои созиши сулҳ ҳанӯз ба ҷое нарасидаанд. Мақомоти тоҷик ҳамвора аз таҷаммуи ҷангиёни хориҷӣ дар марзҳояш бо Афғонистон, ки дар миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд, нигаронӣ мекунанд.

Дар охири моҳи феврали соли ҷорӣ миёни Амрико ва Толибон дар Қатар созишномаи сулҳ ба имзо расид. Бар асоси ин тавофуқнома, ҳукумати Афғонистон ва Толибон бояд зиндониёни якдигарро раҳо карда, заминаро барои музокироти байналафғонӣ фароҳам созанд. То кунун ҷонибҳо садҳо зиндонии якдигарро раҳо кардаанд. Дар назар аст, ки бо раҳоии ҳамаи зиндониён, гуфтугӯҳои сулҳ миёни ҳукумати Кобул ва Толибон оғоз шавад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG