Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ятимов бо мақомоти афғон тақвияти марз ва муқобила бо терроризмро баррасӣ кард


Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо Асадуллоҳ Холид, сарпарасти Вазорати дифои Афғонистон. Кобул, 10 сентябр, 2020.
Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо Асадуллоҳ Холид, сарпарасти Вазорати дифои Афғонистон. Кобул, 10 сентябр, 2020.

Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба Кобул сафар карда, бо мақомоти афғон гуфтугӯ кардааст. Тибқи иттилои расмӣ, ҳайати КДАМ-и Тоҷикистон бо раҳбарии Ятимов рӯзҳои 9-11 сентябр дар Кобул қарор доштааст.

Хабаргузории расмии Тоҷикистон -- "Ховар" рӯзи 11-уми сентябр хабар дод, ки ҳайати КДАМ-и Тоҷикистон дар Кобул бо Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали президенти Афғонистон, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллӣ, Мирраҳмон Раҳмонӣ, раиси порлумон, Ҳамдуллоҳ Муҳиб, мушовири амнияти миллӣ, Аҳмад Зиё Сироҷ, раҳбари Раёсати амнияти миллӣ, Ҳаниф Атмар, вазири умури хориҷӣ, Асадуллоҳ Холид, вазири дифоъ ва Масъуд Андаробӣ, вазири умури дохилии Афғонистон, гуфтугӯ кардааст.

Ба иттилои манбаъ, вазъи амниятии ду кишвар ва минтақа, ҳифзи марзҳои давлатӣ, мубориза бо терроризм ва экстремизм, ҳамчунин тарҳҳои иқтисодӣ ва энержӣ, аз мавзуъҳои мавриди гуфтугӯи ҷонибҳо будааст.

Сайти расмии Вазорати дифои Афғонистон ҳам хабар дод, ки Асадуллоҳ Холид, сарпарасти Вазорати дифои он кишвар ва Саймуъмин Ятимов дар бораи ҳамкориҳои марзӣ, мубориза бо терроризм ва мавзуи сулҳ, гуфтугӯ кардаанд.

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар моҳи майи соли 2018 низ ба Кобул сафар карда, бо мақомоти баландояи Афғонистон роҷеъ ба амнияти минтақа гуфтугӯ карда буд.

Сафари оқои Ятимов ба Афғонистон дар ҳоле сурат мегирад, ки қарор аст шанбеи 12-уми сентябр дар шаҳри Давҳа-пойтахти Қатар, гуфтугӯҳои сулҳ миёни ҳукумати Афғонистон ва гурӯҳи Толибон оғоз шавад. Тоҷикистон гуфтааст, аз раванди сулҳ дар дар Афғонистон бо раҳбарии ҳукумати он кишвар ҳимоят мекунад.

Чанд рӯз қабл раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои афғонаш Ашраф Ғанӣ телефонӣ суҳбат карда буд. Аз ин пештар чунин тамоси телефонӣ миёни Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Ҳаниф Атмар, сарпарасти вазорати умури хориҷии Афғонистон сурат гирифта буд. Расонаҳои давлатии Тоҷикистон он замон навиштанд, ки раванди сулҳи Афғонистон ва густариши ҳамкориҳо миёни Душанбеву Кобул аз мавзуъҳои меҳварии гуфтугӯ миёни тарафҳо будааст.​

Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр марзи назораташ душвор дорад. Дар кишвари ҳамсоя беш аз чиҳил сол боз ҷанг идома дорад ва талошҳо барои созиши сулҳ ҳанӯз ба ҷое нарасидаанд. Мақомоти тоҷик ҳамвора аз таҷаммуи ҷангиёни хориҷӣ дар марзҳояш бо Афғонистон, ки дар миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд, нигаронӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG