Довталаби курсии президенти Тоҷикистон гуфт, соли 2027 ҳам айни корро мекунад

Фаромуз гуфтааст, ки акнун барои ислоҳи Қонуни интихобот саъй мекунад, ки иҷоза намедиҳад, касе мустақилона номзадиашро ба мақоми раиси ҷумҳур пешбарӣ намояд.

Фаромуз Иргашев, ҳуқуқшинос ва ягона довталаби курсии раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки худаш номзадиашро ба ин мақом пешниҳод кард, гуфт, ба қадри кофӣ имзо ҷамъ карда натавонист ва аз ин сабаб корзори интихоботиашро ба анҷом мерасонад. Муҳлати сабти номзадҳо ба мақоми президент рӯзи 15-уми сентябр поён меёбад.

Фаромуз Иргашев рӯзи 14-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, бо тими интихоботиаш 83 ҳазор имзо ҷамъ карданд, ки кофӣ нест, чун бар асоси қонун довталаби курсии раиси ҷумҳур барои сабти ном шудан ба ҳайси номзад бояд 260 ҳазор имзо ҷамъ оварад. Иргашев гуфт, варақаҳои имзоҳоро барои мушкил эҷод нашудан барои тарафдоронаш, нобуд мекунад. Ҳуқуқшиноси ҷавон афзуд, аз ин баъд барои ислоҳи Қонуни интихобот саъй мекунад ва ба Додгоҳи конситутсионӣ муроҷиат хоҳад кард.

Бар асоси қонуни мазкур, дар Тоҷикистон касе ҳақ надорад, мустақилона номзадиашро ба мақоми раиси ҷумҳур пешбарӣ кунад. Дар кишварҳои дигар чунин таҷриба ҳаст. Фаромуз Иргашев мегӯяд: “Бигзор қонунро мукаммал гардонанд. Чун ин талаботи қонун бисёр монеаовар аст, ки бисёр ҳуқуқи конситутсионии шаҳрвандро вайрон мекунад. Сар карда аз додани муҳлати зиёдтар барои ҷамъ кардани имзоҳо то зарурияти тасдиқ кардани имзоҳо аз сӯи раисони шаҳру ноҳияҳо, ки лозим нест. Онҳо ҳизби ҳукуматро муаррифӣ мекунанд ва баҳона карда, дар умрашон имзоҳоро тасдиқ намекунанд.”

Дар интихоботи гузашта номзади нерӯҳои мухолифи давлати Тоҷикистон Ойниҳол Бобоназарова низ ба гуфтаи мақомот натавонист 210 ҳазор имзои заруриро ҷамъ биоварад ва ба интихобот роҳ наёфт.

Ҳуқуқшиноси ҷавон афзуд, аз сабти ном накарданаш ноумед нашудааст ва соли 2027 низ айни корро мекунад ва барои расидан ба мақоми раиси ҷумҳури Тоҷикистон мубориза мебарад. Тасмими Фаромуз Иргашев барои пешбарии номзадиаш баҳсу вокунишҳои зиёдеро ба миён овард, зеро кори ӯ дар Тоҷикистон, ки барои саркӯби дигарандешон танқид мешавад, як навъ ҷасорат ва қолабшиканӣ ба ҳисоб меравад. Бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз ин тасмими ӯ ҷонибдорӣ карданд.

Мақомот ҳарчанд расман дар ин бора чизе нагуфтанд, аммо саҳифаи ҳукумати Бадахшон дар Фейсбук аз номи як омӯзгор ва сомонаи Маркази тадқиқоти стратегӣ тасмими Иргашевро танқид карданд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам алайҳи Фаромуз Иргашев як маъракаи бадномкунӣ оғоз шуд. Коршиносон бо ишора ба ин ҳама ҳадс мезаданд, ки мақомот ба вуруди як номзади мустақил ба интихобот роҳ намедиҳанд.

"Зеби интихобот мешуд"

Ба гуфтаи Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари масоили сиёсӣ, ширкати як номзади мустақил метавонист, ба интихобот таъсири ногаҳонӣ расонад, ки пешгӯи карданаш душвор аст. Ӯ афзуд: “Ин як омили нав аст ва бинобар таҷрибаи дигар кишварҳо бахусус таҷрибаи Беларус ҳамин гуна омилҳои нав шояд боиси нигаронӣ бошад. На танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар кишварҳои собиқ шӯравӣ ин нигарониҳо вуҷуд доранд.”

Аммо коршиносони наздик ба ҳукумат дар бораи талошҳои Фаромуз Иргашев назари дигар доранд ва мегӯянд, мақомот барои ширкати ҳуқуқшиноси ҷавон дар интихобот ягон монеа пеш наовардаанд, танҳо Иргашев бояд талаботи қонунро иҷро кунад. Сайфулло Сафаров, муовини собиқи раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ мегӯяд, Иргашев мехост дар сафи муборизон бошад, “вале ҳамчун ҳуқуқшинос ҷиҳатҳои гуногуни қонунро ҳоло намедонад, вазъият бахусус вазъияти сиёсиро.”

Сайфулло Сафаров афзуд: “Агар дар интихобот ширкат ҳам мекард, чизеро тағйир дода наметавонист. Аммо як зеби сабқати интихоботӣ мешуд, чун мо медидем, ки ҷавонон албатта як қисмаш, ки саводи сиёсиву фаҳмиши ҳуқуқӣ надоранд, нохудогоҳ ба ӯ овоз медоданд. Ин ҳам нишонаи сохтори демократии ҷомеа мешуд.”

Сабти панҷ номзад ба мақоми раиси ҷумҳур

Рӯзи 11-уми сентябр муҳлати ҷамъ кардани имзоҳо ба тарафдорӣ аз номзадҳо ба поён расид. Комиссияи марказии интихобот панҷ нафарро ба ҳайси номзад ба мақоми раиси ҷумҳур дар интихоботи моҳи октябр сабти ном кардааст. Рустам Латифзода аз Ҳизби аграрӣ, Абдуҳалим Ғаффорзода аз Ҳизби сотсиалистӣ, Рустам Раҳматзода аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Мироҷ Абдуллоев аз Ҳизби коммунистӣ, Эмомалӣ Раҳмон, аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил, Иттифоқи ҷавонон ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон номзадҳоест, ки сабт шудаанд.

Наврӯз Самадзода, котиби комиссия рӯзи 14-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳуҷҷатҳои Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ дар баррасӣ мебошанд. Қарор аст, фардо шаҳодатномаи ширкат дар интихоботро ба номзадҳо ба мақоми президент супоранд. Маъракаи таблиғи номзадҳо ҳам баъди гирифтани шаҳодатномаи номзадӣ оғоз мешавад.

Интихоботи президентии Тоҷикистон рӯзи 11-уми октябр сурат мегирад. Аз ҳоло бисёриҳо тахмин мезананд, ки натиҷаи интихобот маълум аст ва иштироки чанд нафар ба ҳайси номзад танҳо барои рақобатӣ вонамуд кардани интихобот аст. Назаре, ки тарафдорони ҳукумат ва номзадҳои сабтшуда онро рад мекунанд. Аксарият пешбинӣ мекунанд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури феълӣ дигарбора 7 соли дигар дар мақомаш мемонад.

Аз ҳафт ҳизби сиёсии Тоҷикистон, танҳо Ҳизби сотсиал-демократ дар интихобот ширкат надорад. Ин ҳизб ягона нерӯи мухолиф дар дохил охири моҳи август эълон кард, интихоботро таҳрим ё бойкот мекунад.