Як таҳқиқи Радиои Озодӣ нишон дод, ки буҳрони коронавирус система ё низоми маорифи Тоҷикистонро дар ҳолати ногувор қарор додааст. Бо гузашти се ҳафта аз оғози соли нави таҳсил, мақомоти маориф мегӯянд, ҳузури донишомӯзон дар мактабҳо 96 дарсадро ташкил медиҳад.
Таҳқиқи Радиои Озодӣ баёнгари он аст, ки бисёре аз волидон кӯдаконашонро ба мактаб рафтан намемонанд, чун аз эҳтимоли мубтало шудани фарзанди худ ба бемории СОVID-19 метарсанд. Чунин вазъ дар ду ҳафтаи аввали соли нави таҳсил дар вилояти Суғд мушоҳида шудааст. Як манбаи Радиои Озодӣ дар идораи маорифи вилоят гуфт: “То якуми сентябр танҳо ҳудуди 50 дарсади хонандагон ба мактаб наомаданд. Пас аз якуми сентябр дар баъзе аз мактабҳо аксарият ва дар баъзеи дигар то 70 дарсад ба дарс ҳозир шудаанд”.
Имсол таҳсил дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон ду ҳафта пештар, яъне 17-уми август, шуруъ шуд ва мақомот интизор доштанд, ба ин васила таътили барвақтиро ҷуброн кунанд. Вазорати маорифи Тоҷикистон барои роҳ надодан ба сирояти эҳтимолии коронавируси нав аз рӯзи 27-уми апрел то 10-уми майи соли 2020 муваққатан таътил эълон кард, вале сипас онро то моҳи август идома дод.
Дар бистари беморӣ
Беморӣ ҳамчунин ҳузури муаллимонро ҳам дар мактабҳо камтар кардааст. Мудири маорифи шаҳри Хуҷанд Муҳайё Акмалхӯҷаева, ки бо нишонаҳои бемории СOVID-19 дар бемористони вилоятӣ ва сипас дар хонааш табобат гирифт ва Осим Каримзода, мудири маорифи вилояти Суғд, ки аз фишори баланди хун дар манзилаш бистарӣ буд, танҳо 1-уми сентябр дар ҷойи корашон ҳозир шудаанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар ҳоле ки ин ду мудир баъд аз табобат ба кор баргаштанд, Ҷамолиддин Шукуров, сардори раёсати маориф дар минтақаи Кӯлоб аз бистари беморӣ бо Радиои Озодӣ суҳбат кард. Вай гуфт аз илтиҳоби шуш муолиҷа мегирад ва саломатияш хуб аст. Шукуров гуфт, бо вуҷуди беморӣ аз вазъи мактабҳои минтақа огоҳ аст: “Мудири маорифи ноҳияи Ховалинг занг зада гуфт, ки ҳудуди даҳ талабаи яке аз мактабҳои ноҳия ҳарорати баланд доранд, мактабро карантин кунем. Ман гуфтам, ки мо наметавонем. Инро танҳо вазорат ва ситод метавонанд. Баъди санҷишҳо маълум шуд, ки кӯдакон гулӯдард шуда, ҳарораташон баланд шудааст. Ҳоло мактаб кор мекунад”.
Худи Шукуров ҳамсарашро аз даст додааст. Оғози соли нави таҳсил дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки тайи ҳафтаҳои ахир шумори беморон ва ҷонбохтагон аз бемории COVID-19 ва он чӣ мақомот “илтиҳоби шуш” меноманд, афзоиш ёфтааст. Ҳамзамон нигарониҳо дар бораи имкони густариши беморӣ ба воситаи донишомӯзон бештар шудааст.
Марги омӯзгор
Чанд мавриди бемор шудани омӯзгорон ва ҳатто маргу мир аз он бисёре аз волидонро нигарон кардааст. Аз ҷумла, дар пайи марги мудири мактаби шумораи 63 дар деҳаи Ҷуйбодоми ноҳияи Рудакӣ хонандагони ин муассисаи таълимӣ ду рӯз ба таътил фиристода шуда, масъулон мактабро поккорӣ кардаанд.
Шоиста Одинабековаи 56-сола рӯзи 25-уми август, пас аз ду рӯзи бистарӣ шудан, дар яке аз бемористонҳои пойтахт даргузашт. Пайвандонаш гуфтанд, ӯ бемории қанд дошт, вале пеш аз маргаш ҳарорати баланд ва сурфа азияташ медод. Маҳбуба Раҳимова, муовини мудири маорифи ноҳияи Рӯдакӣ, дар як тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Баъд аз марги муаллима мактабро рӯзҳои 26 ва 27-уми август поккорӣ карданд. Барои эҳтиёт тамоми омӯзгорони мактаб аз ташхис гузаштанд. Ҳоло дар мактаб хонандагон таҳсил доранд”.
Поккории мактаб пас аз фавти мудир бисёре аз волидонро дудила кардааст. Саидҷон, падаре, ки ду фарзандаш дар ин мактаб таҳсил мекунанд, ба Радиои Озодӣ гуфт: “Хостам бачаҳо ба мактаб нараванд, чун дар хона модари пир дорам ва мабодо ягон бемориро наоранд. Омӯзгорон гуфтанд, ки тамоми мактабро поккорӣ карданд. Ҳоло бачаҳоям бо ниқобу антисептикҳо ба дарс мераванд.”
Волидони бемор
Дар ҳамин ҳол, Ҷалолиддин Амиров, котиби ситоди дохилии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, мегӯяд, дар давраи нави таҳсил ҳеч маврид аз бемории хонандагону омӯзгорон аз коронавирус сабт нашудааст. Ба гуфтаи ӯ, мақомот аз тамоми муассисаҳои таълимӣ талаб кардаанд аз ошкор шудани бемории омузгорону хонандагон бидуни ҳеҷ пинҳонкорӣ ба вазорати маориф ва илм хабар диҳанд.
Як зан аз вилояти Суғд гуфт, ки ӯву шавҳараш тахминан бист рӯз боз гирифтори беморӣ ҳастанд ва ҳоло бо машварати табибон дар хона ба табобат идома медиҳанд. Ду фарзанди мактабхони онҳо бо машварати пизишкон муваққатан аз рафтан ба дарс худдорӣ мекунанд. Ҳамсуҳбати мо, ки нахост номаш ошкор шавад, гуфт: “Писарам дар синфи 6 ва духтарам дар синфи 8-ум мехонанд. Табибон гуфтанд ба мактаб хабар додан кофист, ки падару модар бемор шуданд, барои ҳамин фарзандонро аз мактабравӣ боздоштанд.”
Омори шубҳабарангез
Ҳукумати Тоҷикистон аз нашри иттилоъ дар бораи ҷинс ва синни беморон ё фавтидагон аз коронавирус, макон ва касбу кори онҳо худдорӣ мекунад. Аз ин рӯ, маълум нест, ки чанд нафари кормандони маориф аз ин беморӣ даргузаштаанд. Аммо Диловар Исозода, мудири маорифи Хатлон, ду моҳ пеш аз марги даҳ корманди соҳаи маориф аз беморӣ дар вилоят хабар дода буд. Ба ҳар ҳол, омори дақиқе аз вазъияти гирифторӣ ба COVID-19 дар кишвар дар даст нест.
Ҳангоми таҳияи гузориши Радиои Озодӣ ҳадди ақал марги як мудири мактаб дар давраи соли нави таҳсил, бистариву табобат шудани чанд омӯзгор ва бо ҳарорати баланд ҷавоб додани даҳҳо хонанда, аз ҷумла дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ва Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тасдиқ шуд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон рузи 8-уми сентябр эълон кард, ки шумори гирифторон ба COVID-19 ба 8860 ҳазор нафар расидааст ва 70 нафар фавтидаанд. Аммо на ҳама ба омори расмӣ бовар доранд ва мегӯянд, ки теъдоди беморон ва талафот зиёдтар аз он аст, ки мақомот мегӯянд.