Бино ба дастури ҳукумат, таҳсил дар мактабҳои Қирғизистон бояд фосилавӣ ё онлайн сурат гирад, аммо хатари пурра иҷро нашудани тарҳ вуҷуд дорад. Дар баъзе аз деҳаҳои дурафтода натанҳо Интернет, балки иртиботи мобилӣ ҳам нест.
Дар деҳаи Қарошаҳри ноҳияи Тонг дар Қирғизистон Интернет тақрибан дастнорас аст, аммо Байэл ҷойи пайдо кардани мавҷро медонад. Ӯ ва хоҳару додаронаш дар фасли баҳор, ки таҳсил фосилавӣ буд, маҳз дар як баландӣ вазифаи хонагиро қабул карда, дубора ба устодон мефиристоданд.
Назира Ҷолбулоқова, модари Байэл, мегӯяд, "мо бисёр азоб кашидем, чунки иртибот бисёр бад аст."
Дар оилаи Ҷолбулоқова панҷ нафар мактабхонанд. Вазорати маорифи Қирғизистон тасмим гирифтааст, ки аз моҳи сентябр ба ҷуз аз хонандагони синфи якум, дигарон фосилавӣ дарс хонанд. Танҳо Байэлу хоҳараш телефони ҳушманд доранд. Хоҳарону додарони дигари ӯ маҷбур ҳастанд, ки барои гирифтану иҷрои вазифаи хонагӣ дар навбат истанд.
Қарор аст, ин тирамоҳ тавассути телевизион дарсҳои онлайнро намоиш диҳанд. Хонаводаи Қундуз Мақсудова аз нӯҳ нафар иборат аст, вале ҳамагӣ як телевизор ва як телефони ҳушманд доранд. Модари хонавода Қундуз Мақсудова мегӯяд, "аллакай ду сол шуд, ки барои овардани хатти Интернет ба деҳа ваъда медиҳанд, аммо иртибот ҳамчунон бад аст. Баъзан кӯдакон вазифаҳои хонагиро иҷро мекунанд, вале фиристода наметавонанд."
Дар бораи низоми хонанишинӣ касе фикр намекунад, ҳама дар андешаи онанд, ки аз барномаи таълимӣ дур намонанд. Таҳсили фосилавӣ, ки мансабдорон дар пойтахт тарҳашро кашидаанд, зоҳиран дар деҳаҳо ба кор намеояд.
Оибатбибӣ Қурбонова, сокини деҳаи Қарошаҳр гуфт, "бисёр мешавад, ки кӯдакон мавзуъҳоро намефаҳманд ва зуд ба хонаи муаллимон мераванд. Ҳамаи онҳо ҳамсояи мо ҳастанд, дар наздикӣ зиндагӣ мекунанд."
Аз таҳсили онлайн дар деҳаҳое, ки Интернет надоранд ва ё мавҷи Интернет суст аст, муаллимон аз падару модарон дида, бештар азият мекашанд. Онҳо тамоми рӯз деҳаро мегарданд, ки мавҷи Интернет пайдо кунанд.
Ҳурмат Имонғозиев, яке аз омӯзгорони деҳаи Қарошаҳр мегӯяд, "наметавонам навори кӯтоҳеро, ки ҳамагӣ ҳафт сония аст, ба телефони худ бигирам. Боз мо дар наздикии бинои мактаб ҳастем, ҷое, ки бовар меравад, мавҷи Интернет хуб аст. Ба дохили деҳа равед, ё хадди ақал сад метр дуртар аз инҷо, мавҷ тамоман гум мешавад. Чунин видеоҳои кӯтоҳро шогирдони мо дар ду соат ҳам ба телефон ё компютери худ гирифта наметавонанд."
Дар ҳақиқат, ҳатто барои гуфтугӯи телефонӣ сокинони деҳа ба назди мактаб мераванд, ки дар баландӣ ҷойгир аст. Ба маҳзи ин ки чанд қадам дуртар рафтанд, иртибот канда мешавад.
Сокинони маҳаллӣ бовар доранд, мушкил дар симчӯбҳои кӯҳнаест, ки дар замони Шӯравии собиқ насб кардаанд. Муовини раиси ноҳияи Тонг мегӯяд, чизе аз намояндагони ҳукумати маҳаллӣ вобаста нест. Ба қавли ӯ, чунин деҳаҳо, ки натанҳо Интернет, балки мавҷи одии телефони мобилӣ надоранд, зиёд аст. Мансабдор гуфт, дар чунин маҳалҳо бояд ширкатҳои мухобиротӣ антенна гузоранд.
"Мо ба ду ширкати бузурги мухобиротӣ муроҷиат кардем, ки дар ноҳия антеннаҳои иловагӣ насб кунанд. Аммо то ба ҳол натиҷае нест", -- афзуд ӯ.
Дар ҳоле ки мансабдорон даст рӯйи даст нишастаанд, муаллимонро зарур аст, ки аз пайи ҳалли мушкил шаванд. Онҳо ният доранд, ки ин ҳафта ба назди раиси вилоят ба Қарокӯл раванд. Агар дар онҷо гуфтанд, ки коре карда наметавонанд, пас, омӯзгорону шогирдонашонро зарур меояд дигарбора гирд-гирди деҳаро бигарданд, то мавҷи Интернетро пайдо кунанд.