Садҳо ҷавони тоҷик, ки барои таҳсил дар донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ қабул шудаанд, аз мақомот талаб доранд, сафари онҳоро бо парвози чартерӣ ё ғайринақшавии ҳавопаймоҳо таъмин кунанд.
Намояндагони Вазорати маориф ва илм гуфтанд, ин кор танҳо аз хоҳиши онҳо вобаста нест, балки ризояти кишварҳои қабулкунанда зарур аст. Дар пайи густариши бемории COVID-19, панҷ моҳ пеш, парвозҳои маъмулӣ байни Тоҷикистону кишварҳои дигар қатъ гардид.
Нигаронии донишҷӯён аз он аст, ки замони таҳсил дар донишгоҳҳо фаро расид, вале масъалаи сафари онҳо ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст. Абдуҷалил Қурбонов, ҷавони 22-солаи тоҷик, мегӯяд, имсол ба магистратураи Донишгоҳи технологии Русия дохил шуд ва нома гирифтааст, ки худро то якуми сентябр бирасонад.
Ӯ рӯзи 28-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, вазъияти пешомадаро дарк мекунад, аммо агар сафараш ба Русия ба таъхир уфтад, ба идомаи таҳсил ва нақшаҳои дигараш бетаъсир намемонад.
"Баъд аз хатми донишгоҳ дар кишвар, имсол ба магистратураи Донишгоҳи технологии Русия тариқи онлайн имтиҳон супорида, дохил шудам. Аз донишгоҳ тамос гирифта, гуфтанд, то якуми сентябр ба дарсҳо ҳозир шавед, агар дер оед, дар гирифтани стипендия мушкил пеш меояд. Барои ҳамин, мехоҳем иҷоза диҳанд, бо рейсҳои чартерӣ зудтар равем", -- афзуд ҷавон.
Ин шабу рӯз масъалаи ҳозир шудан ба донишгоҳҳои хориҷӣ ва ё аз чӣ гуна аз худ намудани барномаҳои таълимӣ на танҳо Абдуҷалил, балки ҷавонҳои дигарро низ ғарқи андеша кардааст. Фазлиддин Мӯсоев, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, мегӯяд, "аз моҳи сентябр дарс дар Русия сар мешавад, лекин масъалаи парвозҳо бароямон маълум нест".
Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон рӯзи 28-уми август ба Радиои Озодӣ гуфтанд, барои қабули донишҷӯён аз сӯи кишварҳои хориҷӣ бо ҳамтоёни худ музокирот доранд, вале масъала пурра ҳал нашудааст.
Илҳом Камолзода, сардори раёсати муносибатҳои байнулмилалии Вазорати маориф, гуфт, ба мақомоти Русия низ нома фиристода буданд, ки то куҷо ба қабули донишҷӯёни тоҷик омодаанд, "аммо ин кишвар то ҳол посух надодааст".
Ба қавли ӯ, дар ҳоли ҳозир танҳо Белорусу Украина омодагии худро барои қабули донишҷӯёни тоҷик изҳор доштаанд. Дар ҳамин ҳол, ширкати "Сомон Эйр" хабар дод, ки рӯзи 30-юми август як ҳавопаймояш донишҷӯёнро ба Минск мебарад.
"Бо Русияву Чин низ музокирот дорем, умедворем посух медиҳанд, аммо то ҳол ҷавоб надодаанд", -- гуфт Илҳом Камолзода.
Тибқи иттилои расмӣ, Русия имсол барои довталабони тоҷик 630 бурсия ё квота ҷудо кардааст. Ба иттилои Вазорати маориф, шумораи умумии донишҷӯён дар донишгоҳҳои Русия ҳудуди 26 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Илҳом Камолзода, масъули Вазорати маориф ва илм, гуфт, дар сурати таъхир дар қабули донишҷӯён аз сӯи кишварҳои дигар, имкони роҳандозии таҳсили фосилавӣ ё онлайн вуҷуд дорад. Аммо баъзе аз ҳамсуҳбатони мо гуфтанд, дар шароити Тоҷикистон бо Интернети сусту гарон омӯзиши фосилавӣ мушкил аст ва беҳтар аст ҳузурӣ дарс бихонанд.
Камолзода низ гуфт, барои донишҷӯёни баъзе ихтисос, ба монанди тиббию техникӣ, ҳузури донишҷӯён дар донишгоҳ ҳатмӣ аст, зеро тариқи фосилавӣ самараи хуб намедиҳад.
Бархе аз огоҳон ба ин назаранд, ки масъалаи қабули довталабони тоҷик аз сӯи кишварҳои хориҷа ба буҳрони коронавируси нав дар кишварҳо вобаста аст.
Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илм, дар маҷмуъ шумораи умумии донишҷӯёни тоҷик дар 30 давлати дунё беш аз 34 ҳазорро ташкил медодааст. Ҳамин сол 1800 бурсия барои қабули довталабони тоҷик аз сӯи кишварҳои ҷаҳон ҷудо шудааст.
Панҷ кишвари асосие, ки шумори бештари донишҷӯёни тоҷик дар онҷо таҳсил мекунанд, Русия, Чин, Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон ҳастанд. Дар Чин севуним ҳазор донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!