Як гурӯҳ аз муштариёни собиқи ширкати "Манзили дастрас" аз шаҳрдории Душанбе хостаанд, ки барои бозпас гирифтани пулҳои додаашон кумак кунад. Шумори ин арфод ҳудуди сад нафар аст. Онҳо аз он нигаронӣ доранд, ки бо гузашти моҳҳо аз зиндонӣ шудани раиси пешини "Манзили дастрас" на пулашонро гирифта метавонанд ва на соҳиби хона шуда метавонанд.
Додгоҳи шаҳри Душанбе моҳи феврали имсол Нурулло Наимов, раиси пешини ширкати "Манзили дастрас"-ро ба 21 соли зиндон маҳкум кард. Панҷ ҳамроҳи ӯ аз 8 то 16 сол аз озодӣ маҳрум шуданд.
Савсан Ниёзова, сокини шаҳри Душанбе, се сол пеш бо умеди соҳиби хона шудан ба масъулони "Манзили дастрас" 14 ҳазору 800 доллар дод, аммо натанҳо соҳиби хона нашуд, балки маблағи додашро бозпас гирифта наметавонад. Ӯ рӯзи 1-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукми зиндони Нурулло Наимов барои ӯ ва ҷабрдидаҳои дигар ҳеч кумак намекунад ва, беҳтар аст, маблағи онҳоро бозгардонанд.
"Дигар намедонем ба кӣ умед бандем. Амволашро ҳабс карданд, бояд онҳоро фурӯхта, пули моро медоданд. Нусхаи ҳукми додгоҳро ба дасти судиҷрочиён расонида будем. Инҷо касе шинос дошт, соҳиби хона шуд, вале одамоне ба мисли мо дар кӯча монданд", -- афзуд ҳамсӯҳбати мо.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Муштариён мегӯянд, пас аз эълони ҳукми Нурулло Наимов умед доштанд, ки маблағҳояшон баргардонида мешавад, аммо бо гузашти панҷ моҳ касе суроғашон намекунад. Ба қавли онҳо, чанд бор аст, ки ба шаҳрдори Душанбе муроҷиат мекунанд, вале бовар доранд, номаҳояшон дар сатҳи муовинони шаҳрдор баррасӣ шуда, пас мегардад ё беҷавоб мемонад.
Яке дигар аз муштариёни ширкат гуфт: "Ба назди судиҷрочиҳо рафтем. Мегӯянд, амволи ӯро аз ҳисоби ҳукумати шаҳр бояд озод кард ва баъдан метавонанд молу мулки Наимовро фурӯшанд. Мо ҳам пул додему ҳам саргардон шудем."
Дар шаҳрдории Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки номаи шикоятии муштариёни "Манзили дастрас"-ро баррасӣ доранд. Сайфулло Раҷабзода, масъули бахши ҳуқуқ дар ҳукумати пойтахт, гуфт: "Амволи раҳбари пешини ширкатро на шаҳрдорӣ, балки давлат мусодира кардааст. Дар ин ҷо Хадамоти иҷро ниҳоди масъул аст."
Шарифхон Раҳмонзода, як масъули Хадамоти иҷро дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, рӯзи 1-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ҳисоби амволи Нурулло Наимов танҳо як хона ба ин ноҳия дохил мешавад. Вай афзуд, ҳоло мутахассисон дар пайи муайян кардани арзиши ин хона ҳастанд ва баъд ба фурӯш мегузоранд.
"Ин, албатта, кам аст, вале вақте фурӯхта шуд маблағаш ба ҷабрдидаҳо медиҳем. Вале мо наметавонем тамоми ҷабрдидаҳоро қонеъ кунем. Ҳоло ин амвол дар марҳилаи нархгузорӣ аст. Молу мулки дигари раҳбари пешини ширкат дар ноҳияҳои дигар ҳам ҳаст", -- шарҳ дод ӯ.
Маблағи амволи мусодирашудаи раҳбари пешини ширкат 23 миллион сомонӣ гуфта мешуд, аммо муштариён мегӯянд пули онҳо камтар аз ин аст ва агар ҳукумати шаҳр хоҳад, ин мушкилро ҳал мекунад.
Абдулҳафиз Қароқулов, вакили мудофеи Нурулло Наимов, ба Радиои Озодӣ гуфт, аз рӯйи ҳукми додгоҳ ба зинаҳои болоӣ шикоят бурд, то муддати ҳукми нафари зери ҳимояташ кам карда шавад, аммо зинаҳои болоии додгоҳ онро бетағйир гузошт. Қароқулов гуфт, "то ҷое медонам, муштариён дар алоҳидагӣ аз болои ҳукм шикоят карданд, вале аз ин қисмати кор дигар хабар надорам."
Сохтмони хонаҳои "Манзили дастрас" дар Душанбе соли 2013 оғоз шуда, қарор буд, моҳи сентябри соли 2015 нахустин соҳибони худро пайдо намояд. Шаҳрдори собиқи Душанбе бо роҳандозии тарҳи "Манзили дастрас" мехост, аҳли фарҳангу ҳунар, омӯзгорону табибон ва дар умум кормандони буҷавӣ бо манзили арзон таъмин шаванд.
Нархи як метри мураббаъ аз хонаҳои ин ширкат вобаста ба ошёнаҳо аз 1981 то 4501 сомонӣ буд, ки дар муқоиса ба сохтмонҳои нав дар Душанбе арзонтар аст. Саҳми аввали он 50 дарсади арзиши умумии хонаро ташкил дода, маблағи боқимонда моҳ ба моҳ тақсим мешуд. Харидорон моҳе як бор онро ба суратҳисоби бонкии корхонаи "Манзили дастрас" мегузаронданд.
Соли 2017 ин ширкат муфлис ва баъдан раҳбари он ҳамроҳ бо чанд каси дигар бо гумони қаллобӣ боздошт шуданд. Молики нави ширкат рӯзи 27-уми декабри соли гузашта бахше аз ин тарҳи нотамомро ба анҷом расонид ва ба соҳибонашон супорид. Аммо бо ин мушкили гурӯҳе аз муштариён, ки дар даст санадҳои норӯшан ва ё ба қавли ҳуқуқдонҳо қалбакӣ доранд, ҳалношуда монд.