Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сармояҳои барбодрафта? Шикваи онҳое, ки аз "Нури Раҳмон" хона мехостанд. ВИДЕО


Муштариён мегӯянд, моликони ширкати "Нури Раҳмон" ба ҷуз ду ошёнаи аввал табақаҳои дигари биноро насохтаанд
Муштариён мегӯянд, моликони ширкати "Нури Раҳмон" ба ҷуз ду ошёнаи аввал табақаҳои дигари биноро насохтаанд

"Як зани солхӯрда дар маҷлис, дар ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ, вақте инро шунид, аз ҳуш рафт ва ӯро ба берун бароварданд. Мақомот ваъда доданд, ки то ҳадди имкон мушкилро ҳал мекунанд". Ин нақли яке аз муштариёни ширкати сохтмонии “Нури Раҳмон” аст, ки қарор буд имсол бунёди манзили бисёртабақаеро дар назди бозори "Меҳргон"-и Душанбе ба анҷом расонад, аммо ба қавли муштариён "ба ҷуз ду ошёнаи аввал чизе насохтааст ва пули додаи онҳоро низ барнамегардонад".

Ширкати "Нури Раҳмон" ба Ҳусайн Саидов, писари Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари пешини Иттиҳоди нирӯҳои оппозитсиюни тоҷик ва раиси собиқи Комиссияи Оштии Миллии Тоҷикистон, мутааллиқ аст. Ба иттилои дарёфтӣ, ӯ феълан дар Олмон қарор дорад, аммо ба дархостҳои батакрори мо барои шарҳи масъала посух надод. Наздиконаш низ суолҳои моро бепосух гузоштанд.

Шикояти беш аз 200 нафар

Дар ҳамин ҳол, беш аз 200 нафар иддао доранд, ки ба ширкати зери раҳбарии Ҳусайн Саидов аз 15 то 25-ҳазордолларӣ додаанд ва агар ширкат биноро сохтанӣ нест, бояд пули онҳоро баргардонад. Мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон дар пайи муроҷиати муштариён ба таҳқиқи фаъолияти ширкати “Нури Раҳмон” дастур додааст. Тафтишро додситонии шаҳри Душанбе пеш мебарад.

Маълумот дар бораи ширкати "Нури Раҳмон"
Маълумот дар бораи ширкати "Нури Раҳмон"

Муҳиба, сокини шаҳри Душанбе ва модари чаҳор фарзанд, иддао дорад, ки яке аз муштариёни ширкати “Нури Раҳмон” аст ва барои харидани хона ба он 25 ҳазор доллар додааст. Вай рӯзи 15-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “муддатҳост, ки “Нури Раҳмон” ба ҷуз аз ду ошёнаи яке аз биноҳо сохтмонро пеш намебарад. Магар осон аст, ин миқдор пул ҷамъ кардан? Модари чаҳор фарзанд ҳастам ва ба умеди ояндаи беҳтари инҳо талош доштам. Акнун намедонам кадом дарро кубам.”

Ширкати нав бунёди хонаро ба зимма гирифтааст

Муҳиба дар ин бора ба Додситонии кул ва Оҷонси мубориза бо коррупсия шикоят карда, посух ҳам гирифтааст. Нигаронии ӯ баъд аз он ҷиддӣ шуд, ки мақомот гуфтаанд, “молики ширкати “Нури Раҳмон” дар Тоҷикистон нест ва кишварро тарк кардааст”. “Вақте ин хабарро шунидем, хеле афсурда шудем. Онҳое, ки ба ширкат пул додаанд, аз 200 нафар бештаранд. Моро дар ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷамъ карда, маҷлис гузаронданд”, -- иброз дошт ӯ.

Сармояҳои барбодрафта? Шикваи онҳое, ки аз "Нури Раҳмон" хона мехостанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00

Дар ҳукумати шаҳри Душанбе дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, аз ин қазия хабар доранд ва ҳоло ширкати дигари сохтмонӣ масъулияти бунёди биноро ба дӯш гирифтааст ва “хонаҳои сокинонро сохта медиҳад”. Сокинон мегӯянд, аз он ки масъулияти сохтмони бино ба дӯши ширкати дигар дода шудааст, хабар доранд, вале аз тақдири пулҳои ба ширкати “Нури Раҳмон” пардохтаашон нигаронанд. Муштариён мегӯянд, ширкати нав барои сохтмони бино боз аз онҳо пул талаб мекунад.

"Нури Раҳмон" аз кист?

Мувофиқи санаде, ки Радиои Озодӣ рӯзи 14-уми ноябр дастрас кард, ширкати “Нури Раҳмон” таҳти шумораи 0210016107 ба номи Саидов Ҳусайн Абдуллоевич – писари Сайид Абдуллои Нурӣ – роҳбари Иттиҳоди нирӯҳои мухолифони тоҷик ва поягузори Ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дар 27 сентябри соли 2012 сабт шудааст. Номи ширкат ҳам, ба гуфтаи афроди наздик ба Саидов, баргирифта аз номи Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аст ва дар асл мебоист "Нурӣ-Раҳмон" хонда шавад.

Ширкати “Нури Раҳмон” барои сохтмони чанд бинои бисёрошёна дар кӯчаи Меҳнати шаҳри Душанбе, канори бозори “Меҳргон” ҳанӯз соли 2016 иҷоза ба даст овардааст. Қарор буд, то соли 2019 бо фармоиши “Нури Раҳмон” ширкати “Аюб-2010” дар ин куча хона созад.

Фарангис Сафарова, сокини шаҳри Душанбе ва яке аз муштариёни дигари "Нури Раҳмон" гуфт, ду сол пеш ба ширкат 22 000 доллар супурд, аммо аз хона дараке нест. “Ваъда ин буд, ки имсол бояд соҳиби хона шавем, аммо ҳанӯз бино сохта нашудааст ва корҳои сохтмонӣ ҳам ҷараён надорад”, -- гуфт ӯ.

Чаро биноро насохтанд?

Ҳусайн Саидов аз фарзандони Саид Абдуллои Нурӣ аст, ки ширкаташ солҳо боз ба сохтмон ва фурӯши манзил машғул будааст. Он дар қисматҳои дигари пойтахт, аз ҷумла дар ноҳияи Шоҳмансур чанд бинои баландошёна сохтааст. Ӯ ба фарқ аз дигар бародарону хоҳаронаш доим аз сиёсат ва аз суҳбат бо матбуот худро канор мегирифт.

Кандукови мо собит кард, ки Ҳусайн Саидов айни замон дар Олмон қарор дорад, аммо ба дархостҳои Радиои Озодӣ ҷиҳати шарҳи ин қазия то замони нашри ин матлаб нахост посух бигӯяд.

Яке аз кормандони ширкати зери раҳбарии ӯ ба шарти фош нашудани номаш гуфт, “мушкил дар идомаи сохтмони биноҳо замоне сар зад, ки мақомоти шаҳри Душанбе бозори “Зелёний”-ро вайрон карданд ва тоҷирон пурра ба бозори “Меҳргон” кӯчиданд. Дар онҷо равуои мошинҳо зиёд шуд ва мақомоти шаҳр иҷозаи сохтмони моро бозхонд карданд. Мақомот гуфтанд, ки дар онҷо бояд барои бозор таваққуфгоҳ сохта шавад. Ҳамин тартиб, кор ба мушкил печид.” Ҳамсуҳбати мо аз ин бештар ҷузъиёт надод.

Масъулон ҷазо мегиранд, пули муштариёнро кӣ медиҳад?

Аз соли 2012-2013 ба ин сӯ пойтахти Тоҷикистон шоҳиди авҷи сохтмони биноҳои баландошёна аст, вале дар ин миён бисёре аз ширкатҳо дар муҳлати ваъдашуда сохтмони биноро анҷом намедиҳанд. Бо авҷи хонасозӣ дар Душанбе шумори “муштариёни фиребхӯрда” низ зиёд шуд. Аммо коршиносон мегӯянд, дар Тоҷикистон механизми коромади чунин баҳсҳо, ки амонати шумораи зиёди мардум дар онҷо гиреҳ хӯрдааст, вуҷуд надорад.

Шикояти сокинон ба мақомоти қудратӣ аз хилофкории ширкатҳо маъмулан бо ҳабси масъулони ширкат тамом мешаванд, ки мушкилро боз ҳам печидатар мекунад. Моликони ширкатҳо ҳабсу ҷарима мешаванд ва ба қавле гуноҳи худро мешӯянд, аммо касе пули мардумро барнамегардонад.

XS
SM
MD
LG