"Ҳукумат азизони моро наҷот надод". Хонаводаҳои қурбониёни коронавирус дар ҷустуҷӯи адолат

Дафни қурбониёни бемории СOVID-19 дар Русия. 25-уми майи 2020

Омори гирифторон ба коронавируси нав дар ҷаҳон дар ҳоли афзоиш аст. Беморӣ то кунун ҷони беш аз 454 ҳазор нафарро гирифт, зиндагии мардуми зиёдро хароб ва иқтисодро бебандубор кард.

Наздикони бархе аз қурбониёни COVID-19 ба ҳукуматҳояшон, ки дар вокуниш ба ин вабо таъхир карданд ва саҳлангорӣ нишон доданд, суолҳои зиёд доранд. Нахустин иқдоми ҳуқуқӣ ба зидди баъзе аз ҳукуматҳо гирифта шудааст ва мардум онҳоро ба беамалӣ ва ё тасмимҳои бадашон дар давраи пандемия айбдор мекунанд. Ин дар ҳолест, ки баъзе аз кишварҳо аллакай дар баробари мавҷи дувуми пандемия қарор доранд.

ИТОЛИЁ

"Қисса набояд ба чунин шакл хотима ёбад… Пайомадҳои ҳуқуқӣ дорад ва умедворем, ҷазои сазовор медиҳанд".

Ин порае аз баёноти созмони "Ной Денунсеремо" аст, ки рӯзи 10-уми июн дар Фейсбук нашр шуд. 19 хешованди қурбониҳои коронавирус шикоятҳои худро дар бораи амалкарди мақомот ба Додситонии шаҳри Бергамои Итолиё фиристоданд.

Шикоятҳо бахше аз 200 ариза аст. Мақомот ба беамалӣ дар муқобили коронавирус гунаҳкор мешаванд. Бергамо яке аз 12 навоҳии минтақаи Ломбардия аст, ки мардумаш аз коронавирус шадидан осеб диданд. Бахши асосии шикоятҳои сокинони маҳаллӣ аз он аст, ки мақомот мардумро саривақт огоҳ накарданд ва нагуфтанд, ки хатари тамос бо дигарон калон аст, ба кормандони тиб васоили ҳифозати шахсӣ надоданд ва баъзе аз гӯшаҳои Ломбардияро ба "минтақаи сурх"-и карантин ворид накарданд.

Дар ин бора созмони "Ной Дуненсеремо" ва ё Кумита барои ҳақиқат ва адолат нисбат ба қурбониёни COVID-19 хабар додааст. То кунун саҳифаи фейсбукии он 55 ҳазор нафарро ба худ ҷалб кардааст.

Стефано Фуcко, муовини президенти созмон, дар посухи хаттӣ ба бахши украинии Радиои Озодӣ навишт: "Ҳадафи мо хеле содда аст. Мо дар ҷустуҷӯйи адолат ҳастем! Мо донистан мехоҳем, ки чаро ин қатли ом, бахусус дар Ломбардиа, махсусан дар Бергамо ва Брешиа рух дод. Чаро вақте вирус дар тамоми ҷаҳон паҳн шуд, танҳо дар инҷо одамони зиёд ҷон бохтанд?"

Тобути қурбониёни бемории COVID-19. Шимоли Итолиё

Бергамо дар миёни шаҳрҳои аз ҳама беш осебдида дар ҷаҳон аст. Дар ин ҷой шумори талафот аз COVID-19 беш аз 3 ҳазор нафар аст.

Итолиё дар миёни давлатҳои аврупоӣ бештар аз ҳама осеб дид: то 18-уми июн дар ин кишвар 237 ҳазор нафар гирифтор ва 34 ҳазор нафар қурбон шуданд. Бахши аъзами шикояту интиқод аз нахуствазир Ҷузеппе Конти аст. Танҳо ӯро додситонҳои Бергамо давоми се соат дар бораи хатоҳои эҳтимолии давраи пандемия пурсуҷӯ карданд.

Суоли асосӣ ин буд, ки чаро ду шаҳри Ломбардиа – Алсано ва Нембро, ки нуқтаи доғи пандемия буданд, аз охири феврал ба "минтақаи сурх" шомил нашуданд ва чаро Ломбардиа мисли дигар минтақаҳо то аввали март пурра баста нашуд?

"Ной Дуненсеремо" мегӯяд, ки ҳоло ҷӯёи ҷавобгарии ҷиноӣ барои омилони ин иштибоҳ аст.

БРИТОНИЁ

"Мо изҳори ҳамдардӣ мекунем, дар бораи хонаводаҳои худ ва иқдомҳои ҳукумат суҳбат кардем ва ба қароре омадем, ки бояд коре анҷом шавад" – Метт Фовле.

Бритониё аз 18-уми июн Бритониё дар феҳрасти кишварҳои осебдида аз коронавирус дар ҷаҳон дар зинаи чаҳорум аст. Дар онҷо 300 ҳазор нафар бемор шуда, 42 ҳазор кас ҷон додаанд. Аз рӯйи омори талафот ин кишвар дар ҷаҳон дар радаи севум аст. Гурӯҳи ҳуқуқшиносон дар талоши шикоят ба додгоҳ ҳастанд, то иқдоми ҳукумат таҳқиқ шавад.

Метт Фовле, ҳаммуассиси созмони "Хонаводаҳои қурбониёни COVID-19 дар ҷустуҷӯи адолат дар Бритониё" аст. Ӯ мегӯяд: "Бритониё ҳеч гоҳ аз пандемия пурра фирор накардааст. Вале боз ҳам вокуниши саривақтии ҳукумат метавонист, пеши роҳи марги азизони моро бигирад. Мо ба хотири ҷустуҷӯйи адолат ба хотири наздиконамон муттаҳид шудем".

Сокинони Лондон бо ниқоби тиббӣ дар истгоҳ. 10-уми июни 2020

Дар созмони Фовле то ҳол беш аз 450 наздикони қурбониёни COVID-19 узв шудаанд. Ин созмон баъд аз нашри гузориши собиқ донишманди давлатӣ, ки гуфтааст, агар маҳдудиятҳо як ҳафта пеш аз замони карантини расмӣ ҷорӣ мешуд, ҷони нисфи қурбониҳоро наҷот додан мумкин буд, дар номае ба нахуствазир Борис Ҷонсон ва вазири беҳдошт Метт Ҳенкок тақозо кард, таҳқиқи амалкарди мақомдорон дар давраи пандемия барпо шавад.

Дар Бритониё 23-юми март карантини сартосарӣ ҷорӣ шуд. Ин ду моҳ баъд аз он сурат гирифт, ки дар кишвар мавриди аввали гирифторӣ ба коронавирус сабт шуд.

Созмони "Хонаводаҳои қурбониён" танҳо нест. Чанд ширкати хусусӣ гуфтанд, ки омодаанд бепул аз ҳуқуқи мардум ҳимоят кунанд. Созмонҳое ба монанди “Қонуни хуб” дар ҳамкорӣ бо Анҷумани табибони Бритониё маъракаи ҷамъоварии маблағ барои хонаводаҳои кормандони тибро ба роҳ мондаанд, ки аз коронавирус ҷон бохтаанд.

ЧИН

"Ман хашмгин ҳастам… одамони зиёд ҷони худро аз даст доданд. Коре, ки онҳо карданд, баробари куштор аст".

Жанг Ҳа, писари як қурбонии COVID-19 дар Чин, ки сарчашмаи пайдоиши вируси нав дониста мешавад, дар суҳбат бо нашрияи The Telegraph гуфт, аризаи шахсии худро ба зидди давлат ба додгоҳ супурд.

Нашрияи бритониёӣ 14-уми июн навишт, Жанг Ҳа падари 76-солаашро аз даст дод ва ҳоло аз ҳукумат ҷуброни зарари маънавӣ талаб дорад. Жанг гуфтааст, "агар ҳукумат бемориро дар оғоз пинҳон намекард, падари ман зинда мемонд".

Жанг Ҳа аз ҳукумат хостааст, 2 миллион юан, муодили 280 ҳазор доллар, ҷуброни зарари маънавӣ пардозад. Ҳуқуқшиносон мегӯянд, ин маблағи фавқулода калон аст ва эҳтимол додгоҳ онро рад бикунад.

ФАРОНСА

"Раҳбарони сиёсии мо нишон доданд, ки то куҷо қарорҳои онҳо хатар эҷод мекунанд ва дар лаҳзаҳои муҳим ва оҷил нотавон ҳастанд".

Чунин омадааст дар матни шикояте, ки алайҳи ҳукумати Фаронса иншо шудааст. Садҳо пизишк дар номае хостори кушодани парвандаи ҷиноӣ ба зидди нахуствазир Эдуард Филиппе ва вазири пешини беҳдошт Агнес Бусен ҳастанд. Дар зери ин ариза то 18-уми июн 520 ҳазор нафар имзо гузоштаанд.

Фосилагирии иҷтимоӣ дар Фаронса. Моҳи майи 2020

Ба зидди ҳукумати Фаронса дар маҷмуъ 80 шикоят ворид шудааст, ки ҳамааш ҳукуматро ба бархӯрди нодуруст ва нодида гирифтани хатари вирус айбдор мекунанд. Норизоят чунон зиёд шуд, ки президент Эммануэл Макрон дар муроҷиат ба кишвар гуфт, таваҷҷӯҳи асосиаш ба пандемия ва бархӯрди ҳукумат бо бӯҳрон равона хоҳад шуд.

ИСПАНИЯ

Дар Испания беш аз 244 ҳазор нафар ба коронавируси нав гирифтор шудаанд. Аз рӯйи омори талафот дар Аврупо, Испания баъд аз Итолиёву Фаронса дар ҷойи сеюм аст. Дар ин кишвар беш аз 27 ҳазор кас нахуствазир Педро Санчез ва кабинаи ӯро ба "куштор дар пайи хунукназарии амиқ" гунаҳкор мекунанд. Дар шикояти онҳо ба Додгоҳи олӣ Санчез ва 22 вазир ба беамалӣ, ки боиси паҳншавии вирус ва талафоти одамон шудааст, муттаҳам мешаванд.

Барселона, моҳи майи 2020

ДАЛЕЛҲОИ ҲУҚУҚӢ

Бархе суол медиҳанд, ки чаро дар баробари хуруҷи бесобиқаи беморӣ касе бояд масъулият дошта бошад? Ҳуқуқшиносон мегӯянд, ҳимояти саломати шаҳрвандон ҳуқуқи бунёдии башарӣ аст ва иҷро накардани машваратҳои Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ба маънои поймол кардани ӯҳдадориҳои давлат дар баробари Муқаррароти сиҳатии байналмилалии ин созмони вобаста ба СММ аст.

Педро Виллареал муҳаққиқи аршади пажӯҳишгоҳи Макс Планк барои Қонуни муқоисавӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ дар Олмон аст. Вай ба саволи ин ки то куҷо иҷро нашудани машваратҳои СҶТ метавонад, қонуншиканӣ арзёбӣ шавад, гуфт, "ин ҷо посух соддаву яксон буда наметавонад ва аз баъзе ҳолатҳо вобаста аст".

Виллереал мегӯяд, Муқаррароти сиҳатии байналмилалӣ бархе ӯҳдадориҳои “сахту сареъ” дорад, ки иҷрои онҳо бояд саривақтӣ бошад. Огоҳ кардани СҶТ дар бораи хуруҷи беморӣ, масалан, ба гуфтаи ӯ, дар бахши аввали ин санад қарор дорад. "Вале ба ҷавобгарӣ кашидани ҳукумат мутобиқи моддаи 43-юми ин санад аз бахши масъулиятҳои раддаи аввал нест", - афзуд ӯ.

Муҳаққиқи олмонӣ мегӯяд, "шахсони ҷудогона метавонанд ба додгоҳ муроҷиат карда бигӯянд, ки ҳуқуқи онҳо аз рӯи Муқаррароти сиҳатии байналмилалӣ нақз шудааст, вале кафолати ин ки қонунгузории кишвар онро ҳамчун санади муҳим қабул мекунад, вуҷуд надорад".

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!