Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо (бе) селофан. Шӯрои уламо ҳимоят кард, вале нигарониҳо монд


Яке аз оромгоҳҳои шаҳри Душанбе. 14 май, 2020.
Яке аз оромгоҳҳои шаҳри Душанбе. 14 май, 2020.

Мақомоти Тоҷикистон талош мекунанд, фарзандон ё волидони онҳоеро, ки аз сирояти COVID-19 фавтидаанд, аз наздик омадан ба майит ё даст расондан ба он нигоҳ доранд. Ин амал соҳибони мурдаро норозӣ мегузорад ва ҳамзамон масъалаи риояи суннатҳои дафнро пеш овардааст, аммо мақомот мегӯянд, пешгирӣ аз сироятҳои нав бояд ҳадафи асосӣ ва қоидаи ҳатмӣ бошад.

"Нагузоштанд, ки бубинем"

Пайвандони Аваз, сокини 51-солаи деҳаи Чормағзакон, канори Душанбе, мегӯянд, падари хонадон пас аз бистарӣ шудан дар беморхонаи Варзоб ногаҳонӣ аз дунё гузашт ва аҳли хонадонаш мехостанд, ӯро тибқи одатҳои маъмул ба хок супуранд.

"Хабари гузаштанашон омад. Дар хона ҷой дуруст кардем, ба умеде, ки аз хонааш ба охират гусел кунем, аммо бо мошини “Ёрии таъҷилӣ” якбора ба гӯристон бурданд. Ҳатто нагузоштанд, ки ҷасадро бубинему видоъ кунем”, - гуфт яке аз наздикони ӯ ба Радиои Озодӣ.

Мақомот дар Тоҷикистон бо ишора ба хавфи сирояти вируси нав намегузоранд, наздикон бо онҳое, ки аз COVID-19 фавтидаанд, бо риояи урфу одатҳои маъмул видоъ кунанд. Ҷасадро тавассути мошинҳои "Ёрии таъҷилӣ" рост ба оромгоҳ бурда, бо ширкати чанд нафар, аз ҷумла ходимони тиб, ки либосҳои муҳофизатӣ пӯшидаанд, дафн мекунанд.

Саҳнаҳои риққатовари видоъ

Сокинон мегӯянд, бе риояи расму оинҳо дафн шудани наздиконашон ғаму кулфати онҳоро дучанд мекунад ва умре доғ дар дилашон мемонад. Дар чанд рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ чанд наворе нашр шуд, ки саҳнаи риққатовари видоъ бо қурбониёни короновирус ва илтиҳоби шушро нишон медиҳад. Дар яке аз наворҳо зану духтарони шахси фавтида илтиҷо мекунанд, бори охир рӯйи ӯро бубинанд, вале бо ҳадафи пешгирӣ аз сирояти вирус онҳоро намегузоранд.

Баъд аз нашри саҳнаҳои риққатовари видоъ бо қурбониёни коронавирус ва илтиҳоби шуш дар Тоҷикистон, Кумитаи дин дастурамали дафни фавтидагон аз бемории ҳамагирро нашр кард. Мақомот тавсия доданд, ки фавтидагонро бо либосҳои муҳофизатӣ бишӯянд, дар кафан печонанд ва ба наздиконашон, ки аз 60-сола боло, ноболиғ ва ё бемор нестанд, иҷозат диҳанд, ки аз дур ё пушти шиша рӯйи майитро бинанд, вале даст задану бӯсидан манъ аст.

Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон, мегӯяд, дастурамал бар пояи тавсияҳои Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ аз 24-уми марти имсол омода шудааст. Дар ин дастур гуфта мешавад, қабрро бо усули шомӣ (рост ба поён ва сипас дар тарафи рости лаҳад ба шакли тоқ) кананд ва руҳониён аз масофаи ду метр дуртар аз ҷасад бо ширкати андаки одамон намози ҷанозаро бихонанд.

Раиси Шӯрои уламо: "Агар пизишкон собит созанд, ки..."

Дар бахше дигар аз тавсияҳо гуфта шудааст, ҷасади бемороне, ки эҳтимоли шоридани хун ё моеъ аз ҷисмашон ба берун ва эҳтимоли сироятёбии атрофиён вуҷуд дошта бошад, бояд селофанпеч карда шаванд. Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, мегӯяд, дафни майит бо чунин шева мухолифи арзишҳои исломӣ нест.

"Агар пизишкон собит созанд, ки дафни майити гирифтори ин беморӣ ба тарзи маъмулӣ ба нафарони дигар хатар эҷод мекунад, пас, бояд ҷасадро ба тавре дафн кард, ки мутахассисон машварат медиҳанд", - афзуд ӯ.

Зоҳиран қабулу таҳаммули ин вазъ барои бархе аз сокинон осон нест ва ба қавли коршиноси тоҷик Фаридун Ҳодизода, "аз ин хотир, бархе талош мекунанд, хешовандони худро, ки аз ин беморӣ фавтидаанд, расман аз сактаи қалбӣ ё бемории қанд фавтида эълон кунанд. Бо дарёфти чунин санади расмӣ онҳо маросими ҷанозаро ба таври маъмулӣ анҷом медиҳанд".

Паҳлуи дигари масъала

Ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин суол ҳам мечархад, ки дафни селофанпечи қурбониёни бемориҳои сироятӣ дар оянда дарди сар нахоҳад офарид ва маншаи сирояти бемориҳои дигар нахоҳад шуд? Наврӯз Ҷаъфаров, мутахассиси эпидемиологи тоҷик мегӯяд, "баъд аз даҳсолаҳо ҳатто агар оромгоҳе тахриб карда шавад, маҳалли он бо маводи безараркунӣ поккорӣ мешавад ва ин беморӣ барои атрофиён хатарзо нахоҳад шуд".

Гулрухсор Тиллоева, сухангӯи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, гуфт, миқдори зиёди халтаҳои селофанӣ дар дохили замин зарарнок аст, зеро онҳо садсолаҳо аз байн намераванд. "Аммо ба хотири бемор нашудани нафарони дигар ба бемории COVID-19 ҳоло мутахассисони созмонҳои байналмилалӣ машварат додаанд, ки ҷасади беморонро дар дохили халтаҳои селофанӣ дафн кунанд", - гуфт Тиллоева.

Баҳси ҳалношуда?

Мушкили дафни қурбониёни COVID-19 танҳо хоси Тоҷикистон нест. Ин мавзуъ моҳҳо боз дар Эрону Афғонистон ва Туркияву Русия баҳс мешавад. Идораи муфтиёти Русия гуфтааст, агар дафни ҷонбохтагон бо кафан ба ҳаёту зиндагии одамон хатар дорад, бо тобут бигӯронанд.

Дар Афғонистон “Раҳнамуд барои майит дар марказҳои саломатӣ ва хона” таҳия шудааст. Бар асоси он ҷасади шахси мубтало ба коронавирусро шуста, дар ҷойҳое, ки давлат таъйин кардааст, дафн мекунанд.

Дар Эрон ҳам дастурамале мавриди иҷрост, ки бар асоси он ҳамаи онҳое, ки ба кафан кардану дафни майит дахл доранд, бояд дастпӯшу либоси муҳфизатии фардӣ ва айнак дошта бошанд.

Дар Тоҷикистон то 25-уми май беш аз 3 ҳазор нафар ба коронавирус мубтало шуда, 46 кас аз ин беморӣ ҷон бохтаанд. Тақрибан 1400 нафар шифо ёфтаанд.

Мутахассисон ва теъдоди зиёде аз мардум ба дурустии омори расмӣ дар Тоҷикистон шубҳа доранд ва мегӯянд, мумкин аст, теъдоди гирифторону талафот аз беморӣ зиёд бошад. Пойгоҳи https://kvtj.info/, ки рӯйхати ғайрирасмии қурбониёни коронавирус ва илтиҳоби шушро дар Тоҷикистон тартиб медиҳад, то 25-уми май номи беш аз 340 нафари фавтидаро гирд овардааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG