Вазорати умури хориҷии Амрико дар гузориши наве вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро танқид карда ва гуфтааст, ки ҳукумат мисли солҳои пешин монеи гуногунандешии сиёсӣ шудааст.
Дар гузориши солонаи вазорат дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар кишварҳои ҷаҳон дар соли 2019 муаллифони гузориш Тоҷикистонро “давлати худкома” номидаанд, ки дар он “президент Эмомалӣ Раҳмон ва тарафдоронаш нуфузи сиёсӣ” доранд. Гузоришро рӯзи 11-уми март дар вазорат муаррифӣ карданд ва дар он вазъи ҳуқуқи инсон дар бештар аз 100 кишвар арзёбӣ шудааст.
Дар гузориш омадааст, қатлҳои ғайриқонунӣ ва худсарона дар зиндонҳо, рабудани афрод ва ба Тоҷикистон бурдани онҳо бо ҳамдастии кишварҳои хориҷӣ, истифода аз шиканҷа дар боздоштгоҳу зиндонҳо, зиндониёни сиёсӣ, бастани вебсайтҳо, маҳдуд кардани дастрасӣ ба интернет, маҳдуд кардани озодии баёну ҳуқуқи динӣ аз мавридҳои чашмгири нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон будааст. Монеагузорӣ дар роҳи фаъолиятҳои сиёсӣ, вуҷуди фасоду ришвахорӣ ва кори иҷбориву беэҳтиромӣ ба ҳуқуқи аққалиятҳои ҷинсиро аз дигар мавридҳои беэҳтиромӣ ба ҳуқуқи инсон дар кишвар номидаанд.
Марги зиндониён ҳангоми интиқол ба Душанбе
Дар гузориш аз ҳалокати 14 зиндоние ёдовар шудаанд, ки рӯзи 7-уми июли соли 2019 ҳангоми интиқол аз зиндони Хуҷанд ба Душанбе ҷон доданд. Дар гузориш гуфта мешавад, мақомот расман гуфтанд, ки маҳбусон ба сабаби истеъмоли нони олуда ҳалок шудаанд, вале “хешовандонашон ба матбуот гуфтанд, ки дар бадани наздикони онҳо осори шиканҷаву бадрафторӣ мушоҳида шуд”. Таҳқиқи ҳодиса аз ҷониби додситонии кулли Тоҷикистон идома дорад. Қаблан дар гузориши созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) бо ёдоварӣ аз ин ҳодиса гуфта шуд, ки “маълум нест, чӣ гуна нони заҳролудшуда ба дасти зиндониҳо афтод”.
Дар гузориш аз сафари Гурӯҳи кории СММ оид ба нопадидшавиҳои иҷборӣ ба Тоҷикистон дар моҳи июл ёдовар шудаанд. Гурӯҳи корӣ баъдан гуфт, ки ҳукумат ба масъалаи таҳқиқи бенишон шудани инсонҳо дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ “таваҷҷӯҳи кам” зоҳир мекунад. Ин созмон гуфтааст, ки сарнавишти бархе фаъолони сиёсӣ, ки маҷбуран ба Тоҷикистон баргардонида шуданд, номаълум боқӣ мемонад.
Доир ба шиканҷа дар боздоштгоҳҳо дар гузориш омадааст, Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон 20 ҳодисаи бадрафториро ба қайд гирифтааст, ки 17 адади он ба кормандони вазорати корҳои дохилӣ ва як ҳолат ба кормандони додситонии кулл ва як ҳодиса дар нисбати раёсати зиндонҳои вазорати адлия иртибот дорад.
Дар гузориш сарнавишти Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини раиси Ҳизби мамнуи наҳзати исломиро ёдовар шудаанд, ки ба гуфтаи ҳамсараш мавриди латукӯб қарор гирифтааст. Он замон мақомоти идораи зиндонҳо дар Тоҷикистон хабари шиканҷа шудани Ҳайитро рад карданд.
Ошӯбҳо дар ду зиндон
Дар гузориш аз ошӯбҳо дар зиндони Хуҷанд дар ноябри соли 2018 ва Ваҳдат дар моҳи майи соли 2019 ҳам ёдовар шуда гуфтанд, баъди он раҳбарияти чанде аз зиндонҳо иваз шуд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон гуфтанд, ки “дар низоми зиндонҳои Тоҷикистон ва шароити зиндониҳо тағйироти ҷиддӣ мушоҳида намешавад”. Мақомоти зиндонҳо, аз ҷумла, раҳбари нави раёсати зиндонҳои Вазорати адлия Мансур Умаров, ки баъди ошӯб дар зиндони Хуҷанд таъйин шуд, гуфт, ки аз пайи ислоҳи вазъ мешавад. Тирамоҳи соли 2019 дар Душанбе бо ширкати созмони байналмилалии Ислоҳоти низоми зиндонҳо (Penal Reform International) конфронси нахустин дар бораи ислоҳот дар зиндонҳоро барпо карданд.
Дар гузориш ҳамчунин омадааст, дафтари Омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи инсон, ки вазъи зиндонҳоро таҳқиқ мекунад, “танҳо 2 дарсади шикоятҳоро баррасӣ кардааст”. Ин гузориш мегӯяд, “созмонҳои ҷамъиятӣ нисбати кори омбудсмен нобоварӣ изҳор карда мегӯянд, ки ин дафтар ба президент садоқат дорад ва нигарониҳо аз ҳуқуқи башарро нодида мегирад”.
Таъқиби мухолифони сиёсӣ
Қазияи рабудан ва интиқоли маҷбурӣ ба Душанбе бурдани Шарофиддин Гадоев аз мухолифони давлати Тоҷикистон яке дигар аз қазияҳои мавриди таваҷҷӯҳи муаллифони гузориш шудааст. Ин фаъоли мухолифони тоҷик дар Аврупо баъди 2 март ба Аврупо баргаштанаш дар паёми видеоӣ гуфт, ки ӯро сохторҳои интизомии Русия дар Маскав боздошт карда, маҷбур ба ҳавопаймои Душанбе шинонданд ва ӯ давоми ду ҳафта дар зери назари ходимони ҳифзи қонун буд. “Гадоев иддао кард, ки хадамоти амниятӣ ба ӯ гуфтанд, ки ба мӯҳлати 25 сол зиндонӣ мешавад ва ё бо онҳо ҳамкорӣ кунад” - менависанд муаллифон.
Яке дигар аз нафарони боздоштшуда – Мавҷигул Ғарибова, модари як фаъоле аз Рашт Ҷунайдулло Худоёров аст, ки рӯзи 26 июн баъди изҳори хоҳишаш барои мулоқот бо президент Эмомалӣ Раҳмон, ки меҳмони водии Рашт буд, ба мӯҳлати шаш соат дар идораи милиса нигаҳдорӣ шуд. Он замон идораи полиси Рашт аз шарҳи қазия худдорӣ кард ва Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ин ҳодиса хабар надоранд. Вай гуфт: “Дар ин ҷо ҳар касе мехоҳад сӯҳбат ва ё суолу мушкилӣ арз кунад, озод аст".
Вазорати умури дохилӣ инчунин ба гузоришҳо дар заминаи сӯистифода аз қонунҳои байналмилалӣ барои таъқибҳои сиёсӣ ёдовар шудааст. Аз ҷумла, моҳи сентябр матбуот дар бораи боздошти Фарҳод Одинаев, як фаъоли сиёсӣ дар марз бо Беларус хабар дод, ки бо дархости Тоҷикистон сурат гирифт. Мақомоти Беларус баъди таҳқиқи қазияи Одинаев истирдоди ӯро ба Тоҷикистон рад ва ӯро озод кардад.
Фишор ба матбуот ва маҳдуд кардани озодии баён
Дар бахши “Озодии баён” гузориши ҳуқуқи башари вазорати корҳои хориҷии Амрико аз қазияи бозхондидоштани аккредитатсия ё парвонаи кори хабарнигори Радиои Озодӣ Бароталӣ Назаров (Барот Юсуфӣ) ёдовар шудааст. Парвонаи видеожурналисти Радиои Озодӣ рӯзи 26 июн муваққатан боздошта шуд. Ба намояндагони Радиои Озодӣ гуфтанд, ки иҷозатномаи кории Барот Юсуфӣ муваққатан боздошта шудааст, "зеро ӯ чанд дафъа дар гузоришҳояш Ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро зикр кардааст". Илова ба Назаров, шаш корманди дигари Радиои Озодӣ дар давоми соли 2019 натавонистанд парвонаи кори худро ба даст оваранд.
Се парвонаи дигари кормандони нави Озодӣ дар ҳоли баррасӣ монда, мӯҳлати парвонаи ду нафари дигар рӯзи 1-уми ноябр ба охир расид ва Радиои Озодӣ, ба навиштаи Департаменти давлатии ИМА, барои идомаи кор бо шумори нокофии кормандонаш монд. Дар изҳороти рӯзи 3 июли вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфта шуд, ки таҳлили матолиби Радиои Озодӣ нишон дод, ки бар ивази нашри хабарҳои муҳим, ин расона бо нашри “хабарҳои ҳангомасоз ва носаҳҳеҳ” мешғул аст. Изҳорот инчунин Радиои Озодиро дар “таблиғи” созмони мухолифини ҲНИТ ва созмони мамнӯи Гурӯҳи 24 айбдор кардааст. 21 ноябр вазорати хориҷаи Тоҷикистон парвонаи ҳафт журналисти Радиои Озодиро қисман барқарор кард ва 11 нафари дигарро ҳамоно бидуни қайд гузошт.
Муаллифони гузориш бо ёдоварӣ аз “хушунат ва озор”-и журналистон аз Хайрулло Мирсаидов ва Ҳумайро Бахтиёр ёдовар шудааст. Хайрулло Мирсаидов, ки соли 2018 бо як қарори баҳсбарангези додгоҳе дар Хуҷанд ба 12 соли зиндон маҳкум шуд, 11 январи соли 2019 дар ғайбаш мавриди муҳокимаи дубора қарор гирифт. Мирсаидов, ки як мақоми ҳукумати вилояти Суғдро ба талаби пора айбдор ва 8 моҳро дар зиндон сипарӣ кард, гуфт, бо сабаби пайдо накардани кор дар ҳудуди вилояти Суғд тарки кишвар кард. Худи ӯ иттиҳоми мақомотро дорои ангезаҳои сиёсӣ меномад.
Моҳи июн Ҳумайро Бахтиёр, журналисти тоҷик, ки дар Аврупо зиндагӣ мекунад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки мақомот ба падараш фишор меоранд, то ки ӯ ба Тоҷикистон баргардад. Дар гузориш омадааст, хабарнигор гуфтааст, ки агар барнагардад, падараш Бахтиёр Мӯъминови 57-сола ҳабс мешавад. Ҳумайро Бахтиёр гуфтааст, ки полис ба падараш гуфтааст, “ӯ ҳаққи маънавии тарбияи кӯдаконро надорад, чун худ натавонист духтарашро тарбия кунад”. Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки ин қазияро таҳқиқ кунанд.
Дар бахши озодиҳои интернетӣ дар гузориш омадааст, ки дар давоми соли 2019 ҳолатҳои пайваста маҳдуд кардани дастрасӣ ба вебсайтҳои Facebook, YouTube, Google, хадамоти дигари Google, Радиои Озодӣ ва Asia-Plus мушоҳида шудааст ва дар он мақомот даст доштаанд.