Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуруҳи СММ ба боздошти наҳзатиён баҳои ҳуқуқӣ дод


Ба ғайр аз Зарафо Раҳмонӣ, узви собиқи раёсати ҳизб, дигарон дар зиндон ҳастанд
Ба ғайр аз Зарафо Раҳмонӣ, узви собиқи раёсати ҳизб, дигарон дар зиндон ҳастанд

Баъди зиёда аз 4 соли боздошти 11 узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон​ гурӯҳи ҳуқуқшиносони Созмони Милал гуфт, ҳукумат онҳоро бар хилофи қонун ва уҳдадориҳои байналмилалиаш дар бораи ҳуқуқи инсон зиндонӣ кардааст. Гурӯҳи кории таҳқиқи боздоштҳои худсарона дар Созмони Милал баъд аз таҳқиқи парвандаи афроди боздоштшуда ба ин натиҷа расидааст, ки аъзои ҳизб "барои истифода аз ҳаққи худ ба озодии баён ва озодии гирдиҳамоӣ" зиндонӣ шудаанд. Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, онҳо барои ҷиноятҳои мушаххас зиндонӣ шудаанд, на ақидаҳои сиёсӣ ва мухолиф будан.

Парвандаи боздошти 11 нафарро созмони ғайриҳукуматии Freedom Now ва ҳуқуқшиносони муассисаи Ҳоган Левел дар Амрико тақрибан як сол пеш ба Созмони Милал пешниҳод кардаанд.

Карл Ҳарберт, намояндаи Freedom Now рӯзи 11-уми феврал дар суҳбати телефонӣ аз шаҳри Вашингтон ба Радиои Озодӣ гуфт, назари Созмони Милал собит кард, ки ҳадаф аз боздошту зиндонӣ кардани аъзои Ҳизби наҳзат, аз саҳна берун кардани мухолифони сиёсӣ дар Тоҷикистон будааст.

Ӯ гуфт: “Назари Созмони Милал возеҳ нишон медиҳад, ки аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барои пайвастагиашон ба мухолифони сиёсӣ ҳадаф гирифта шудаанд. Боздошту зиндонӣ шудани онҳо барои истифодаи ҳаққи озодии баён ва гирдиҳамоӣ сурат гирифтааст ва ҳеҷ иртиботе ба иддаои ҳукумат надорад, ки гуфтааст, онҳо амалҳои хушунатборе анҷом додаанд."

Ба ақидаи ҳуқуқшиносони Созмони Милал, боздошту муҳокимаи аъзои ҳизб бо қонуншиканиҳои зиёд ва бар хилофи меъёрҳои зиёди Эъломияи Байналмилалии Ҳуқуқи Башар ва Аҳдномаи Байналмилалии Ҳуқуқи Сиёсӣ ва Маданӣ сурат гирифтааст. Ба ҳамин сабаб, аз ҳукумати Тоҷикистон хоста шудааст, зиндониёнро фавран раҳо кунад ва ба онҳо ҷуброн бипардозад.

Саидумар Ҳусайнӣ, Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад, Раҳматуллои Раҷаб, Зубайдуллои Розиқ, Воҳидхон Қосиддинов, Қиёмиддин Авазов, Абдуқаҳҳор Давлатов, Ҳикматулло Сайфуллозода, Саъдиддин Рустамов, Муҳаммадшариф Набиев, Абдусамад Ғайратов, соли 2015 дастгир ва соли 2016 ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд. Баъзеҳоро то 28 сол ва баъзеи дигарро то 14-солӣ ба зиндон маҳкум карданд. Мақомот гуфтанд, ки ин афрод дар ошӯби нофарҷоми 4-уми сентябри соли 2015 даст доранд. Дар ин ошӯб ба раҳбарии Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон даҳҳо нафар кушта шуданд.

Дар парвандаи пешниҳодии Freedom Now ба СММ омадааст, ки боздошту муҳокимаи аъзои раёсати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо қонуншиканиҳои зиёд, бо истифода аз шиканҷаву бадрафторӣ ва паси дарҳои баста сурат гирифтааст. Онҳо дастрасии муносиб ба вакили дифоъ надоштаанд ва бар хилофи қонун мақомот ин афродро пеш аз муҳокима “террорист” номидаанд.

Дар шикоят омадааст, ҳангоми бозпурсӣ бо онҳо шиканҷаву бадрафторӣ кардаанд, бо дастони баста ва сару рӯи захмӣ ба муҳокима овардаанд, ки ҳамаи ин мухолифи аҳдномаҳои байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқи инсон аст.

Гуруҳи кории Созмони Милал пеш аз изҳори ақида дар бораи парванда аз ҳукумати Тоҷикистон шарҳ хостааст ва мегӯяд, азбаски шарҳ бар хилофи муқаррарот дертар расид, онро ба инобат нагирифтанд.

Айни замон коршиносони Созмони Милал гуфтаанд, посухҳои ҳукумат умумӣ буд ва ба қонуншиканиҳои зикршуда дар шикояти вакилони Freedom Now шарҳҳои возеҳ дода нашудааст.

Аммо Додситонии кулли Тоҷикистон дар посухи хаттӣ ба Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал гуфтааст, ки ошкор карданд, "аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ бо ҳадафи ғасби қудрат ва тағйири ҳукумати конститутсионӣ бо Назарзода Абдуҳалим, муовини собиқи вазири дифоъ ва аъзои собиқи Нерӯҳои мухолифини тоҷик бештар аз 20 гурӯҳи аз 15 то 30-нафарии ҷиноӣ таъсис додаанд. Бар асоси нақша, ки дар утоқҳои қароргоҳи марказии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ёфт шуд, онҳо бояд ба биноҳои ҳукуматӣ, сохторҳои интизомӣ ва телевизионҳои давлатӣ ҳамлаи мусаллаҳона мекарданд."

Додситонӣ гуфтааст, ки маҳз ба ҳамин сабаб аз Додгоҳи олӣ хостанд, Ҳизби наҳзатро созмони ифротгарову террористӣ эълон кунад ва 29-уми сентябри соли 2016 чунин шуд.

Карл Ҳарберт, намояндаи Freedom Now ба Радиои Озодӣ гуфт, хулосаи гуруҳи Созмони Милал собит кард, ки ин иддаои ҳукумат асос надорад: “Ҳукумат Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро бе ягон далели собит созмони террористӣ эълон кардааст. Онҳо парвандаро дар Додгоҳи олӣ паси дарҳои баста муҳокима карданд. Мо то ҳол намедонем, ҳукумат барои собит кардани ин иддао онҷо чӣ далели мушаххас овард. Созмони Милал дар парвандае, ки мо пешниҳод кардем, бисёр возеҳ гуфтааст, ки аъзои ҳизб барои истифода аз ҳаққи озодии баён ва озодии гирдиҳамоӣ дастгир шудаанд ва иддаои ҳукумат дар бораи террористӣ будани Ҳизби наҳзати исломиро рад кардааст."

Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ, ки раҳбаронаш дар хориҷ аз Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, рӯзи 11-уми феврал бо нашри як баёнияи расмӣ аз назари СММ истиқбол карда ва гуфтааст: “Ин ҳукм бори дигар собит мекунад, ки тамоми аъзои ҳизб дар зиндонҳои кишвар бегуноҳ буда, қурбонии сиёсатҳои хонаводагӣ ва қудратталабии элитаи ҳукмрон шудаанд.”

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки соли 1990 таъсис ёфтааст, то соли 2015 тақрибан 43 ҳазор узв дошт ва аз бузургтарин ташаккули сиёсии мухолифи давлат ба ҳисоб мерафт. Ба гуфтаи Freedom Now маҳбубият ёфтани ҳизб сабаб гашт, ки ҳукумат дар пайи беобрӯ кардану аз байн бурдани он шуд.

Созмони Freedom Now дар Вашингтон қароргоҳ дорад ва барои озодии онҳое талош мекунад, ки барои ақидаҳои сиёсӣ ва ё дигарандешӣ ба зиндон андохта шудаанд. Ин созмон дар гузашта аз тарафи Муҳаммадалӣ Ҳаит, узви дигари Ҳизби наҳзат ва Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои зиндонӣ ба гуруҳи СММ шикоят бурд.

Ҳуқуқшиносон бо натиҷагирӣ аз парвандаҳо ба айни хулоса расида ва аз ҳукумат хостанд, ҳардуро озод кунад, аммо мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки ин афрод барои ҷиноятҳои мушаххасе ҷазо гирифтаанд ва озод карда намешаванд.

Аз соли 2015 ба ин ҷониб ва баъд аз бастани Ҳизби наҳзат, ҳукумати Тоҷикистон ба раҳбарии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои саркӯби мухолифону дигарандешон ва маҳдуд кардани озодии баёну дигар ҳуқуқи бунёдии инсон пайваста аз тарафи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ танқид шудааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG