Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайвандонаш гуфтанд, бо Далер Шарифов мулоқот карданд


Далер Шарифов
Далер Шарифов

Пайвандони Далер Шарифов, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик, бо ӯ мулоқот кардаанд.

Ба гуфтаи онҳо, мулоқот рӯзи 6-уми март дар Боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон сурат гирифт.

Далер Шарифови 31-сола охири моҳи январ бо қарори Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе ба муҳлати ду моҳ ба ҳабс гирифта шуд. Ҳоло таҳқиқи парвандааш идома дорад.

Мақомот ӯро ба нашри матолиби, ба гуфтаи онҳо, дорои мазмуни ифротгароӣ муттаҳам мекунанд. Наздиконаш иттиҳомро беасос медонанд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон боздошти Далер Шарифовро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд.

Абдуманнон Шарифов, падари Далер Шарифов, баъди мулоқот ба хабаргузории “Азия-Плюс” гуфтааст, “писарам аз чизе шикоят надорад. Вазъи саломатияш хуб аст. Умед дорем, дар ояндаи наздик озод шуда, ба назди хонавода бармегардад.”

Ба қавли Абдуманнон Шарифов, хабарнигори боздоштшудаи тоҷик ҳоло ба мутолиа машғул аст ва, ба гуфтаи ӯ, “аз ашъори Мавлавӣ 500 мисраъ аз ёд кардааст”.

Додситонии кулли Тоҷикистон моҳи феврал ӯро барои нашри "200 матлабу мақола", ки ба бовари мақомот "дорои мазмуну муҳтавои экстремистӣ" ҳастанд, муттаҳам кард. Ин тасмим мавриди интиқоди ҷомеаи журналистӣ дар дохилу хориҷи Тоҷикистон шуд.

Моҳи феврал Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch боздошти Шарифовро маҳкум кард ва аз мақомоти тоҷик талаб кард, ки журналистро билофосила озод кунанд.

Қаблан созмонҳои дигари ҳомии ҳуқуқ - Афви Байналмилал, Ҳамкории Байналмилалӣ Барои Ҳуқуқи Инсон, Кумитаи Норвегии Ҳелсинки, Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон низ хостори озодии Далер Шарифов шуданд.

XS
SM
MD
LG