Бонки ҷаҳонӣ пешниҳодҳои нав дорад. Тоҷикистон мепазирад?

Бонки ҷаҳонӣ, ки дар 25 соли ҳамкорӣ ба Тоҷикистон 1 миллиарду 400 миллион доллар сармоя додааст, шеваҳои идомаи кори худро дар кишвар барои 5 соли оянда муайян кард.

Барномаи нави Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) бештар ба рушди бахши хусусӣ ва афзоиши содирот тамаркуз кардааст. Бар пояи он, Тоҷикистон дар панҷ соли оянда бояд сари 3 масъала таваҷҷуҳ кунад:

  • Рушди сармояи инсонӣ тавассути таъмини мардум бо оби поки ошомиданӣ, барқ ва фароҳам кардани шароит барои омӯзиши ҷавонон ва занон;
  • Беҳтар кардани кори ниҳодҳои давлатӣ тавассути боло бурдани самаранокии соҳаҳои обу энержӣ;
  • Рушди бахши хусусӣ, рушди имкониятҳои содиротӣ ва тақвияти ҳамгироӣ дар минтақа.

Арсаи обу барқ -- авлавияти Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон

Ба фарқ аз барномаҳои қаблӣ Бонки ҷаҳонӣ ин бор арсаи обу барқро яке аз авлавиятҳои кори худ дар Тоҷикистон қарор додааст. Мушкилоти ҳар ду соҳа доғ аст: то ба ҳол танҳо 36 дарсади мардум дар Тоҷикистон бо оби поки ошомиданӣ таъминанд. Мушкили камбуди нерӯи барқ дар фасли сармо ҳанӯз боқист ва вазъи молиявии ширкати "Барқи тоҷик" наздик ба буҳронӣ қаламдод мешавад.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, Бонки ҷаҳонӣ мушкилоти Тоҷикистонро дуруст ташхис додааст ва дар барномаи наваш маҳз соҳаҳое интихоб шудаанд, ки ба кумак ва ислоҳ ниёз доранд. Вале иқтисоддони тоҷик Ҳоҷимуҳаммад Умаров мегӯяд, Бонки ҷаҳонӣ маблағҳояшро ба барномаҳое харҷ мекунад, ки натиҷаашон рӯшан нест ва бештари сармоягузориҳои он боз ҳам харҷи маоши кормандоне мегардад, ки аз хориҷа ба таври кироя ба кишвар оварда мешаванд.

Коршиносони дигар низ дар номбар кардани барномаҳои муваффақи Бони ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон мушкилӣ мекашанд, аммо зуҳури ин созмони байналмилалиро дар кишвар муҳим дониста, ба он ишора мекунанд, ки худи кишвар дар иҷрои ин тарҳҳо собитқадам набудааст.

"Барномаҳои БҶ сатҳӣ иҷро шуданд"

Анвар Камолов, иқтисоддони тоҷик, ки таҷрибаи кор дар созмонҳои байналмилалии молиявиро дорад, рӯзи 15 май гуфт, бисёре аз барномаҳои ислоҳотӣ, ки Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ мекард, ба таври сатҳӣ иҷро шуданд ва бархе аз машваратҳоро ҳукумат аслан қабул накард.

"Барои мисол, Бонки ҷаҳонӣ ҳар сол раддабандии "Пешбурди тиҷорат"-ро нашр карда, кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистонро ташвиқ мекунад, ки аз рӯи 10 нишондоди ин раддабандӣ ислоҳот ҷорӣ намоянд. Аммо тавре мебинем, мавқеи Тоҷикистон дар ин рейтинг ба таври қобили мулоҳиза беҳ нашудааст. Соли гузашта, баръакс, кишвар дар ин раддабандӣ ду зина мақомашро аз даст дод", -- афзуд Камолов.

Ӯ ҳамчунин мегӯяд, ин гуна раддабандиҳо як ҷадвали хушку холӣ нестанд ва дар сурати пешрафти мавқеи кишвар дар он, иқтисод низ рушд мекунад, сармоягузорон ба кишвар меоянд. Камолов бо ишора ба таҷрибаи Гурҷистон мегӯяд, кишварҳое, ки роҳи ислоҳотро пеш гирифта, дар радабандии "Пешбурди тиҷорат" пешсаф гаштанд, шоҳиди рушди чашмгири иқтисодӣ шуданд.

"Пешниҳодҳои БҶ ба ҳама вақт бо манофеи миллӣ созгор аст"

Олимҷон Бобоев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва вакили МН.

Олимҷон Бобоев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон мегӯяд, ислоҳоте, ки Бонки ҷаҳонӣ барои ҳалли мушкили ин соҳаҳо пешниҳод мекунад, на ҳама вақт бо манфиатҳои миллӣ ва ё беҳбуди рӯзгори мардуми Тоҷикистон созгор аст.

Бобоев пешниҳоди Бонки ҷаҳониро ҷиҳати ҳалли мушкили қарзи "Барқи тоҷик" намуна овард ва гуфт, "он қобили қабул нест".

"Чанд сол шуд Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки нархи барқ боло бурда шавад. Аз назари ман, ин тавсияҳоро ба он хотир медиҳанд, ки дар оянда ширкатҳои бузург вориди бозори Тоҷикистон шуда, дар ин ҷо даромад ба даст оварда тавонанд. Аммо даромади мардуми мо кам аст ва мо наметавонем нархи барқро паёпай боло барем", -- шарҳ дод ӯ.

Бобоев афзуд, ҳукумати Тоҷикистон танҳо бо назардошти манфиатҳои миллӣ метавонад бо Бонки ҷаҳонӣ ҳамкорӣ кунад ва он тарҳҳоеро қабул намояд, ки бо манофеи мардум ҳамхонӣ дошта бошанд. Аз сӯе ҳам таҳлилгарон мегӯянд, Тоҷикистон бархе аз барномаҳои муҳими ислоҳотро, ки Бонки ҷаҳонӣ пешниҳод мекунад, рад кардааст ва Бонки ҷаҳонӣ низ ба иҷрои ин тарҳҳо дар Тоҷикистон пойфишорӣ намекунад.

"Агар давлат тавсияҳоро ба инобат гирад..."

Ҳайати Бонки ҷаҳонӣ ҳини боздид аз Тоҷикистон.

Бо вуҷуди ин, роҳнамоиҳои Бонки ҷаҳонӣ, ба гуфтаи коршиносони тоҷик, ҳамроҳ бо ёрию сармоягузориҳояш ба пешрафти Тоҷикистон таъсири мусбат доштаанд. Ин таҳлилгарон мегӯянд, агар давлат тавсияҳои Бонки ҷаҳониро ба назар гирад ва амалӣ кунад, кишвар ба рушди иқтисодӣ даст меёбад. Лек мунтақидон мегӯянд, тавсияҳои ин созмон аз оғози кор фоидаовар набуданд ва аз ҷумла "хусусигардонии корхонаҳо", ки бо тавсияи Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистон ба роҳ монда шуд, "саноати кишварро нобуд кард". Дар натиҷа, иқтисоди Тоҷикистон вобастаи пули интиқолии муҳоҷирон шуда, кишвар гирифтори воридоти маҳсулот аз хориҷ гашт.

Аз ҷумла, профессор Хоҷимуҳаммад Умаров, мегӯяд, бо он миқдор сармояҳое, ки Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон масраф кард, чанд корхонаи саноатӣ мешуд бунёд кард, ки садҳо нафарро бо ҷойи кор таъмин намоянд.

"Хусусигардоние, ки то ташаббуси Бонки ҷаҳонӣ гузаронида шуд, як вайронкорӣ буд. Ба иқтисоди Тоҷикистон чунон зарбае зад, ки то ба ҳол ба худ наомадааст. Саноат то ба сатҳи 1991 барқарор нашудааст. Хидмати Бонки ҷаҳонӣ дар ҳамин буд, ки Тоҷикистонро деиндустрализатсия кард", -- афзуд Ҳоҷимуҳаммад Умаров.

Бонки ҷаҳонӣ: "Хусусигардонии корхонаҳо ногузир буд"

Масъулони Бонки ҷаҳонӣ мегӯянд, фурӯши корхонаҳои давлатӣ ва хусусигардонии онҳо ногузир буд, чун Тоҷикистон ба иқтисоди бозорӣ рӯ овард ва давлат ин корхонаҳоро дуруст мудирият карда наметавонист.

Ҳадафи аслии Бонки ҷаҳонӣ коҳиши фақр дар ҷаҳон аст ва эҷоди ҷойҳои кории навро иқтисоддонҳои ин бонк яке аз роҳҳои кам кардани камбизоатӣ медонанд. Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши худ мегӯяд, як мушкили умдаи Тоҷикистон ин аст, ки ҳукумат ҷойҳои кории кофӣ барои шаҳрвандонаш эҷод карда наметавонад.

Бахши хусусӣ ва ё соҳибкоронро иқтисоддонҳои Бонки ҷаҳонӣ аз корофарандагони асосӣ мехонанд, ки айни замон дар иқтисод нақши чандоне надоштаанд. Ба иттилои ин созмон, танҳо 13 дарсади ҷойҳои кории расмӣ дар Тоҷикистон ба бахши хусусӣ рост меояд, ки хеле кам аст ва густариши ин бахш метавонад, бори сангини дӯши кишварро сабуктар кунад. Пешниҳоде, ки боз ба мудирияти хуб ва решакан кардани фасод бармегардад. Ин аст, ки бархе аз коршиносон мушкили кишварро системавӣ ё бунёдӣ мешуморанд.