Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико гуфт, ҳадафи таҳримҳои, ба қавли ӯ, сахте, ки рӯзи 5-уми ноябр алайҳи режими ҳоким дар Эрон ҷорӣ хоҳад шуд, мардуми он кишвар нестанд.
Фикр мекунам, дар дарозмуддат таҳримҳо таъсири бисёр бад бар ҷомеаи мадании Эрон хоҳанд дошт.
Ӯ рӯзи 4-уми ноябр дар Твиттер навишт, “ҳадафи мо маҷбур кардани Эрон ба тарки фаъолиятҳои вайронкоронааш аст. Ин таҳримҳо режимро ҳадаф қарор медиҳанд, на мардум, ки бераҳмии давлатро таҳаммул мекунанд.”
Интизор меравад, таҳримҳои Амрико ба бахши молӣ, нафт, саноати киштисозӣ ва киштиронии Эрон рӯзи 5-уми ноябр аз сар гирифта шавад. Ин таҳримҳо қаблан тибқи созишномаи ҳастаӣ, ки соли 2015 миёни Эрону шаш қудрати ҷаҳонӣ имзо шуд, лағв гардиданд. Дар ивази ин созишнома Эрон фаъолияти ҳастаии худро боздошт.
Аммо президент Доналд Трамп дар моҳи майи имсол Амрикоро аз ин мувофиқатнома берун кард ва гуфт, ин созиш наметавонад Теҳронро аз сохтани аслиҳаи атомӣ боздорад.
Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, аз Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ба хотири дубора баргардондани таҳримҳо алайҳи Эрон ситоиш кард ва онро “як иқдоми таърихӣ” хонд. Нетаняҳу дар як баёния гуфт, “президент Трамп, ба хотири ин иқдоми таърихӣ аз Шумо ташаккур. Воқеан, таҳримҳо дар роҳанд”.
Аммо Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Эрон, гуфтааст, ки тасмими Амрико дар мавриди ҷорӣ кардани таҳримҳои нави иқтисодӣ бар Теҳрон як талоши нокоми дигар хоҳад буд. Хоманаӣ рӯзи шанбе дар Теҳрон гуфтааст, “Амрикои имрӯз аз Амрикои чиҳил сол пеш, ки инқилоб пирӯз шуд, ба маротиб заифтар аст. Қудрати Амрико рӯ ба поён аст. Нуктаи муҳим ин аст”.
Коршиносон мегӯянд, бозгашти дубораи таҳримҳо бар Эрон иқтисоди ин кишварро ба мушкил мувоҷеҳ карда ва ба зиндагии мардум таъсири бад хоҳад гузошт.
Аҳмад Шаҳид, гузоришгари собиқи Эрон дар Созмони Милал қаблан дар бораи таъсири таҳримҳо дар суҳбат бо Радиои Озодӣ чунин гуфта буд: “Фикр мекунам, дар дарозмуддат таҳримҳо таъсири бисёр бад бар ҷомеаи мадании Эрон хоҳанд дошт. Агар таҳримҳо сабаби афти шадиди арзиши пули миллӣ мешаванд, таъбири соддааш ин аст: тавоноии мардум барои рафъи ниёзҳои аввалияи иқтисодӣ ва иҷтимоиашон осеб мебинад.”
Дар ҳамин ҳол, бо вуҷуди ҳушдорҳои Амрико, Чину Ҳинд - ду харидори аслии нафти Теҳрон – ба даъвати Вашингтон ҷиҳати то ба сифр коҳиш додани хариди нафт аз ин кишвар муқовимат мекунанд. Ба навиштаи расонаҳо, ин ду кишвар исрор доранд, дар ҷаҳон захираи кофие, ки нафти Эронро иваз кунад, вуҷуд надорад.
Чин бузургтарин муштарии нафти Эрон эълон кард, хариди нафти Эронро новобаста ба таҳдиди Вашингтон, ки гуфт дар сурати саркашӣ аз иҷрои таҳрим ширкатҳои Чинро аз ҳаққи кор дар бозори ИМА маҳрум мекунад, идома медиҳад.
Аммо айни замон ду харидори бузурги дигари нафти Эрон - Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ аллакай хариди нафти Эронро қатъ кардаанд.
Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико, рӯзи якшанбе дар суҳбат бо телевизиони "Фокс Нюс" гуфт, қатъи содироти нафти Эрон дар як вақти кӯтоҳ имконпазир нест ва онҳо ба ҳашт кишвар фурсат додаанд, то харидории нафтро аз ин кишвар ба сифр баробар кунанд. Вазири умури хориҷии Амрико аз ҳеч кишвар ном набурд. Аммо гуфт, "таҳримҳо ҳамин ҳоло асари густардае ба Эрон доштааст".