Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Осиёӣ аз Тоҷикистон хост, нархи интернетро арзон кунад


Прадип Сривастава, роҳбари Бонки Осиёи Рушд
Прадип Сривастава, роҳбари Бонки Осиёи Рушд

Бонки Осиёии Рушд (ADB) ба Тоҷикистон тавсия додааст, ки нархи интернетро поин оварда, дастрасӣ ба онро беҳтар кунад. Мақомоти бонк бовар доранд, Тоҷикистон аз ин роҳ метавонад фоидаи бештари иқтисодӣ бардорад.​

Дар шароити Тоҷикистон, ки дастрасии мустақим ба бандарҳои минтақаву ҷаҳонӣ надорад, истифодаи фарогири интернет боис ба рушди устувори кишвар мегардад

Ин дар ҳолест, ки бо як қарори Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз рӯзи 27-уми марти имсол нархи интернети мобилӣ 2 баробар боло бурда шуд. Агар нархи як гигабайт интернети мобилӣ дар гузашта ба ҳисоби миёна 30-35 сомонӣ буд, бар асоси нархномаи нав тақрибан 70 сомонӣ аст. Ин нархнома ба хотири музокироти ширкатҳои мобилӣ бо мақомоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳанӯз ба иҷро надаромадааст.

Чанд тавсияи Сривастава ба Тоҷикистон

Мардум, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ширкатҳои мобилӣ зидди боло бурдани нархи интернет ҳастанд, аммо Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Кумитаи андози Тоҷикистон ба дурустии он пойфишорӣ доранд. Онҳо мегӯянд, аз ин тариқ ҳам андози бештар мегиранд ва ҳам “амнияти кишварро ҳифз мекунанд”.

Бонки Осиёии Рушд дар гузориши тозаи худ, ки рӯзи 3-юми апрел нашр шуд, асосан вазъи иқтисоди Тоҷикистонро баррасӣ карда ва дар охир дар робита ба рушди интернет ва густариши мухобирот тавсия додааст.

Дар гузориши бонк бо такя ба додаҳо ё маълумоти ширкати Speedtest Тоҷикистон кишваре бо бадтарин суръати интернет эътироф шудааст. Прадип Сривастава, роҳбари Бонки Осиёи Рушд дар ин робита гуфтааст, "Тоҷикистон бо тақвияти инфрасохтори фанновариҳои мухобиротӣ, арзон кардани нархи интернет ва беҳтар кардани сифат, дастгирии сармоягузории хусусӣ дар арсаи алоқа ва боло бурдани сифати таҳсили ҷавонон, метавонад фоидаи бузурги иқтисодӣ бардорад".

"Ба ҳама бахшҳо таъсир мерасонад"

Коршиносони тоҷик қабул ва татбиқи тавсияҳои Бонки Осиёии Рушдро аз ҷониби Тоҷикистон дар мавриди арзон намудани нархи интернет ва сифати беҳтари он муҳим арзёбӣ мекунанд.

Асомуддин Атоев, коршиноси тоҷик, рӯзи 3-юми апрел гуфт, “болоравии бетаҳлили нархи интернет метавонад ба маҳдудшавии хадамоти электронӣ, бахши соҳибкорӣ, дастрасии кишоварзон ба нарх ва бахши энергетика таъсир расонад."

Асомуддин Атоев
Асомуддин Атоев

“Дар шароити Тоҷикистон, ки дастрасии мустақим ба бандарҳои минтақаву ҷаҳонӣ надорад, истифодаи фарогири интернет боис ба рушди устувори кишвар мегардад”, - афзуд ӯ.

Дар ниҳодҳои расмии Тоҷикистон рӯзи 3-юми апрел ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз тавсияҳои нави Бонки Осиёии Рушд хабар надоранд. Як манбаъ дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, ҳоло сифати интернет нисбат ба солҳои пеш беҳтар шудааст ва масъалаи боло бурдани нарх ҳам ниҳоӣ нашуда, дар баррасист.

Ӯ гуфт, “агар Бонки Осиёии Рушд бар ин назар аст, ки сифати интернет хуб нест, бо ин андеша розӣ шуда наметавонем. Нархи ҳозира барои истифодабарандагони интернет қимат нест ва набояд мояи нигаронӣ бошад”.

"Интернети суст баъзан зарари молӣ ҳам меорад"

Интернет дар солҳои охир манбаи даромад ва пешбурди тиҷорати даҳҳо сокини Тоҷикистон шудааст. Соҳибкор Илҳом Кучаров яке аз онҳост. Кучаров дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бо шарикони хориҷияш аксари корҳоро тариқи интернет анҷом медиҳанд ва хадамоти пасти интернет борҳо боиси таъхир дар иҷрои нақшаҳояшон шудааст. Илҳом Кучаров аз Дубай телевизор меорад.

“Суръати интернет хуб нест ва чанд дафаъа мо натавонистем бо шарикон дар Дубай ҳамсӯҳбат шавем ва таъхир, албатта, ба ҷайби мо зарари молӣ расонд. Гуфтугӯ тариқи телефон бо Дубай хеле гарон аст”, - шарҳ дод ӯ.

Бонки Осиёии Рушд дар тавсияҳои нави худ ба Тоҷикистон ҳамчунин пойбандии иқтисоди кишварро ба хориҷа таъкид карда, пешгӯӣ намудааст, ки рушди он дар солҳои 2019 ва 2020 нисбат ба соли 2018 заифтар хоҳад шуд.

БОР хост, Тоҷикистон аз пойбандӣ ба пули муҳоҷирон низ халос шавад

Яке аз тавсияҳои дигари бонки мазкур ин аст, ки барои раҳоӣ аз пойбандии омилҳои хориҷӣ, Тоҷикистон бояд тавлидоти дохилӣ ва содиротро рушд диҳад. Бар асоси гузориши ин бонк, феълан кам будани молҳои содиротӣ ва вобастагӣ аз пули муҳоҷирон, Тоҷикистонро аз омилҳои берунӣ осебпазир кардааст.

Бонки Осиёии Рушд аз сармоягузорони байналмилалии Тоҷикистон аст ва ҳар сол дар иҷрои тарҳҳои гуногун ба кишвар миллионҳо доллар ҷудо мекунад. Аммо маълум нест, ки Тоҷикистон ба тавсияҳои ин бонк гӯш хоҳад дод ё на.

XS
SM
MD
LG