Норбӣ Абдураҳмонова чанд ҳафта пеш хабар ёфт, ки падараш Абдураҳмон Шарипов дар яке аз майдонҳои ҷанг дар Украина ҳангоми амалиёт барои хунсо ва ё безарар кардани минаҳо ҳалок шудааст. Санади марги ӯро дар бойгонии Вазорати мудофиаи Русия пайдо кардаанд.
"Ба ман чанд рӯз пеш хабар доданд, ки дараки падарамро аз Маскав ёфтанд. Ӯ сарбози қисми поксозӣ ва безараргардонии минаҳо буда, дар замони ҷанг ордени ба номи Сталинро гирифта будааст", -- гуфт Норбӣ Абдураҳмонова рӯзи 9 май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Ин пиразан, ки бо андӯҳ суҳбат мекард, гуфт, модараш ба марги шавҳараш ҳеҷ бовар надошт ва "ҳамин хел мунтазири хабар ва чашм ба роҳ ҷон дод".
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳасану Бақо баргаштанд, аммо...
Падари ҷавони холаи Норбиро соли 1943 ҳамроҳи ду бародараш Ҳасан ва Бақо ба ҷанг бурданд. Амакҳои холаи Норбӣ аз ҷанг захмӣ ва ё маъюб баргаштаанд, вале падараш наомад ва хабаре ҳам дар бораи чӣ гуна ҳалок шудану дар куҷо дафн шуданаш набуд.
Холаи Норбӣ ду хоҳари дигар дошт ва мегӯяд, яке аз онҳо дар гавҳора буд, ки падар рафт. Солҳои баъдӣ ба гуфтаи ӯ рӯзҳои сиёҳе доштанд.
Модараш тани танҳо бо кӯдакони хурдсол худро ба ҳамаҷо мезад ва кор мекард, ки фарзандонашро пӯшонаду хӯронад: "Падарам дар онҷо меҷангид, модарам дар инҷо ҷанг мекард. Давлат ба ману хоҳаронам 20-сӯмӣ медод. Ин ба кӣ мерасид? Ҳамаамон домани модарро медоштем. Саҳар аз хоб мехестем, модарам набуд, ба фермаи колхоз говдӯшӣ мерафт, то моро сер кунад."
"Баъзеҳо гуфтанд, ки сари аз тан ҷудои ӯро гӯрондаанд"
Ҳамида Абдуллоева, духтари калонии Норбӣ Абдураҳмонова, мегӯяд, аз шаш бародару хоҳарон ҳоло танҳо модари ӯ зиндааст ва дигарон фавтидаанд.
Ӯ гуфт: "Баъди соли 1943 дар бораи бобоям ҳеҷ хабари дақиқ набудааст. Баъзеҳо ба бибиям гуфтаанд, ки гӯё дар майдони ҷанг сари аз тан ҷудошудаи ӯро пайдо карда, ба хок супоридаанд, вале мо бовар надоштем. Бародарзодаам аз Маскав санадеро фиристод, ки ному насаб ва дар кадом баталён хидмат кардани бобоям ва таърихи маргаш зикр шудааст."
"Интизор дошт, ки рӯзе меояд"
Абдуллоева аксҳои зиёдеро аз бобояш нигаҳ доштааст ва вақти суҳбат дар бораи бибиаш ашк мерезад, чун ҳамеша қиссаҳои азоб кашидани ӯро дар солҳои қаҳтии ҷанг ва ба баъди онро шунидааст.
"То охири умр шавҳар накард, фақат интизор дошт, ки кадом рӯз марди хона бармегардад. Лекин на бобоям зинда будааст ва на ин рӯзро дид", -- афзуд ӯ.
Абдураҳмон Шарипов нест, вале набераву аберагони зиёде дорад, ки духтараш Норбии 84-сола шумораи онҳоро ҳам намедонад. Аҳли оилаи онҳо дар деҳаи "Камонгарон" аз хонаводаҳои мавриди эҳтироми сокинон мебошанд.