Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Охирин олмонитаборони Қирғизистон. ВИДЕО


Ҳаёти ҷамоаи олмонитаборони Қирғизистон чӣ гуна аст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:17 0:00

Гузориши видеоӣ

Дар яке аз канораҳои пойтахти Қирғизистон деҳаи Люксембург воқеъ аст, ки замоне аксари сокинонашро немисҳо ё олмонитаборони ин кишвар ташкил медоданд. Феликс Литау дар солҳои ҷанги дувуми ҷаҳонӣ аз нимҷазираи Қрим ихроҷ шуда, баъди сипарӣ намудани муддате дар урдугоҳҳои кори иҷборӣ ба Қирғизистон омадааст. Литау дар ҳоли ҳозир яке аз олмонитаборони камшумори Қирғизистон аст.

Ӯ мегӯяд, “ҳамаи олмонитаборон ба Олмон рафтанд. Ман аз он сабаб нарафтам, ки забони немисиро намедонам. Ҳамсарам рус аст. Фарзандонамон фақат ба русӣ суҳбат мекунанд. Ҳамаи хешовандонамон ба ҳамон ҷо рафтаанд, вале ман худдорӣ кардам. Ба ман он ҷо маъқул нашуд.”

Анатолий Кёниг дар ҷамоаи олмонитаборони Қирғизистон забону фарҳанги олмониро таълим медиҳад. Вай гуфт, дар Люксембург асосан олмониҳои аз соҳилҳои Волга, Қазоқистон, Қафқоз ва Қрим ихроҷшуда ба сар мебаранд. “Онҳо аксаран дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва баъди он ихроҷ шудаанд. Баъзеҳо ба зодгоҳашон ва дигарон ба Олмон кӯч бастаанд,” – афзуд Кёниг.

Баъд аз ҷанги дувуми ҷаҳонӣ тақрибан 100 ҳазор олмонитабор ба Қирғизистон интиқол ёфтанд. Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ бозгашти дастҷамъии онҳо оғоз ёфт ва ҳоло дар Қирғизистон наздики 10 ҳазор нафари онҳо боқӣ мондаанду бас. Аксарият забони немисиро намедонанд ва бо мурури замон ҳувияти онҳо низ омехта шудааст.

“Бо зиндагӣ дар инҷо мо ба умур ба мисли қирғизҳо баҳо медиҳем. Монанди он олмонитаборони Узбакистон, ки ба мисли узбакҳо баҳо медиҳанд. Ҳамин тариқ инсон дар муҳити маҳаллӣ ба истилоҳ ҳазм мешавад. Ман олмониҳоеро мешиносам, ки худро немис меноманду мисли гурҷӣ ва ё узбак рафтор мекунанд,” – мегӯяд Маргарита Коптева.

Дар ҷараёни сафари канслери Олмон Ангела Меркел ба Қирғизистон боздид аз деҳаи Люксембург дар назар нест. Мисли он ҷамоаи олмониҳои маҳаллӣ низ ба тадриҷ робита ба ватани бобоияшонро аз даст медиҳанд.

XS
SM
MD
LG