Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Вақти он аст, эй қалам, буррандатар гардӣ зи теғ..."


Дастгоҳи таблиғотии Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷанг алайҳи Олмони фашистӣ аз чӣ истифода мекард ва дар Тоҷикистон Ҳитлеру Геббелсро чӣ гуна мешинохтанд?

"Вақти он аст, эй қалам, буррандатар гардӣ зи теғ..." Ин мисраъ аз Ҳабиб Юсуфист, ки дар ҷанги алайҳи артиши Олмони фашистӣ кушта шуд. Ӯ аз кам адибоне буд, ки баробари силоҳ гирифтан алайҳи душман, тавоноии қаламро низ истифода мекард.

Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ дар баробари тиру туфанг артиши ташвиқ ва тарғиботиро дар ҳудуди давлати Шӯравии собиқ фаъол кард, ки Тоҷикистон дар ин миён истисно набуд. Моҳи июни соли 1941 дар назди Оҷонсии иттилоотии ТоҷикТА, шуъбаи хос бо номи “Окно” (Оинаи ТоҷикТА) ба кор шуруъ кард, ки вазифааш таҳия ва нашри карикатураҳо дар мавзӯи замони ҷанг буд. Барои мисол, дар нашри рӯзи 24 феврали соли 1942 карикатураи “Дурӯғи Геббелс” ба нашр расидааст.

Дар солҳои ҷанг бисёре аз карикатуристони машҳур ба Тоҷикистон кӯчонда шуданд. Бинобар ин, муаллифони бисёре аз карикатураҳо яҳудиҳо ва русҳо буданд. Аммо дар миёни онҳо Муҳиддин Хошмуҳаммедов низ буд, ки карикатураҳои он замон таҳияшударо ба тоҷикӣ тарҷума мекард.

"Вақти он аст, эй қалам..."
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:37 0:00

“Ақибгоҳ” чунин меномиданд ҳамаи корҳоеро, ки аз ҷабҳаи ҷангӣ дур, аммо ба хотири таҳкими он анҷом дода мешуданд. Низоми он камтар аз низоми ҳарбӣ набуд. Андак иштибоҳ ҳамчун амали ҷосусӣ ва душманона таъбир шуда, ҳазорҳо ба ҷабҳаи ҷаримавӣ ё ба кунҷи зиндон мерафтанд.

Барои мисол, як иқтибос аз матлаби рӯзномаи “Тоҷикистони сурх”: “Механизатори МТС-и Даҳанакиик Мишин маст шуда, 5 соат дар ҷойи кор набуд. Дар натиҷа, як трактор бе солярка монда, 3 соат бекор хобидааст. Суди халқӣ Мишинро барои ин кирдораш ба 5 моҳи ҳабс ва мусодираи 25 протсенти маошаш ба фоидаи давлат маҳкум кард.”

Оғози ҷанги дувуми ҷаҳон барои Шӯравӣ умедворкунанда набуд ва ақибнишинии артиши он дар баробари нерӯҳои фашистӣ эҳтимоли шикастадил шудани мардумро рӯз ба рӯз меафзуд. Барои зиёд нашудани ноумедиҳо гурӯҳи тарғиботӣ ва ташвиқотӣ шабурӯз заҳмат мекашид.

Николай Матвеев, собиқадори меҳнат, мегӯяд: “Картон ва дигар коғазпораҳоро ҷамъ карда, аз он коғаз таҳия мекарданд. Коғаз дар он солҳо як чизи камёфт буд.”

Бо вуҷуди камёфт шудани коғаз дар солҳои ҷанг, нашрияҳои “Тоҷикистони сурх”, “Коммунист Таджикистана”, “Болшевики Ғарм”, “Бадахшони Сурх” ва “Стахановчӣ” дар Тоҷикистон мунтазам ба нашр мерасиданд. Дар ҷабҳаи нашрияи махсуси “Аскари сурх” ба забони тоҷикӣ нашр ва дар миёни аскарони тоҷикзабон паҳн мешуд, ки матлабҳои онро аксаран адиби тоҷик Фотеҳ Ниёзӣ ва Пайрав Сулайомнӣ таҳия мекардаанд.

Шариф Муллоев, муҳаққиқи тоҷик гуфт:“Карикатураҳо ҷузъи муҳими таблиғоти он замон буд. Онҳо хеле нишонрас ва барои омма фаҳмо буданд, ки руҳияи мардумро ба ғалаба ва зӯру тавони Артиши сурх бештар мекарданд. Душман дар ин карикатураҳо бисёр ҳақиру нотавон ва разил тасвир мешуд”.

Адолф Ҳитлер ва Йозеф Геббелс - роҳбари дастгоҳи таблиғотии Олмони фашистӣ бештар қаҳрамонҳои манфии карикатураҳо шуда, аскару афсарони немис дар шакли ҳашароту каждум ва намудҳои манфур тасвир мешуданд. Баръакс, аскару афсарони Артиши сурх болобаланд ва бо бозувони қавӣ тасвир мешуданд, ки умеди мардуми Шӯравиро ба пирузӣ бар артиши душман тақвият медод.

Тоҷикистон дар солҳои ҶБВ беш аз 300 ҳазор фарзандашро ба сафи Артиши сурх сафарбар кардааст, ки аз онҳо ҳудуди 100 ҳазорашон дар ҷангҳо ҷон бохтаанд.

XS
SM
MD
LG