Чин ба ТАЛКО 545 миллион доллар медиҳад, "бо шартҳои муайян"

Корхонаи алюминийи тоҷик

Як ширкати давлатии Чин эълон кард, ки бо корхонаи Талкои Тоҷикистон шартномаи 545-миллиондолларӣ бастааст ва ҳадафаш "афзоиши истеҳсоли алюминий аст". Шартнома 15 апрели имсол имзо шудааст.
Жанг Чун, мудири ширкати CMEC, дар изҳороти расмии худ мегӯяд, "татбиқи қарордод пас аз қаноатмандӣ аз иҷрои шартҳои муайян сар мешавад".

Бино ба ин қарордод, China Machinery Engineering Corporation (CMEC) ду коргоҳи Талко ва баъзе аз иншооти ёрирасони онро навсозӣ ё модернизатсия мекунад. Гап дар бораи коргоҳи панҷум ва шашуми корхонаи алюминийи тоҷик меравад, ки дар 60-километрии Душанбе, дар шаҳри Турсунзода, ҷойгир аст.

Қарор буд, ин ду коргоҳ дар оғози солҳои навадум пурра сохта шаванд, аммо бо фурӯпошии Шӯравӣ нотамом монданд. Бино ба қарордоди имзошуда, ба кор андохтани ин ду коргоҳ истеҳсоли алюминийро то сесад ҳазор тонна дар як сол хоҳад расонд.

Ду тараф шартҳоро ошкор намекунанд

Жанг Чун, мудири China Machinery Engineering Corporation, 17 апрел дар изҳороти расмӣ гуфтааст, таҷдиди коргоҳ дар ду марҳила ва дар давоми ду сол сурат мегирад. Ӯ афзудааст, ҷониби Чин муваззаф аст, техникаву таҷҳизоти заруриро биёрад, васлу насб кунад ва ба кор андозад. Ҳамчунин таълими кормандон ба дӯши ин ширкат хоҳад буд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Чин дар Тоҷикистон барои 40 000 нафар донишгоҳ месозад

Ҳамзамон Жанг Чун, мудири ширкати CMEC, дар изҳороти расмии худ мегӯяд, "татбиқи қарордод пас аз қаноатмандӣ аз иҷрои шартҳои муайян сар мешавад". Аммо нагуфтааст, ки кадом шартҳо. Тибқи маъмул ҷузъиёти як силсила созишномаҳои миёни ду кишвар баён карда намешаванд ва коршиносон ба ношаффофии ин ҳамкориҳо низ ишора мекунанд.

Намояндаи Талко дар як гуфтугӯи телефонӣ бо хабаргузории "Франс-Пресс" имзо шудани ин қарордодро бо CMEC тасдиқ, вале аз ифшои шартҳои он худдорӣ кардааст. Дар зимн, ҳанӯз як сол пеш баъзе аз намояндагони Талко аз нияти ҳамкорӣ бо Чин сухан гуфта буданд. Онҳо бовар доштанд, ки “фанновариҳои нави чинӣ имкон медиҳад бо сарфи миқдори ками нерӯи барқ тавлиди алюминий афзоиш дода шавад”.

Аммо ҳарду тараф шартҳои иҷрои ин қарордодро рӯшан намекунанд ва маълум нест, ин маблағи ширкати давлатии Чин ба чӣ наҳв бозпардохт хоҳад шуд.

Оё мухолифат дорад?

Ҳафтаи гузашта Тоҷикистону Русия ҳабдаҳ санад имзо карданд, ки яке аз созишномаҳо байни Талко ва Бонки ВТБ-и он кишвар аст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Сементи Тоҷикистонро кӣ фурӯшад -- чиниҳо ё худи тоҷикон?

Ширкати Талко, собиқ ТадАЗ, дар миёнаҳои солҳои 60-ум сохта шудааст. Ин корхона ҳар сол даҳҳо ҳазор тонна алюминийи хом - як моли муҳими содиротии кишварро истеҳсол мекунад. Ин ширкат дар пайи поинравии нархи алюминий дар бозори ҷаҳонӣ дар чанд соли охир дучори мушкили молӣ шуда, ҳамагӣ 30 дарсади иқтидори он истифода мешавад. Даромади он низ ношаффоф дониста мешавад.

Чанд сол пеш дар матбуоти Тоҷикистон ин андеша ба миён гузошта шуда буд, ки Талко ба будҷаи давлат андози чандон бузург намедиҳад ва аз ширкати "Барқи Тоҷик" ва дигарон қарздор аст ва беҳтар аст фурӯхта шавад.

Он замон мақомоти Талко гуфта буданд, ки корхонаи алюминий дар канори нерӯгоҳҳои Роғун ва Норак аз аҳамияти миллӣ бархӯрдор аст ва ҷузъи ифтихори миллист, ки ба фурӯш гузошта нахоҳад шуд.

Ҳоло маълум нест, тавофуқи ахири масъулони Талко бо ширкати чинӣ бар сари истифодаи муштараки он бо мақоми миллӣ доштани корхона мухолифат дорад ё на?