Соли гузашта дар Тоҷикистон қонуни замин беш аз ҳар қонуни дигар поймол шудааст.
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, охири ҳафтаи гузашта дар гузориши худ ба аъзои Маҷлиси Миллӣ гуфтааст, "соли 2018 дар Тоҷикистон беш аз ҳазор парвандаи ҷиноӣ вобаста ба вайрон кардани қонунгузории замин боз гардид". Зимни ҳеҷ қонуни дигаре дар Тоҷикистон ин миқдор парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст.
Ба иттилои додситони кул, ба замми ин миқдор парвандаи ҷиноӣ, боз 3450 нафари дигар ба ҷавобгарии интизомиву маъмурӣ кашида шудаанд, ки ҳамчунон дар вайрон кардани қонуни замин айбдор мешаванд.
Шикоятҳои сокинон бештар аз тамаъҷӯии мансабдорон ҳангоми тақсимоти замин барои бунёди хона ва кишоварзӣ, зиёд ба гӯш мерасад.
Дар натиҷаи санҷишҳо доир ба риояи қонуни замин, Додситонии кул наздик ба 23 ҳазор гектар заминро, ки ғайриқонунӣ тақсим ва ё ғасб шудааст, ба ҳолати аввал бозгардонидааст. Озода Раҳмон, раиси Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, ки ҳамчунон раиси Кумита оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонунияти Маҷлиси миллӣ аст, дар идома ба додситони кул даҳ дастур додааст.
Раҳбари дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар банди нахустини супоришҳояш ба Додситонии кул боз ҳам ба тақвияти назорат оид ба хариду фурӯши замин ва умуман риояи қонуни замин таъкид кардааст. Чун ба гуфтаи ӯ, қонуншиканӣ дар самти истифодаи замин рӯ ба афзоиш овардааст. Ба иттилои ӯ, дар соли 2018 дар ҷумҳурӣ 700 қарори раиси шаҳру ноҳияҳо вобаста ба замин, бо эътирозҳои прокурорӣ бекор шуданд.
Барои ҷилавгирӣ аз заминфурӯшӣ, ғасби замин ва поймол кардани қонуни замин, ҳамакнун дар Додситонии кул як раёсати алоҳида таъсис ёфта, 50 додситон ё прокурор маҳз иҷрои қонуни заминро дар Тоҷикистон назорат мекунанд.
Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумон ва раиси ҳизби демократи Тоҷикистон, рӯзи 3-юми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ зиёд шудани парвандаҳои ҷиноятии марбут ба заминро “аломати пурзӯр шудани муборизаи мақомоти интизомӣ” донист. Ӯ гуфт, “ғасбу истифодаи ғайриқонунии замин солҳои қаблӣ низ вуҷуд дошт. Фикр мекунам, пурзӯр шудани мубориза ва амалкарди мақомоти додситонӣ боис шуд, ки парвандаҳои ҷиноӣ бештар шавад.”
“Замингир ҳам ришва медиҳад ва ҳам калтак мехӯрад”
Заминфурӯшии мақомоти маҳаллӣ як мояи асосии шикояти мардум дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Бисёриҳо мегӯянд, бидуни пардохти ришва гирифтани қитъаи замин тақрибан номумкин шудааст.
Бахтиёр Ҷӯраев, як сокини ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, мегӯяд, ҷараёни тақсими порчаҳои замин дар Тоҷикистон тарзе шакл гирифтааст, ки шаҳрвандон барои гирифтани замин ночоранд “пора диҳанд”.
“Вақте барои гирифтани замин ариза медиҳӣ, бо баҳонаи обуна ба нашрияҳо пул мехоҳанд. Вақте ба суроғи замин меравӣ ё пулатро талаб мекунӣ, мегӯянд, замин расман бепул дода мешавад, чаро ту пул додӣ? Хулоса боз калтак ба сари замингир мезанад”, - иброз дошт Ҷӯраев.
Агар замин пулакӣ шавад, хусусияти иҷтимоии давлат зери суол меравад. Лекин бо парванда бо кардану ҷазо додани ҷанд масъули хурди ҷамоатҳо вазъият иваз намешавад. Ин роҳи ҳал нест.
Ин сокини ноҳияи Спитамен мегӯяд, худ аз ҳарҷу марҷи тақсимоти замин азият кашидааст. “Соли 2014 мақомоти ноҳия барои бунёди як манзил ба мо замин дод. Аммо то он ки хона сохтем, мақомоти ноҳия иваз шуд ва раиси нав қарор кард, замин ба ҳолати аввал баргардонда шавад. Мақомот девору дарвозаи сохтаи моро чаппа карданд”, - нақл кард ӯ.
Ҳамсуҳбати мо гуфт, беҳтар медонад, махзани ягона ва ё сомонае ташкил шавад, ки дар он қитаъаҳои замин расман аз ҷониби давлат озоду шаффоф ба фурӯш гузошта шавад. Ӯ афзуд, “имрӯз асри 21 аст ва аксарият аз интрнет истифода карда метавонанд. Бигзор ҳар кас озод дида тавонад, ки кадом қитъаи заминро гирифтааст. То ин ки вақте мақомоти ноҳия иваз шуд, қарорҳои пешина бекор нашаванд.”
"Агар замин пулакӣ шавад..."
Пешниҳоди таъсиси бозори замин дар Тоҷикистон солҳо боз садо медиҳад. Дар тағйироти охир ба Кодекси замин низ мафҳуми бозори замин ворид шудааст.
Аммо иқтисоддон Масъуд Собиров мегӯяд, Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ аст ва наметавонад заминро ба фурӯш гузорад.
“Агар замин пулакӣ шавад, хусусияти иҷтимоии давлат зери суол меравад. Лекин бо парванда бо кардану ҷазо додани ҷанд масъули хурди ҷамоатҳо вазъият иваз намешавад. Ин роҳи ҳал нест. Тамоми система олуда аст ва дар самти тақсими замин зарурати гузарондани як ислоҳот ба вуҷуд омадааст”, - гуфт ӯ.
Президенти Тоҷикистон ду сол қабл дар як суханронӣ аз афзоиши ҳолатҳои заминфурӯшии мансабдорон изҳори нигаронӣ карда, гуфта буд, ки ин мушкил ба "як дарди бедаво" табдил шудааст. Ба назар мерасад, ин таъкид таъсир надошт, ки шумори парвандаҳои заминфурӯшӣ ҳамоно рӯ ба афзоиш дорад.
Сокинони Тоҷикистон мегӯянд, тамаъҷӯии мансабдорон зиёдтар аз ҳама ҳангоми тақсими замин барои бунёди хона ва кишоварзӣ рух дода, рӯзгори онҳоро табоҳ кардааст.
Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд (OCED) ҳам дар гузориши охирини худ дар робита ба муборизаи зидди коррупсия дар Тоҷикистон менависад, "хавфи аз ҳама зиёди ришватхорӣ дар ҷараёни тақсими порчаҳои замин вуҷуд дорад".
Кумитаи давлатии замин мегӯяд, дар давоми 28 соли истиқлол бо қарорҳои ҳукумат ҳудуди 130 ҳазор гектар заминро барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ ба як миллиону 400 ҳазор оила тақсим кардааст.