Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як мансабдори пешин бори даҳум ба заминфурӯшӣ айбдор шуд


Додгоҳи Хуҷанд як мансабдори собиқи идораи замини ҳукумати ин шаҳрро бори 10-ум барои заминфурӯшӣ ва обу лой кардани садҳо ҳазор сомонӣ пули сокинон айбдор донист ва ҳамроҳи як миёнарав ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ паси панҷараи зиндон фиристод.

Хуршед Умматқулов, мутахассиси собиқи идораи замини Хуҷанд ва миёнарав - Муин Мансуровро додгоҳ барои "қаллобӣ", "сохтакории санадҳо" ва "ғайриқонунӣ додани қитъаи замин" гунаҳкор эълон ва ба мӯҳлати 12 ва 13 соли ҳабс маҳкум кард.

Бар илова, Умматқулов бо қарори додгоҳ ба пардохти 200 ҳазор сомонӣ ҷарима ба фоидаи давлат муваззаф гардид. Додгоҳ бо татбиқи қонуни афв аз мӯҳлати ҳабси Мансуров сеякашро кам кард.

Шумораи ҷабрдидаҳо соли 2016 сиву се нафар ва маблағе, ки онҳо барои соҳиби замин шудан ба миёнаравон, умдатан ба Умматқулов ва Мансуров додаанд, беш аз 450 ҳазор доллар эълон шуда буд.

Додгоҳи Хуҷанд ҳукми худро дар нисбати ин афрод дар миёнаҳои моҳи феврали соли ҷорӣ содир кард ва ҳоло он нерӯи қонунӣ гирифтааст.

Вакили дифои Умматқулов рӯзи 28-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, зерҳимояаш аз муборизаи чандинсолаи бесамар барои сабук кардани ҷазо хаста шуд ва ин бор ба ҳукми додгоҳ тан дод. Хуршед Умматқулов дар маҷмӯъ 10 бор бо ҷурми "қаллобӣ" дар робита ба фурӯши замин ба сокинон ва обу лой кардани пули онҳо, маҳкум шудааст. Бори аввал дар соли 2010 мурофиаи парвандаи ӯ бо пардохти 60 ҳазор сомонӣ "ҷарима" ва дар ниҳоят татбиқи қонун афв, хотима ёфт.

Дар ҳукми додгоҳ гуфта мешавад, ки дар чор мурофиаи аввали ӯ, ки ба солҳои 2010 ва 2016 мувофиқ меояд, Умматқулов бо пардохти ҷарима озод шуд. Танҳо дар соли 2016 ин шахс ба пардохти 120 ҳазор, 160 ҳазор ва 180 ҳазор сомонӣ аз мурофиа халос шудааст.

Баъди ин, соли 2016 додгоҳи Хуҷанд ӯро ба 5 соли ҳабс маҳкум кард. Баъди ин, дар судҳои дигар аз рӯи парвандаҳои ҷабрдидаҳо ва миёнравони дигар мӯҳлати ҳабси Умматқулов зиёд шуд. Ба ин тартиб, соли 2017 бори шашум ва соли 2018 ду бори дигар муҳокима шуда, 27-уми июли 2018 додгоҳ ӯро ба 10 солу 6 моҳи ҳабс дар зиндони низомаш сахт маҳкум кард. Ниҳоят соли 2019 - "бо роҳи қисман зам кардан ба ҳукмҳои пешина", ҳукми ниҳоии ӯ 12 соли ҳабс муқаррар шуд.

Некрӯз Маъруфзода, додраси додгоҳи Хуҷанд ва масъули баррасии ин парванда дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин навбат додгоҳ қарор кард, ки бар иловаи ҷазои 12 соли зиндон, ҳамчунин аз ӯ ҳудуди 400 ҳазор сомонӣ ва беш аз 20 ҳазор доллари аз сокинон, рӯёнида шавад.

Ҳамин тавр, додгоҳ қарор кард аз миёнарав - Муин Мансуров низ беш аз якуним миллион сомонӣ пули аз 22 сокин гирифтааш рӯёнида шавад. Таъиноте, ки иҷрои он мушкил ба назар мерасад.

"Пулро ба мансабдорони дигар додааст"

Назир Набиев, вакили дифои Хуршед Умматқулов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, зерҳимояаш дар мурофиаи додгоҳӣ гуфтааст, ки ӯ 70-80 дар сади маблағҳои аз сокинон гирифтаашро аз худ накарда, онро ба мансабдорони дигар додааст. Аз ин рӯ, наметавонад маблағи сокинони фиребхӯрдаро баргардонад.

Набиев афзуд, "Умматқулов дар мурофиаҳои қаблӣ ному насаби онҳоро ҳам баён кард, вале додгоҳ далелҳои ӯро ба назари эътибор нагирифт ва бо он мансабдорон ӯро рӯ ба рӯ накард. Барои ҳамин, ӯ дигар идомаи талошро бефоида донист",-афзуд ӯ.

Ҳодисаи заминфурӯшӣ замоне ошкор шуд, ки Муин Мансуров, миёнарави байни кормандони идораи замини Хуҷанд ва корафтодаҳо, рӯзи 29-уми январи соли 2016 ҳини гирифтани 2 ҳазор доллар аз яке аз корафтодаҳо аз тарафи Раёсати корҳои дохилии вилоят дар ҷои тақсими замин барои бунёди манзил воқеъ дар маҳаллаи 14-уми шаҳри Хуҷанд боздошт гардид.

Ҷабрдидаҳо норозӣ ҳастанд

Тавре ҷабрдидаҳо мегӯянд, дар вақти тафтишот онҳоро бо чанд нафар аз масъулони идораи замини шаҳри Хуҷанд рӯ ба рӯ карданд, ки он замон бо санадҳои дар компютер копишуда онҳоро фиреб дода, аз 7 то 14 ҳазор доллари онҳоро гирифтанд ва ба онҳо қитъаи замин надоданд. Аммо то кунун ягон мансабдори баландпоя дар ин қазия ба ҷазо кашида нашуд.

Шумораи ҷабрдидаҳо соли 2016 сиву се нафар ва маблағе, ки онҳо барои соҳиби замин шудан ба миёнаравон, умдатан ба Умматқулов ва Мансуров додаанд, беш аз 450 ҳазор доллар эълон шуда буд.

Аммо пас аз эълони ҳукми ниҳоии додгоҳ нисбат ба Хуршед Умматқулов ва Муин Мансуров, ҷабрдидаҳо боз ҳам мегӯянд, ки аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд, зеро мансабдорони аслие, ки онҳоро фиреб дода ва аз пулу замин маҳрум карданд, дар озодӣ мебошанд.

Онҳо аз он норозианд, ки соҳиби қитъаи замин нашуданд ва пулҳои ба миёнаравон додаи худро низ бозпас гирифта натавонистанд. Даврон Пӯлодов, як сокини шаҳри Хуҷанд мегӯяд, ӯ ба 4 нафаре, ки худро намояндагони Кумитаи замин номиданд, 14 ҳазор доллар дод ва соҳиби 2 санади соҳибӣ ба 6 сотихӣ қитъаҳои замин гардид. Аммо ба гуфтаи ӯ, он санадҳо тақаллубӣ баромад. "На замин доданд, на пуламро баргардониданд",-гуфт ӯ.

Аз соли 2016 то кунун пойи чандин мансабдорон ва миёнаравон низ ба ин силсилапарвандаҳои пурсарсадои ба истилоҳ "мафияи заминфурӯш" кашида шуд, вале ҳама бо ҷазоҳои нисбатан сабук, умдатан пардохти ҷарима ва татбиқи қонуни афв, халос хӯрданд.

Бори ҳама гуноҳ ба сари собиқ мансабдори идораи замини Хуҷанд Хуршед Умматқулов ва миёнарав Муин Мансуров зад, ки инак, ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ паси панҷара рафтанд.

"Заминфурӯшӣ" дар Тоҷикистон

Дастрасӣ ба замин ва тақсими одилонаи он яке аз масоили доғ дар Тоҷикистони камзамин ба шумор меравад. Мақомоти ҳифзи қонун мегӯянд, ки дар баҳсҳои додгоҳӣ ва ҳам дар аризаҳо ба номи ваколатдори ҳуқуқи инсон аксари шикоятҳо атрофи ноодилона тақсим шудани замин мебошад. 93 дарсади қаламрави Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил мекунанд ва камбуди замин барои бунёди хонаҳои истиқомативу бо ҳадафҳои кишоварзӣ таҳти назорати давлат қарор дорад.

Замин дар Тоҷикистон моликияти давлат аст, аз ин хотир, тақсимоти замин ба салоҳияти мақомот вогузор шудааст. Вале бо сабаби кам будани пешниҳод ва зиёд будани довталабони замин, ҷараёни тақсими замин бо мушкилот, аз ҷумла гоҳҳо олуда бо фасод пеш меравад.

Кормандони раёсати Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд дар соли 2017 тақрибан 500 ҷинояти коррупсиониро ошкор кардаанд. Бино ба омори ин ниҳод, аз ҳама бештар фурӯш ва тақсими ғайриқонунии замин - дар маҷмӯъ 179 ҷиноят ошкор шудааст.

XS
SM
MD
LG