Русия раванди осон кардани дарёфти шаҳрвандӣ ба хатмкунандагони муассисаҳои олии кишварашро баррасӣ дорад.
Дар ҳоле, ки садҳо ҷавони тоҷик дар ҷустуҷӯ ва роҳҳои дарёфти ҳаққи иқомат дар Русия ҳастанд, сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон эълон кард, эҳтимол пешниҳоди шаҳрвандӣ ба ҷавононе, ки дар омӯзишгоҳ ва мактабҳои олии ин кишвар таҳсил мекунанд, осон шавад.
Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон рӯзи 20-уми феврал дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Душанбе, ба масъалаи таваҷҷӯҳи ҷавонони тоҷикистонӣ ба таҳсилу зиндагӣ дар он кишвар таъкид кард ва гуфт, пешниҳоди имтиёз барои гирифтани шаҳрвандӣ ба муҳассилини тоҷики Русияро баррасӣ доранд.
Сафир таъкид кардааст ки "феълан раванди осон кардани дарёфти шаҳрвандӣ ба хатмкунандагони муассисаҳои олии таълимии Русия дар баррасӣ қарор дорад".
Хабари эҳтимоли осон шудани дарёфти шаҳрвандӣ дар ҳолест, ки солҳои ахир дар Тоҷикистон ҳарчи бештар сокинон талоши бо ҳар роҳ ба даст овардани ҳаққи иқомат дар Русияро доранд.
То имрӯз барномаи давлатии Русия "Переселение" ё кӯчбандӣ фаъол аст, ки дар ибтидо барои бозгардондани аҳолии русзабон аз кишварҳои Шӯравии собиқ тамаркуз мекард ва ҳоло асосан барои таъмини минтақаҳои ташнаи мутахассису нерӯи корӣ дар Русия идома дорад.
Ин барнома аз соли 2007 ба ин сӯ амал мекунад ва дар 11 соли фаъолияташ, бино ба иттилои расмии мақомоти Русия, 800 ҳазор нафар аз ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ тавонистанд, шаҳрвандии ин кишварро ба даст оранд.
Тибқи ин барнома, ба онҳое бартарӣ дода мешавад, ки оиладор ва соҳиби тахассуси барои Русия муҳим ҳастанд. Аммо садҳо донишҷӯи тоҷик баъд аз таҳсил дар Русия кӯшиш мекунанд, зиндагии худро онҷо ба роҳ монда, ба ватан барнагарданд.
20 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Русия
Эҳтимоли осон шудани дарёфти шаҳрвандӣ барои донишҷӯён барои Фирдавс Каримов, ки дар яке аз донишгоҳи технологии Русия таҳсил мекунад, дар чанд рӯзи ахир беҳтарин хабар буд.
Ӯ ки аз ҳоло дар фикри дарёфти кори хуб аз рӯи ихтисос ва зиндагии беҳтар дар Маскав аст, мегӯяд, агар имтиёзе барои дарёфти ҳаққи иқомат барои донишҷӯён пешниҳод шавад, ӯ ба ин хостаҳои худ ба осонӣ даст меёбад.
Фирдавс мегӯяд, аз таҷрибаи дигар ҳамсолонаш медонад, ки баъди хатми донишгоҳ дар Русия ва баргашт ба Тоҷикистон, онҳо кори муносибе пайдо намекунанд. Фирдавс мегӯяд, шояд ин тасмими Русия дар амал ҷорӣ шавад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ҷавонони тоҷик ба донишкадаҳои исломии Русия рӯ овардаандЧун ин натанҳо ба фоидаи хатмкунандагон, балки ба манфиати ин кишвар аст, ки метавонад, кадрҳои тайёрро барои худ бигирад. Русия ҳеҷ вақт коре намекунад, ки бар зарари худаш бошад. Вале боз ҳам як донишҷӯе, ки воқеан бо заҳмат таҳсил ва соҳиби ихтисос мешавад, метавонад, кори хубро бо маоши беҳтар дар Русия пайдо кунад".
Тоҷикистон ҳар сол садҳо ҷавонро барои таҳсил ба Русия мефиристад, то мушкили норасоии кадрҳоро дар кишвар ҳал кунад. Аммо беш аз нисфи донишҷӯён баъди таҳсил ба кишвар барнамегарданд ва муқими он кишвар мешаванд.
Ба иттилои сафири Русия дар Тоҷикистон, айни замон беш аз 20 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар мактабҳои олии ин кишвар таҳсил мекунанд ва ҳамасола ҳудуди 7 ҳазор донишҷӯ барои таҳсил ба Русия мераванд.
Аммо на ҳама ба гуфтаҳои сафир бовар доранд. Аз ҷумла як муҳоҷири тоҷик, ки 7 сол аст дар Русия иқомат дорад ва фарзандонаш ҳам дар донишгоҳ таҳсил мекунад. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, борҳо ба мақомоти Русия барои гирифтани шаҳрвандӣ барои худу фарзандонаш муроҷиат кардааст.
"Ҳамеша ҷавоби рад додаанд, мегӯянд, асосе барои қабули шумо ба шаҳрвандӣ надорем. Ду сол боз ҳаминро мегӯянд, ки осон мекунем, вале дар вазорати умури дохилии Русия ба ман ҷавоби хаттӣ доданд, ки чунин қонуне нест ва баррасӣ ҳам намешавад. Аҳволи шаҳрвандони Тоҷикистонро дар назди Хадамоти муҳоҷирати Русия мебинед, гиряаатон меояд. Бо онҳо бадрафторӣ мекунад, ихроҷ мекунанд" - гуфт, ӯ.
Таҳлилгар: "Русия ин корро ҳадафмандона мекунад"
Таҳлилгарон мегӯянд, тасмими Русия дар мавриди осон кардани дарёфти ҳаққи иқомат барои хатмкунандагони муассисаҳои олии кишвараш ҳадафмандона аст, чун ин сиёсати ҳадафмандона барои рафъи душвориҳои демографии худ дар даҳсолаҳои оянда барномарезӣ мешавад.
Зеро ҷалби хатмкардаҳои муассисаҳои олӣ ба таъкиди коршиносон, як артиши бузурги корӣ барои Русия дониста мешаванд, ки дар пешрафти иқтисодии ин кишвар саҳм мегиранд, вале кишварҳои худи онҳо аз чунин нерӯи пешрафта, ба вижа дар бахшҳои беҳдошту маориф ва муҳандисиву коммуникатсионӣ маҳрум хоҳанд монд.
Коршиносон мегӯянд, донишҷӯён баробари осон шудани дарёфти шаҳрвандӣ талоши бештар хоҳанд кард, зеро онҳо дар кишвари худ нисбат ба Русия кори беҳтаре нахоҳанд ёфт ва дастмузди камтаре мегиранд. Вале ин нукта бояд дар назар гирифта шавад, ки Русия на ба ҳар хатмкарда, балки ба ҷавононе бартарӣ хоҳад дод, ки донишгоҳро бо баҳои хубу аъло хатм мекунанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Дар Душанбе аз имтиҳон гузаштем, дар Русия ғалтонданд" САДОРаҳмон Ӯлмасов, таҳлилгари тоҷик гуфт, масъалаи осон кардани дарёфти шаҳрвандӣ барои ҷавононе, ки дар омӯзишгоҳ ва мактабҳои олии ин кишвар таҳсил мекунанд, ду сол боз идома дорад ва ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст. Ӯлмасов мегӯяд ин яке аз се бахше ҳаст, ки Русия мехоҳад барои дарёфти ҳақи шаҳрвандӣ имтиёз диҳад.
"Пешниҳод шуда буд, афроде, ки дар сафи артиши Русия хизмат мекунанд, онҳое, ки зодагони шӯравии собиқ ҳастанд ва ҳам донишҷуёне, ки дар мактабҳои Русия бо баҳои аъло таҳсил мекунанд, метавонанд шиносномаи ин кишварро бигиранд. Аммо ҳамаи ин як асос дорад, Русия дар ҳолати бӯҳрони демографӣ қарор дорад. Чун дар даҳ соли ахир бори аввал афзоиши аҳолии Русия ба таври чашмрас кам шуд",-афзуд Раҳмон Ӯлмасов.
Ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ гуфт, Русия бо пешниҳоди шаҳрвандии кишвараш ба шаҳрвандони кишварҳои дигар мехоҳад ҳадафҳои иқтисодиву идеологии худро пиёда кунад.
"Бархеҳо бе шиносномаи Русия ҳам русияпараст ҳастанд"
Умед Ҷайҳонӣ, пажӯҳишгари тоҷики муқими Русия ҳам мегӯяд, дарёфти ҳаққи иқомат дар Русия соддаву осон нахоҳад буд, аммо доштани дипломи русӣ метавонад дарёфти шаҳрвандии Русияро осонтар кунад. Аммо ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳолати шаҳрвандии ин ё он кишварро доштан, хоҳу нохоҳ як нафар дар сояи манофеи он кишвар қарор мегирад.
"Вазифаи ҳар шаҳрванд пуштибонӣ аз кишваре аст, ки шаҳрвандаш мебошад. Ин вазифаро Қонуни асосии ҳар кишвар бар шаҳрвандонаш воҷиб мекунад. Вале бархе тоҷикҳо аксаран бе шиносномаи Русия ҳам русияпараст ҳастанд. Дар Тоҷикистон ҳам, ки хосторони шаҳрвандии Русия бисёр ҳастанд ва саранҷом Русия ҷумҳуриҳои пешини шӯравиро бо ин роҳу равиш ба худ вобаста ва дар худ шомил хоҳад кард".
Як ҷомеашиноси дигар гуфт, ҳаққи иқомат пайдо кардани ҷавонҳои дипломдор метавонад мушкили фирори мағзҳо аз Тоҷикистонро бештар кунад, ки шурӯъ аз солҳои ҷанги дохилии кишвар то имрӯз вуҷуд дорад ва соҳаҳои зиёд, аз ҷумла тиббу маориф аз камбуди мутахассисони ҳирфаӣ танқисӣ мекашанд.
Бино ба ҳисобҳо, то имрӯз 300 000 нафар аз сокинони Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд, вале дақиқ нест, ки чанд нафари онҳо дар баҳои шаҳрвандии Русия аз табаияти Тоҷикистон комилан даст кашидаву чанд нафари дигар дар баробари шиносномаи русӣ шиносномаи тоҷикиашро низ ҳифз кардааст. Мақомоти Русия гуфтанд, ки дар ёздаҳ моҳи соли 2018, 2300 хонавода аз Тоҷикистон дар бораи кӯчидан ба Русия ариза додаанд.