"Барқи тоҷик": "Аҳолӣ аз ширкат ҳудуди 1 млрд сомонӣ қарздор аст"

Қарзи аҳолӣ аз истифодаи барқ ба марзи як миллиард сомонӣ расидааст. Ширкати "Барқи тоҷик" бо нашри ин омор мегӯяд, аҳолии Тоҷикистон бузургтарин қарздор аз истифодаи барқ мебошанд.

Даъвои "Барқи тоҷик" дар бораи қарздории аҳолӣ ҳамеша мавриди шубҳа ва баҳсҳои коршиносон қарор гирифтаст. Ҳарчанд мақомот ба дурустии арқоми худ таъкид мекунанд, аҳолӣ ва ҳам таҳлилгарон ба он шубҳаи ҷиддӣ доранд.

"Як моҳ дер кунем, барқро хомӯш мекунанд"

Алишер Аминов ҳар моҳ барои истифодаи барқ наздики 100 сомонӣ ва баъзан бештар аз он маблағ месупорад. Мегӯяд, агар чанд рӯз маблағро дертар супорад, нозири барқ пушти дари ӯро "охурча" мекунад. Ба қавли ин сокини 49-солаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, дар баробари ӯ дигар аҳолии маҳалла низ пули барқро саривақт месупоранд. Чун медонанд, ки насупоридани пули барқ онҳоро аз рӯшноӣ ва гармӣ маҳрум мекунад.

Ширкати "Барқи тоҷик" аз ширкатҳои пурмуаммои Тоҷикистон мебошад ва фаъолияти он доимо дар сархати хабарҳо қарор дорад.

"Дар ин вақт дигар бе барқ зиндагӣ карда намешаванд, чӣ дар тобистон ва чӣ зимистон. Маҷбурем, аз куҷое набошад, ҳатто қарз карда маблағи барқро супорем. Як моҳ дертар супорӣ, нозири барқ бо милисаву "монтёр" ба дари хонаат меоянд. Бахусус дар охири моҳ, ки нозири барқ бояд нақшаашро иҷро кунад",-гуфт Аминов.

Ҳамсӯҳбати мо гуфт, дар маҳалли зисташ ба ҷуз як нафар дигар касеро намедонад, ки дар пардохти пули барқ таъхир карда бошад.

"Ҳамааш ҳисобшуда аст"

Аҳолӣ дар Тоҷикистон аз истифодаи барқ 956,8 миллион ё наздики як миллиард сомонӣ қарздоранд. Ин омори ахири ширкати "Барқи тоҷик" мебошад, ки рӯзи 11-уми феврал нашр шуд. Ба гуфтаи масъулини ширкати "Барқи тоҷик", танҳо дар соли гузашта қарзи аҳолӣ аз истифодаи барқ 80,4 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Сокинон ва коршиносон ба ин маълумоти ироакардаи "Барқи тоҷик" ба дидаи шубҳа менигаранд.

Як масъули ширкати "Барқи тоҷик" гуфт, қариб як миллиард сомонӣ қарзи аҳолӣ маблағе мебошад, ки давоми солҳои истиқлолият ҷамъ шудааст. Дар ширкати "Барқи тоҷик" гуфтанд, рӯзи 13-уми феврал роҳбарияти ширкат ба рӯзноманигорон расман ин мавзӯъро шарҳ медиҳанд.

​Қарз аз истифодаи барқ қаблан баҳсҳоеро миёни аҳолӣ ва "Барқи тоҷик" ба миён оварда буд. Аз ҷумла, ҳафтаи гузашта гурӯҳе аз сокинони Кӯлоб шикоят карданд, ки кормандони шабакаҳои барқӣ зимни ҳисоби барқи масрафкардаи хонаводаҳо "тақаллуб мекунанд" ва аз онҳо "пули бештар меситонанд".

Занҷир Каримов, яке аз ин сокинони норозӣ гуфт, масрафи барқро ҳар моҳ бе каму кост месупорад, вале ҳафтае пеш ба ӯ гуфтаанд, ки 2200 сомонӣ қарздор аст. Танҳо аз минтақаи Кӯлоб ҳадди аққал 12 нафар аз нодуруст ҳисоб шудани ҳаққи истифодаи барқ ба додситонӣ шикоят карда буданд. Додситонӣ муайян карда буд, ки дар бархе ҳолат нозирон дар вақти муҳосиба ҳаҷми барқи сарфкардаи аҳолиро зиёд навиштаанд.

"Қарзи барқро ба сари мардум мезананд". Навор аз бойгонӣ:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Қарзи барқро ба сари мардум мезананд"

"Ҳадаф - нишон додани онки мушкил дар халқ аст, на ширкат"

Ширкати "Барқи тоҷик" аз ширкатҳои пурмуаммои Тоҷикистон мебошад ва фаъолияти он доимо дар сархати хабарҳо қарор дорад. Омори қарзи аҳолӣ аз чунин рақамҳои баҳсбарангези ширкат мебошад.

Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ба омор ва рақамҳои "Барқи тоҷик", аз ҷумла қарзи аҳолӣ бовар кардан ғайриимкон аст. Чун, ба таъкиди ӯ, дар се соли ахир дар Тоҷикистон нафаре, ки ҳатто як моҳ аз пардохти барқ саркашӣ кунад, аз ҳаққи истифодаи он маҳрум мешавад.

Ба гуфтаи ин таҳлилгари тоҷик, "ба сари аҳолӣ бор кардани қарз як ҳадаф дорад. Нишон додани онки мушкил - мушкили халқ аст, на идораи худи ширкат. Чун гурӯҳҳое мехоҳанд, "Барқи тоҷик"-ро хусусӣ гардонда, ин қарзро сари мардум бор кунанд ва он маҳв шавад. Ин қарзҳо пеш аз фурӯши ширкат ё хусусӣ кардани он бекор мешаванд ва дар ҳаво мемонанд".

Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён, таҳлилгари тоҷик.

Далели дигари Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён дар шубҳаовар будани омори қарздории аҳолӣ он аст, ки агар аҳолӣ дар воқеъ аз барқ ин қадар қарздор бошанд, пас бояд нисфи баҳсҳои додгоҳӣ дар кишвар марбут ба барқ шаванд. Дӯстмуҳаммадиён мегӯяд, воқеият ин тавр нест, чун худи қарз шубҳаовар аст.

Аммо танҳо аҳолӣ нестанд, ки аз ширкати "Барқи тоҷик" қарздор бошанд. Худи ширкат низ аз нерӯгоҳҳо, бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои молии ҷаҳонӣ беш аз 22 миллиард сомонӣ қарздор мебошад.

"Барқи тоҷик" яке аз ду корхонаи азими давлатии Тоҷикистон мебошад, ки ба таъкиди аудитҳои ҷаҳонӣ, ба ҷойи фоида зарар меоранд. Аз ҷумла, ташхиси аудитории "Барқи тоҷик", собит карда буд, ки танҳо дар соли 2017 ин ширкат аз фаъолияташ 3 миллиарду 406 миллион сомонӣ зиён дидааст.

Масъалаи "Барқи тоҷик" бахусус қарздории он дар ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон низ ҷиддӣ баррасӣ шуд. Бар асоси дастури ҳукумат, Вазорати молия бояд барои ҳалли масъалаи қарздории ширкати "Барқи тоҷик" ва дигар корхонаҳои азими давлатӣ чораҷӯӣ намояд.