Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

22 млрд сомонӣ -- "рекорд"-и нави қарздории "Барқи тоҷик"


Қарзи ширкати "Барқи тоҷик" рекорди нав гузошта, марзи 22 миллиард сомониро убур кардааст. Масъулини ширкат мегӯянд, 18,5 миллиард қарз аз ҳисоби ҷалби сармоя ва боқӣ аз нерӯгоҳҳо, андоз ва бонкҳои тиҷоратӣ мебошад.

Қарздории ширкати "Барқи тоҷик" "устухоне дар гулӯ"-и низоми энержии Тоҷикистон гуфта мешавад. Коршиносон мегӯянд, то замоне, ки шаффофият ва мудирияти дуруст дар "Барқи тоҷик" ба роҳ монда нашавад, умедвори беҳбуди вазъ шудан хато аст.

"Қарзе, ки нархи барқро боло бурд"

Масъалаи ширкати "Барқи тоҷик" ва бахусус қарздории он рӯзи 28-уми январ баҳси гармеро дар нишасти Вазорати энергетика ва захираҳои об ба миён овард.

Масъалаи "Барқи тоҷик", бахусус қарздории он, дар ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон низ ҷиддӣ баррасӣ шудааст.

Маҳмадумар Асозода, муовини аввали раиси "Барқи тоҷик" дар нишасти Вазорати энержӣ гуфт, қарзи асоси ширкат, ки зиёда аз 18,5 миллиард сомониро ташкил медиҳад, аз ҳисоби созишномаҳои зерқарзии назди Вазорати молия мебошад. Ин маблағ ба таъкиди масъулини ширкат, қарзе мебошад, ки барои амалӣ шудани лоиҳаҳо ҷалб шудааст.

"Ширкати "Барқи тоҷик" аз ҳисоби ҷамъоварии маблағ хароҷоти худро ба пуррагӣ пӯшонда истодааст. Қарзҳои асосӣ аз ҳисоби ҷалб намудани сармоя, ин ҳам бошад созишномаҳои зерқарзӣ ба ҳисоб меравад",-гуфт ҷаноби Асозода.

Ба думболи ин Усмоналӣ Усмонзода, вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон илова кард, ки 4,4 миллиард сомонӣ қарзи боқимонда ширкат аз неругоҳҳои "Сангтӯда-1", "Сангтӯда-2", бонкҳои тиҷоратӣ ва андоз мебошад. Инчунин вазири энержии Тоҷикистон таъкид кард, ки поёнравии қурби сомонӣ дар баробари доллар ба қарзҳои "Барқи тоҷик" афзудааст.

Усмоналӣ Усмонзода, вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон.
Усмоналӣ Усмонзода, вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон.

Аз рӯи охирон оморе, ки "Барқи Тоҷик", ба матбуот ошкор кард, маҷмӯи қарзҳои он ба марзи 12 миллиард сомонӣ наздик шуда буд.

Мушкили аслии "Барқи тоҷик" ба гуфтаи мақомот ва ҳам коршиносон, ин қарзи ҳангуфти он мебошад. Қарздории "Барқи тоҷик" ба иқрори масъулинаш, боис шудааст, ки аз 1-уми ноябри соли гузашта нархи барқ дар Тоҷикистон боло бурда шавад. Он вақт масъулини "Барқи тоҷик" бо нашри як баёния гуфтанд, боло бурдани нархи нерӯи барқ ногузир аст.

Ба қавли мақомоти ширкат, “таҳлилҳои аз тарафи мутахассисони соҳа ва коршиносони байналмилалӣ гузаронидашуда собит сохтанд, ки "Барқи тоҷик" бо таърифаҳои пешина ягон имконият надошт, аз қарз раҳо гардад ва дар лоиҳаҳои инвеститсионии байналмилалӣ ширкат намояд".

"Бори аввал дар 25-соли ахир..."

Бо вуҷуди афзоиши қарзҳои "Барқи тоҷик" мақомоти Вазорати энержии Тоҷикистон аз беҳбуди кори низом ва ширкати "Барқи тоҷик" ҳарф мезананд.

Нерӯгоҳи "Сангтӯда-2".
Нерӯгоҳи "Сангтӯда-2".

Усмоналӣ Усмонзода, вазири энержии Тоҷикистон гуфт, дар 25 соли ахир бори аввал дар Тоҷикистон наздики 20 миллиард киловат соат барқ истеҳсол шудааст. Далели дигари вазири энержӣ барои беҳбуди кори "Барқи тоҷик" ин 500 миллион зиёдтар ҷамъоварӣ шудани маблағи истифодаи барқ будааст.

Ба гуфтаи вазири энержии Тоҷикистон, имрӯз нисбати солҳои 2014-2015 пардохти маблағ ба нерӯгоҳҳои "Сангтӯда-1 ва 2 пурра беҳтар шудааст ва давоми чор- панҷ соли охир қарзи андози "Барқи тоҷик" дар назди андоз 300 миллион ба 60 миллион сомонӣ кам карда шуд.

"Бовар дорем дар соли равон мумкин бақияи андози ширкат пурра бартараф мекунад. Ширкат дигар қарзи музди меҳнат надорад ва акнун пурра метавонад корҳои таъмирро анҷом диҳад”,-гуфт Усмонзода.

"Қарзи ширкат кори ширкатро номуайян кардааст"

"Барқи тоҷик” яке аз ду корхонаи азими давлатии Тоҷикистон мебошад, ки ба таъкиди аудитҳои ҷаҳонӣ, ба ҷойи фоида зарар меоранд. Аз ҷумла, ташхиси аудитории "Барқи тоҷик", собит карда буд, ки танҳо дар соли 2017 ин ширкат аз фаъолияташ 3 миллиарду 406 миллион сомонӣ зиён дидааст.

Муаллифони ин аудит ё ташхиси ҳисобдории "Барқи тоҷик", ки аз ҷониби ширкати аудитории MOORE STEPHENS KSC ASSURANCE SRL анҷом шуд навиштанд, фаъолияти "Барқи тоҷик" "бо номуайянии амиқ" рӯ ба рӯ аст.

Пеш аз ин Бонки ҷаҳонӣ ҳам дар гузориши худ гуфт, 94 дарсади зиёни молии ширкатҳои бузург дар Тоҷикистон, марбут ба ширкати "Барқи тоҷик" аст.

"Набуди шаффофият ва мудирияти нодуруст"

Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён, таҳлилгари тоҷик.
Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён, таҳлилгари тоҷик.

Коршиносон мегӯянд, ду мушкили аслии "Барқи тоҷик" ин набуди шаффофият ва мудирияти нодуруст аст. Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, кори ширкат сар аз ҷамъоварии маблағи истифодаи барқ аз мардум то низоми хариду фурӯш барои ширкат шаффоф нест.

Ба таъкиди ин таҳлилгари тоҷик, "дар шароити кунунӣ, ки роҳбарияти кунунии "Барқи тоҷик" ҳисоботи ширкатро пинҳон медоранд, ҳатто иҷрои талаби СБП ва Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати хусусигардонии ширкат иштибоҳи бузург аст. Роҳи ҳал ин аст, ки нахуст бо даъвати менеҷментҳои сатҳи ҷаҳонӣ вазъи ширкат давоми як-ду соли оянда ба эътидол оварда шавад ва баъдан тақдири ширкат маълум шавад".

Масъалаи "Барқи тоҷик" бахусус қарздории он дар ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон низ ҷиддӣ баррасӣ шуд. Бар асоси дастури ҳукумат, Вазорати молия бояд барои ҳалли масъалаи қарздории ширкати "Барқи тоҷик" ва дигар корхонаҳои азими давлатӣ чораҷӯӣ намояд.

XS
SM
MD
LG