Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо мусоидати сафорати Русия оилаи Бековҳо соҳиби барқ шуд


Хонаводаи Ҳасан Беков, як сокини ноҳияи Файзобод дар остонаи Соли нав бо мусоидати сафорати Русия дар Тоҷикистон ва бо кӯмаки додситонии ноҳияи Файзобод, бо барқ таъмин шуд.

Шабакаи барқи Файзобод аз моҳи сентябри соли равон ба ин тараф ин хонаводаро "бинобар қарздорӣ", аз истифодаи нерӯи барқ маҳрум кард ва 8 ҳазор сомонӣ ҷарима баст.

Панҷ нафар аз аъзои ин хонавода шаҳрванди Русия мебошанд ва бо назардошти ин, Додситонии кулли Русия чанд рӯз қабл аз Тоҷикистон хост, ки ба қазияи хонаводаи Бековҳо дар заминаи баҳси печидае бар сари қарзи барқ расидагӣ кунад.

Русия мизбони садҳо ҳазор муҳоҷирони кории тоҷик мебошад ва солона ҳазорон нафар зодагони Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро дарёфт мекунанд.

Насрулло Беков, яке аз фарзандони ин хонавода рӯзи 31-уми декабр бо ба Радиои Озодӣ гуфт, ду рӯз пеш баъди мусоидати сафорати Русия, онҳо соҳиби барқ шуданд. Вай гуфт, ки додситонии ноҳия рӯзи 28-уми декабр даъваташ кард ва дар ҳузури ӯ ба Шабакаи барқ масъалаи ҳалли мушкилро дар миён гузошт ва рӯзи дигар барқ ба хонаи онҳо васл шуд.

Вай афзуд, додситони ноҳия хабар дод, ки аз сафорати Русия ба онҳо дархостнома омадааст ва дар он бо назардошти ҷашни Соли нави мелодӣ хоҳиш шудааст, ки мушкили барқи хонаводаи Бековҳо ҳал кунанд.

"Додситони ноҳия гуфт, на танҳо аз сафорати Русия, аз дигар ниҳодҳо низ тамос гирифтанд ва роҳи ҳалли масъаларо хоҳиш карданд", афзуд вай.

Насрулло Беков афзуд, додситонӣ гуфтааст, ки то 11-уми январ масъалаи ҷаримаи 8 ҳазор сомониро низ ҳаллу фасл хоҳанд кард. "Падарам аз Русия бо шунидани ин хабари хушҳол шуд", афзуд Насрулло Беков. Ҳоло Хонаводаи Бековҳо ба ҷашни Соли нав омодагӣ мебинад.

Ҳасан Беков.
Ҳасан Беков.

Номаи Додситонии кулли Русия рӯзи 19-уми декабр ба шӯъбаи умумии Додситонии кулли Тоҷикистон ворид шуд. Дар он аз мақомоти тоҷик дархост шуда буд, ки ба баҳси шаҳрвандони Русия расидагӣ кунанд. Масъулин дар ин сохтор он замон гуфтанд, ки ин шикоят санҷида мешавад.

Ҳасан Бекови 54-сола ва чаҳор узви дигари оилааш шаҳрвандии ҳам Тоҷикистон ва ҳам Русияро доранд. Зиндагиву кори онҳо ҳам мавсимӣ буда, байни ду кишвар тақсим шудааст. Манзили онҳо дар деҳаи Офтобрӯяи ноҳияи Файзобод -- макони зисти ҳамешагии асосан 8 узви дигари оила, аз ҷумла бонувону фарзандон аст.

Баҳс чӣ гуна сар зад?

Ба гуфтаи хонаводаи Бековҳо, баҳси ходимони Идораи барқи Файзобод ва онҳо моҳҳои август-сентябри имсол шурӯъ шуд. Рӯзе, баъди санҷиши ҳисобкунаки барқӣ дар манзили Бековҳо, кормандони идораи барқ ин хонаводаро дар сохтакорӣ айбдор карданд.

Онҳо гуфтанд, ки дар ҳисобкунаки барқӣ "симе махсус барои камтар кардани масрафи барқ гузошта шудааст, ки дар натиҷа, танҳо 50 дарсади неруро ҳисоб мекардаасту тамом".

Дар ниҳоят масъулини Идораи барқ ин хонаводаро дар пардохт нашудани қарзи ҳангуфти барқ дар давоми 20 соли охир айбдор ва талаби пардохти ҷубронпулиро дар ҳаҷми 8 то 10 ҳазор сомонӣ карданд.

Ин иттиҳомро Бековҳо комилан бепояву асос хонда гуфтанд, ки даст ба сохтакории ҳисобкунак назадаанд, пули барқро тамоми ин солҳо бидуни мушкил пардохт мекарданд ва тамоми коғазҳои расмии пардохти ҳаққи барқро дар даст доранд.

Он чӣ ки дар ин баҳс мавриди нигарони сахти хонавода шуд, ин буд, ки ходимони Идораи барқ ҳисобкунакро бурида, дастрасии оиларо ба нерӯи барқ аз моҳи сентябр ба ин сӯ қатъ кардаанд. Дар натиҷа, дар сардии зимистон тамоми ҳавлӣ ва хонаҳо аз барқ маҳрум шуда, оила бо шамъу чароғи керасинӣ торикиро рӯз мекард.

Бековҳо баъди ин аз болои кормандони ширкати "Барқи тоҷик" то ба дастгоҳи президент шикоят карданд. Баъди муроҷиати ин сокини Файзобод ба унвонии президенти кишвар, аз дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ барои ҳалли ин масъала дархостнома ворид шуд. Санҷиши қазияро додситонии Файзобод ҳам ба уҳда гирифт.

Нозирони барқ чӣ мегӯянд?

Сӯҳроб Нуриддинов, муовини раиси Шабаки барқи Файзобод чанд рӯз пеш дар робита ба ин қазия ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳақиқат онҳо ба манзили Ҳасан Беков рафтаанд ва бинобар напардохтани пули барқ сими онҳоро буриданд. Вай гуфт, зимни тафтиши ҳисобкунаки барқӣ симе дар дохили ин дастгоҳ пайдо шуд, ки 50 дар сади неруи барқро ҳисоб мекардааст.

"Инро ҳам маълум кардем, ки чанд сол қабл як хеши онҳо, ки дар шабака кор мекард, ин симро гузоштааст, на аъзои ин хонавода. Мо пешниҳод кардем, ки то анҷоми таҳқиқот дар прокуратураи Файзобод, барқи онҳоро васл кунем, вале розӣ нашуданд ва гуфтанд, ки то анҷоми пурраи тафтишот бе барқ зиндагӣ мекунанд. Онҳо боз ҳамчун шаҳрванди Русия даъво доранд".

Ҳасан Беков, ки аз қазовати ба гуфтаи ӯ "ноодилона"-и мақомоти барқ дар Тоҷикистон розӣ нест, ахиран ба унвони шаҳрванди Русия аз Додситонии кулли ин кишвар ва ҳам сафорати Русия дар Душанбе кӯмак хост. Ҳасан Беков дар шаҳри Саратов, дар идораи Роҳи оҳани Русия ба ҳайси танзимгар кор мекунад.

Назари қонун ба ин баҳс

Азизмуҳаммад Холмуҳаммад, ҳуқуқдон ва узви порлумони Тоҷикистон мегӯяд, ки бар асоси Конвенсияи Кишинёв, кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бораи ёрии ҳуқуқӣ ва расонидани корҳои гражданӣ, оилавӣ, ки дар соли 2003 ба тасвиб расидааст, Додситонии кулли Русия ҳақ дорад дар сурати поймол шудани ҳуқуқи шаҳрвандаш барои расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ, муроҷиат кунад.

Ин узви Маҷлиси намояндагон дар идома гуфт, ки Тоҷикистон низ дар сурати поймол шудани ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия, бо такя ба ин санад барои ҳимояти ҳуқуқи шаҳрвандонаш ба додситонӣ ва додгоҳи Русия муроҷиат мекунад.

Ба гуфтаи Азизмуҳаммад Холмуҳаммад, дар ин моҷаро баҳс дар бораи сокини Тоҷикистон меравад, ки шаҳрвандии дугона доштааст. "Дар ин сурат Русия комилан метавонад барои ҳимояи ҳуқуқии ӯ мусоидат кунад",-афзуд вай.

Русия мизбони садҳо ҳазор муҳоҷирони кории тоҷик мебошад ва солона ҳазорон нафар зодагони Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро дарёфт мекунанд.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, аз аввали сол то моҳи августи соли ҷорӣ 16 324 шаҳрванди собиқи Тоҷикистон шиносномаи Русияро дарёфт кардаанд.

XS
SM
MD
LG