Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон гуфт, президент Эмомалӣ Раҳмон ба мақомот дастур додааст, то ду ҳафтаи дигар барномаи наҷоти ду бонки азими кишварро пешниҳод кунанд. Ҷамшед Нурмуҳаммадзода дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, барномаи наҷоти "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" бояд то 20-уми феврали имсол омода шавад.
Талоши наҷоти бонки муфлисшуда монанди он аст, ки мастеро ба воситаи шароб ҳушёр кардан мехоҳед.Меҳрубон Бурҳонов
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки Миллӣ, рӯзи 6-уми феврал, гуфт, феълан "Агроинвестбонк" аз 34 ҳазор муштарӣ беш аз 730 миллион сомонӣ қарздор аст ва бе ҷалби сармоя наметавонад онро бозпас диҳад. "Тоҷиксодиротбонк", ба гуфтаи ӯ, аз 15 ҳазор муштариаш беш аз 500 миллион сомонӣ қарздор аст, ки бояд баргардонад.
Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон афзуд, як мушкиле, ки монеи пардохти амонат ва дигар маблағҳои мардум шудааст, "саривақт ба фурӯш нарафтани амволи ду бонки калонтарин мебошад".
Гузориши видеоӣ дар ин ҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
“Муродалӣ Алимардон куҷост?
Вазъи ду бонки калонтарини Тоҷикистон баҳси гармеро дар нишасти хабарии мақомоти Бонки Миллӣ ба миён овард. Аз ҷумла, суолҳо бештар дар бораи "Агроинвестбонк" буд, ки раҳбарии онро Муродалӣ Алимардон, раиси собиқи Бонки Миллӣ ва муовини собиқи нахуствазир бар уҳда дорад.
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода дар посух ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ, ки ҳоло Муродалӣ Алимардон дар куҷост, гуфт, «ӯ дар Тоҷикистон аст ва фаъолият дорад». Нурмуҳаммадзода афзуд, дар бораи Муродалӣ Алимардон қазоват намекунад, аммо ба қавли ӯ, "бонки зери роҳбарии Алимардон натавонист, пули мардумро саривақт баргардонад".
Раиси Бонки миллӣ афзуд, "Агроинвестбонк" инчунин натавонист, барои берун шудан аз вазъи буҳронӣ сармоя ҷалб намояд. Муродалӣ Алимардон соли 2015, дар оғози буҳрони бонкӣ, раиси “Агроинвесбонк” таъйин шуд беш аз як сол «камнамо аст». Манобеъ мегӯянд, Муродалӣ Алимардон дар маҷлиси имсолаи ҳукумат низ иштирок надошт. Раиси Бонки миллӣ мегӯяд, ба ҷаласаи солонаи ҳукумат роҳбарони 7 бонки фаъол даъват шуданд.
“Одами мастро бо шароб ҳушёр намекунанд”
Қаблан мақомоти Тоҷикистон то охири соли 2018 фурсат гирифта буданд, ки сарнавишти ду бонки азими кишварро ҳал кунанд. Ва дар назди онҳо ду интихоб буд, ки оё бо сармояи хориҷӣ бонкҳоро аз банди буҳрон раҳо кунанд ё муфлис эълон намоянд.
Талошҳои роҳбарияти “Агроинвестбонк” ва “Тоҷикодиротбонк” барои пайдо кардани сармоягузор то ҳол бенатиҷа аст. Раҳбарияти ҳарду бонк гоҳ-гоҳе дар бораи пайдо шудани сармоягузорони арабу чинӣ суҳбат мекунанд, вале маълум мешавад, ки ҳанӯз дар мавриди фурӯши саҳмияҳои ин бонкҳо “гап напӯхтааст”.
Коршиносон мегӯянд, буҳронӣ шудани ду бонки калонтарин дар умум рӯи низоми бонкӣ соя афкандааст ва ҳарчӣ зудтар ин соя бояд бартараф шавад. Меҳрубон Бурҳонов, таҳлилгари умури бонкӣ гуфт, “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” ба “устухоне дар гулӯ”-и низоми бонкӣ табдил ёфтаанд.
Ба таъкиди ин коршинос, ҷалби сармояи хориҷӣ ягона роҳи бурунрафти ду бонк аз буҳрон аст ва агар ин кор сурат нагирад, беҳтар аст ба кори онҳо нуқта гузошта шавад. “Як олими соҳаи иқтисод сухани хубе дорад: ҳангоме мехоҳед бонки муфлисшудаеро наҷот диҳед монанди ҳамон аст, ки як нафари мастро ба воситаи шароб ҳушёр кунед. Дар ҳолати хариди саҳмияҳо имкон аст, ки ду бонк наҷот дода шаванд. Дар акси ҳол, беҳтар аст, ба масъалаи онҳо нуқта гузошта шавад”, - афзуд ӯ.
Дар ҳамин ҳол, бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, барҳам додани “Агроивестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” барои ҳукумат ва Бонки Миллӣ кори соддае нест. Чун ба таъкиди ин гуруҳи коршиносон, якбора муфлис эълон кардани ду бонки низомсоз ба кулли низоми бонкии Тоҷикистон метавонанд зарба занад. Қаблан Cандуқи Байналмиллалии Пул ба ҳукумати Тоҷикистон машварат дода буд, ки муҷаввизи "Агроинвестбонк"-ро бозхонда, худи ин муассисаро барҳам диҳад ва аз даромадҳои бонк қарзи амонатгузоронро пардохт кунад.
Бори дувум аст, ки барои ҳалли мушкили “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” муҳлат дода мешавад. Дар оғози сол низ ҳукумат ба роҳбарияти ин бонкҳо ду моҳ муҳлат дода буд, масъалаҳои худро ҳал кунанд.
Баҳои ҳалли мушкили ин ду бонк тибқи омори Бонки Миллӣ ба қариб 1 милларду 300 милион сомонӣ ваё наздик ба 130 миллион доллар гиреҳ мехӯрад.