Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки қочоқбарони афғон чӯпони рабудашудаи тоҷик Тӯрахон Нурматовро ба ҳудуди Афғонистон бурдаанд. Нурматов рӯзи якуми январи имсол дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон рабуда шуд.
Агар нони хӯрдан медоштем, чӯпон намешудем. Мо 100 сомонӣ надорем, куҷо расад ба 40 ҳазор доллар
"Чӯпони тоҷикро ба он сӯи марз бурдаанд"
Баҳодур Ваҳҳобзода, сардори Раёсати корҳои дохилии минтақаи Кӯлоб, рӯзи 18-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷустуҷӯи Тӯрахон Нурматов ва гурӯҳи қочоқбари афғон дар хоки Тоҷикистон натиҷа надод. "Агар ин гурӯҳ Нурматовро ба хоки Афғонистон намебурд, бо нерӯҳои марзбонӣ барои раҳоиаш амалиёт баргузор мекардем. Аз рӯи маълумоти мо дар он тарафи марз аст", - афзуд ӯ.
- Мақомоти марзбонӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мегӯянд, талошҳо барои раҳоии чӯпон идома дорад. Як мақоми марзбонӣ, ки аз ҷараёни қазия огоҳ ааст, бидуни зикри номаш гуфт, бо мақомоти Афғонистон барои раҳоии чӯпон ҳамкорӣ доран
Қочоқбарон чӣ мехоҳанд?
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Чароғҳоро кушед" Зиндагӣ дар як деҳаи Фархор, дар ҳамсоягӣ бо Толибон. ВИДЕО, АКСТӯрахон Нурматов, сокини 42-солаи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, дар бештар аз ду ҳафтаи охир чанд бор бо хонаводааш тамос гирифтааст. Гурӯҳе, ки мақомот онро қочоқбар медонанд, бар ивази озодии ӯ аз як сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 40 ҳазор доллар талаб дорад. Маблағе, ки ба иддаои онҳо, аз фурӯши маводи мухаддир дар дасти шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ мондааст.
Ин гурӯҳ бо хонаводаи Тӯрахон Нурматов ба рақами телефоне тамос мегиранд, ки аз Абдуғаффор Қурбонов, соҳиби рамаи гӯсфандон гирифтаанд. Қочоқбарон иддао доранд, ки бародарзодаи Қурбонов қарздор аст.
Абдуғаффор Қурбонов, сокини деҳаи Мишкорони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, нисфирӯзии 1-уми январ се силоҳбадаст ба чарогоҳи гусфандони ӯ омаданд. Ба гумонаш касе кочоқбаронро ҳадафмандона ба чарогоҳ роҳнамоӣ кардааст, то қасоси бародарзодаашро аз ӯ ситонанд.
"Аз назди чӯпон дуртар будам. Се нафар омада, гуфтанд, ки дар ин ҷо чӣ мекобӣ? Гуфтам, гов мекобам. Номамро пурсиданд ва як номи дурӯғ гуфтам. Нафаҳмиданд, ки соҳиби гӯсфандон ман ҳастам. Поёнтар рафта, чӯпонро гирифта бурданд. Зуд ба мақомот хабар додам", - нақл кард ӯ.
"Мавод гирифтанд, вале пуламро надоданд"
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Баъди ҳамла ба ҷангалбонҳо: Фармондеҳи сарҳадбонон дар Фархор аз вазифа озод шудИн мард мегӯяд, ду бародарзодааш бо иттиҳоми кочоқи маводи мухаддир дар зиндонанд. Нишонии бародарзодаи дигараш, ки қочоқбарон ба қарздорӣ аз маводи мухаддир муттаҳам медонанд, маълум нест.
Рӯзи 17-уми январ рақами телефони ин мард, ки дар дасти қочоқбарон қарор дорад, фаъол шуд. Ба занги хабарнигори Радиои Озодӣ марде посух дод. Вай исмашро нагуфт, вале худро бошандаи улусволии Шаҳри Бузурги вилояти Бадахшони Афғонистон муаррифӣ кард.
Ин мард иддао дорад, ки соли гузашта бо Бобоҷон, сокини деҳаи Мишкорон маводи мухаддир дод, вале то ба ҳол пулашро нагирифт. Вай афзуд, “медонам, ки бар асоси қонунҳои Тоҷикистон ва Афғонистон ба марзшиканӣ, кочоқи маводи мухаддир ва одамрабоӣ таҳти ҷустуҷӯ аст, вале дигар роҳи бозгашт надорам”.
"Вазъаш хуб аст, гурусна нест"
Ташхиси воқеияти ҳарфҳои ин мард мушкил аст, вале ӯ мегӯяд, маводи мухаддирро дар Афғонистон аз каси дигар гирифтааст. "Қарздор хона ва ҳамсари маро гирифт. Ҳукумати Афғонистон нагуфт, ки хонаву ҳамсари маро нагирад. Пеши роҳашро нагирифтанд. Ман ҳам омадам, ки ягон касро гаравгон бигирам, то пуламро баргардонанд", - афзуд ӯ.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ҳалокати 18 марзшикан ва боздошти 152 тан ҳангоми фирор аз Тоҷикистон. САДОТашхиси дурустии ҳарфҳои ин мард мушкил аст, аммо мегӯяд, бо 10-12 ҳамроҳаш дар хоки Тоҷикистон қарор дорад. Гӯшии телефонро барои сӯҳбат бо чӯпони гаравгон надод, вале гуфт, "вазъаш хуб аст ва гурусна нест".
Ин мард мегӯяд, ки чӯпон ва соҳиби гӯсфандон ҳеҷ рабт ба муомилаҳои ӯ надоранд. Гаравгон гирифтани "одами бегуноҳ"-ро ягона василаи фишор ба марде медонад, ки ба иддаояш аз ӯ қарздор аст.
Мавзуна Миракова, ҳамсари Тӯрахон Нурматов рӯзи 18-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо ин рақам чанд бор бо ҳамсараш сӯҳбат кардааст. Зоҳиран, ба гуфтаи ӯ, кочоқбарон телефонро ба гӯши ӯ мегузоранд, то ҳарфи онҳоро такрор кунад ва озод шуданашро талаб кунад.
"100 сомонӣ надорем, 40 ҳазор долларро аз куҷо ёбем?"
"Аз мо мехоҳанд, ба он одам расонем, ки қарзро пардохт кунад. Мо бисёр камбағал ҳастем. Агар нони хӯрдан медоштем, чӯпон намешудем. Барои нон ёфта хӯрдан ҳамроҳ бо шавҳарам чӯпониро ихтиёр кардем. Мо 100 сомонӣ надорем, куҷо расад ба 40 ҳазор доллар”, - гуфт ҳамсари чӯпон.
Ҳодисаҳои гаравгонгирӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ки бо Афғонистон беш аз 100 километр марз дорад, сари чанд вақт рух медиҳад. Ашӯр Бозоров, як марзбони бознишаста, гуфт, "аммо ҳодисаҳои ахир нишон медиҳад, ки дар ин марзи ҳассос шикофи амне барои убури кочоқбарони маводи мухаддир вуҷуд дорад".
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Қатъи муолиҷаи сарбозони афғон дар Тоҷикистон"Дар ҳақиқат бояд қоил шуд, ки назорати марзи Шӯрообод душвор аст, ҳатто дар замони Шӯравӣ. Лекин ҳозир марзбонони мо тамоми таҷҳизоту техника доранд. Наход кочоқбар 30-40 километр дохили кишвар шавад ва як нафарро гаравгон гирад? Чаро ҳамон лаҳза чархбол парвоз накард? Парвози чархбол сарфи бисёр дорад, аммо ин ҷо гап сари обрӯ ва амнияти як давлат меравад", - афзуд ин мақоми собиқи марзбонӣ.
"Гаравгонгирӣ кам шудааст"
Мақомот мегӯянд, ҳодисаҳои гаравгонгирӣ дар марз бо Афғонистон дар муқоиса ба солҳои пеш коҳиш ёфтааст. То соли 2013 соле то ду ё се бор сокинони деҳоти наздимарзӣ аз ҷониби кочоқбарон рабуда мешуданд. Дар аксар мавриди ин гарагвонгирҳо ба кочоқи маводи мухаддир рабт дода мешавад.
Маъмулан, мисли ҳодисаи рӯзи якуми январ афроде қурбонии кочоқбарони афғон мешаванд, ки ҳеҷ рабте ба муомилаи тиҷорати маводи мухаддир надоранд.