Қувваталӣ Муродов, узви собиқи Фронти Халқӣ, ки баҳори соли гузашта аз тасмими иштирокаш дар интихоботи соли 2020 хабар дода буд, мегӯяд, таҳти фишори фарзандон қарор гирифтааст.
- Ӯ се писар ва як духтар дорад, ки дар сохторҳои давлатӣ кор мекунанд ва онҳо ба падарашон гуфтаанд, дар интихоботи оянда ба Эмомалӣ Раҳмон овоз хоҳанд дод.
"Фалон корро накун, ки ҳабс мешавӣ" ва "фалон гапро нагӯй, хуб нест", бояд аз байн бурда шавад. Эҷоди фазои тарс хуб нест. Бигзор ҳар кас дар доираи қонун гапи худро гӯяд ва ҳаққашро талаб кунад
“Касе наметавонад, ки маро аз роҳ боздорад"
Ҳарчанд талошҳои номзад шудани Қувваталӣ Муродов дар Тоҷикистон ҷиддӣ қабул намешавад, баъзе аз коршинсон мегӯянд, ба саҳна омадани афроде мисли ӯ дигаронро ба пешбарии номзадиашон ҷасуртар мекунад. Муродов мегӯяд, иштироки ӯ дар интихоботи оянда барои худаш масъалаи ҳалшуда аст ва фарзандон наметавонанд ӯро аз роҳ боздоранд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Соли оянда даври дувуми ҳафтсолаи президентии Эмомалӣ Раҳмон ба охир мерасад ва Тоҷикистон бояд интихобот баргузор кунад. Ҳарчанд дар бисёр кишварҳои дунё, бо шумули шарики Тоҷикистон - Русия, омодагӣ ба интихоботи президентӣ ҳадди ақал як сол пеш оғоз мешавад, саҳнаи сиёсӣ дар Тоҷикистон ором аст ва то ҳол ба ғайр аз Қувваталӣ Муродов касе довталаби курсии раёсати ҷумҳурӣ нашудааст.
"Ҳар кас гапи худро гӯяд ва ҳаққи худро талаб кунад"
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Орзуи раиси ҷумҳур шуданро (на)дорам". ВИДЕОМуродов шонсҳои худро хуб медонад ва мегӯяд, агар ноком ҳам шуд, ҳадди ақал метавонад “сиёсати тарс”-ро ба чолиш бикашад ва мардумро ба шинохтани ҳаққи азалиашон, ки ҳуқуқ ба интихоб аст, водор кунад. “Сиёсати тарс” ба таъбири Қувваталӣ Муродов эҳтиёткорӣ ва худсензураи сокинон дар тасмимгириҳои сиёсӣ аст.
“Фалон корро накун, ки ҳабс мешавӣ ва фалон гапро нагӯй, хуб нест, бояд аз байн бурда шавад. Эҷоди фазои тарс хуб нест. Бигзор ҳар кас дар доираи қонун гапи худро гӯяд ва ҳаққашро талаб кунад”, - гуфт ин узви собиқи Фронти Халқӣ рӯзи 17-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ. .
Фронти Халқӣ як тарафи ҷанги шаҳрвандӣ буд, ки дар он рӯёрӯиҳои байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифини мусаллаҳ панҷ сол давом кард ва раиси ҷумҳури феълӣ Эмомалӣ Раҳмонро ба майдони сиёсати калон овард.
Тоҷикистон 27 сол пеш соҳибистиқлол шуд ва панҷ таҷрибаи интихоботи президентӣ дорад. Дар нахустин интихоботи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар моҳи ноябри соли 1991 Раҳмон Набиев пирӯз шуд. Чаҳор интихоботи баъдӣ бо ғолибияти Эмомалӣ Раҳмон тамом шуд. Коршиносон мегӯянд, дар маъракаҳои қаблӣ барои интихоби президент дар Тоҷикистон аз ду сол пеш аҳзоби сиёсӣ омодагии худро эълон мекарданд. Дар охирин интихоботи президентӣ дар соли 2013 низ чунин талошҳо ба назар мерасид.
Ҳарчанд, Ойниҳол Бобоназарова, номзад аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ дар соли 2013 натавонист 210 ҳазор имзои заруриро ҷамъ кунад, ин талош то чанде баҳсҳои интихоботиро гарм нигаҳ дошта буд.
Идеологияи “Шоҳи одил”
Абдуғанӣ Маҳмадазимов, коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд, ҳоло вазъи кишвар аз шаш соли пеш фарқ мекунад. Ба он далел, ки он замон ҳанӯз қонун дар бораи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат”, ки ба Эмомалӣ Раҳмон, ҳаққи якумрии раҳбарӣ медиҳад, вуҷуд надошт. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ, бо қабули ин қонун ширкати ҳар нафари дигар дар интихобот чандон мантиқӣ ба назар намерасад.
“Аз берун агар ба фазои сиёсии Тоҷикистон нигоҳ кунем, сиёсати тарс ба назар мерасад, вале дар дохил консепсияи “шукрона” амал мекунад. Сокинон сулҳу суботро аз ҳар чизи дигар бартар медонанд. Зарар нарасондан ба сулҳу субот моро ба сиёсати эҳтиёткорона тела дод ва худсензураро боло бурд. Тоҷикистон ба самти консепсияе, ки онро ман консепсияи “Шоҳи одил” унвон мекунам, ҳаракат дорад. Эҳё кардани “Шоҳи одил” дар асри 21 ин “Пешвои миллат” аст. Идеологияи “Шоҳи одил” ва “Шукрона” моро ба дигар самт мебарад”, - шарҳ дод ӯ.
Маҳмадазимов мегӯяд, аз лиҳози сиёсӣ ва қонунгузорӣ дар Тоҷикистон шонси пирӯзии ҳеҷ номзади мустақил дар интихоботи соли 2020-ро намебинад. Ҳарчанд, ба гуфтаи ӯ, аз талошҳои Қувваталӣ Муродов бояд қадр кард, ки андешаи “номумкин будани ширкат дар интихоботи президентиро дар ҷомеа мешиканад”.
“Якрангии ҳаёти сиёсиро мешиканад”
Далер Шарипов, рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, садо баланд кардани Қувваталӣ Муродов як андоза ғайриинтизор буд, вале ба гумон аст, ки талоши ӯ “сиёсати тарс” дар Тоҷикистонро шиканад.
Ӯ гуфт, “вуҷуди чунин шахсон дар ҷомеа муҳим аст. Якрангии ҳаёти сиёсиро мешикананд. Аммо мардуми мо зоҳиран ба касе бовар намекунад. Мардум эълони ӯро иқдоми ҳамоҳангшуда бо ҳукумат медонанд. Баръакс, шояд бисёриҳо аз ҳамовозӣ бо ӯ худдорӣ кунанд. Лекин бисёр хуб мешуд, ки дар баробари номзадҳои "кисагӣ" мо номзадҳои воқеиро низ дар интихобот бубинем.”
“Худашро азоб надиҳад, беҳтар аст”
Зоҳиран дар доираҳои ҳукуматӣ низ Қувваталӣ Муродовро чандон ҷиддӣ намегиранд. Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон мегӯяд, ҳар як шаҳрванди солим, ки собиқаи ҷиноӣ надорад, метавонад дар интихобот иштирок кунад.
Ин масъули Маркази тадқиқоти стратегӣ Муродовро чеҳраи шинохтаи сиёсӣ намедонад ва мегӯяд, гумон аст, ки ӯ дар якуним соли оянда тавонад худро ба ҷомеа муаррифӣ кунад. "Бефоида будани андешаи ӯ аз пеш маълум аст, мағлубияташ маълум аст. Лекин агар ҳавас дорад, қонун ӯро маҳдуд намекунад. Бояд хешу табор ва наздиконаш ба ӯ фаҳмонанд, ки шансҳои воқеии ин мард ба сифр баробар аст. Беҳуда худашро азоб надиҳад, беҳтар аст", - афзуд Сайфулло Сафаров.
Дар ҳоле ки хонавода, доираҳои ҳукуматӣ ва ҳам коршиносон шонси Қувваталӣ Муродовро дар интихоботи оянда ночиз медонанд, худи ӯ ҷиддӣ ба таҳияи барномаи интихоботиаш машғул аст. Ӯ мегӯяд, ки озодии соҳибкорони зиндонӣ, эҷоди ҷойи кор ва баробар кардани нафақаву маош ба сабади истеъмолӣ як бахши барномаи интихоботияш хоҳад буд. Муродов ҳамчунин бо шеваи райъдиҳӣ дар интихоботҳои Тоҷикистон розӣ нест.
- “Мисли он ки дар Шӯравӣ як говҷӯш ба ҷои 15 кас овоз медод, ҳоло ҳам ҳамин хел аст. Овоздиҳӣ бояд электронӣ шавад ва раъйдиҳанда тариқи изи ангушт овоз диҳад. Одам вақте ангушташро гузошт, агар як бор овоз дода бошад, система дигар қабул накунад. Бигзор ҳар касе пирӯз мешавад, шавад, вале шаффоф гузарад. Агар халқ ба ҳамин нафақаву маошу зиндагие, ки барояшон сохтаанд, розӣ бошанд, бигзор овоз диҳанд”, - афзуд ӯ.
Ҳоло Қуваталӣ Муродов ба Комиссияи марказии интихобот пешниҳод кардааст, ки теъдоди имзоҳои ҷонибдорони номзадро, ки шарти сабти ном аст, аз 210 ҳазор ба 25 ҳазор коҳиш диҳад ва иштироки довталабон ва худи интихоботро воқеӣ кунад.